Фишори бесобиқаи ғарб ба Нетаняҳу

Иттиҳоди Аврупо дар эъмоли фишор ба Нетаняҳу барои пазириши роҳкори дудавлатӣ ба Амрико пайваста ва дар айни ҳол ба ҳамаи аъзояш таъкид кардааст, ки барои таҳмили паёмадҳои адами пазириши ин роҳкор бар Исроил омода бошанд.

Иттиҳоди Аврупо дар эъмоли фишор ба Нетаняҳу барои пазириши роҳкори дудавлатӣ ба Амрико пайваста ва дар айни ҳол ба ҳамаи аъзояш таъкид кардааст, ки барои таҳмили паёмадҳои адами пазириши ин роҳкор бар Исроил омода бошанд. Financial Times инро ҳамчун як фишори бесобиқа ба нахуствазири Исроил аз сӯи ғарб медонад.

Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои узв хостааст, то дар сурати идомаи мухолифати Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ба мухолифат бо ташкили давлати Фаластин «паёмадҳои тасмимаш»-ро бар Исроил таҳмил кунанд; зеро Брюссел ба думболи афзоиши фишор ба нахуствазир дар ҷиҳати пешбурди талошҳо барои сулҳи баландмуддат аст. Ба навиштаи Financial Times, «таҳдиди пешниҳодӣ» , ки қарор аст дар нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар рӯз душанбе мавриди баҳс қарор гирад, ба афзоиши норизоятӣ аз мавзеъгириҳои Исроил дар миёни бисёре аз муттаҳидони ғарбии он таъкид мекунад; зеро талафоти ғайринизомиён дар ҷанг алайҳи Ғазза афзоиш ёфта ва бесуботиро дар саросари Ховари Миёна доман задааст.

Дар санаде, ки пеш аз нишасти рӯзи душанбе дар ихтиёри пойтахтҳо қарор гирифт ва тавассути Financial Times мушоҳида шуд, Брюссел пешниҳод кард, ки кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бояд «паёмадҳоеро барои таомул ё адами мушорикат» бо тарҳи сулҳи пешниҳодии худ мушаххас кунанд. Ин тарҳ шомили ташкили давлат барои Фаластин ва ба расмият шинохтани ҳокимияти мутақобил – ба истилоҳ роҳи ҳалли дудавлатӣ аст. Ин охири ҳафта, Нетаняҳу ба исрори худ мабнӣ бар инки Исроил бояд «контроли амнияти кулли минтақаи ғарби Рӯди Урдун»-ро, ки шомили Ғаззаи муҳосирашуда ва Каронаи Бохтарии ишғолӣ аст, ҳифз кунад, дучандон кард. Ӯ ин мавзеъро пас аз тамос бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки пештар гуфта буд Нетаняҳу омодаи созиш аст, такрор кард.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи якшанбе гуфт, ки парҳез аз пазириши роҳи ҳалли дукишварӣ ва «нафйи ҳаққи давлат барои мардуми Фаластин» ғайриқобили қабул аст. Вай гуфт: «ҳаққи мардуми Фаластин барои сохтани кишвари худ бояд тавассути ҳама ба расмият шинохта шавад.» Мавзеи эълоншудаи дарозмуддати Иттиҳоди Аврупо роҳи ҳалли дудавлатӣ аст; хостае, ки раҳбарони ин иттиҳодия аз замони ҳамлаи 7-и октябр тавассути Ҳамос, ки мунҷар ба ҳамла ба Ғазза шуд, такрор кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, беш аз 25000 фаластинӣ дар ин ҷанг ҷон бохтаанд. Бар асоси омори Исроил, дастикам 1200нафра дар ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар 7-и октябр кушта шуданд. Дар ҳоле ки аҳруми фишори Иттиҳоди Аврупо бар Исроил ба таври қобили таваҷҷуҳе заифтар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст; аммо як тавофуқномаи ҳамкорӣ дорад, ки дар он бар музоидаи тиҷорӣ ва сармоягузории тарҷеҳӣ таъкид мешавад; вазъияте, ки Иттиҳоди Аврупоро ба бузургтарин шарики тиҷории Исроил табдил кардааст.

Яке аз мақомоти аршади Иттиҳоди Аврупо гуфт: «мо тарҳҳоеро ба кишварҳои узв пешниҳод мекунем ва бахше аз ин идаҳо дар ин хулоса мешавад, ки чигуна аз шароити ҳоли ҳозири худамон дар оянда истифода кунем, то бубинем чигуна метавонем ба натиҷа бирасем, ки ин натиҷа ҳамон роҳи ҳалли дудавлатӣ аст.» Ин мансабдор бо ишора ба музоидае, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли ҳозир таҳти тавофуқномаи ҳамкорӣ ба Исроил ироа медиҳад, афзуд: «мушаввиқҳое барои Исроил вуҷуд дорад.» як мансабдори Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки ин пешниҳод хашми қобили таваҷҷуҳеро дар миёни 27 узви иттиҳодия аз парҳези Исроил аз таомул бо тарҳи дудавлатӣ мунъакис мекунад; аммо ҳушдор дод, ки баҳсҳои рӯзи душанбе муқаддимаи иқдомоти мо буд. Ин мансабдор гуфт: таҳмил ба Нетаняҳу сахт аст. Аммо Ӯ мумкин аст барои ҳамеша дар раъси кор набошад.

Хостаҳои Иттиҳоди Аврупо, ки дар ин санад баён шудааст шомили «як кишвари мустақилли фаластинӣ аст, ки дар канори Исроил, дар сулҳ ва амният, бо оддисозии комил ва тавсеаи асосии амният ва ҳамкории иқтисодӣ зиндагӣ мекунад.» Дар идомаи ин баёния омадааст: «як унсури асосии тарҳи сулҳ бояд тавсеаи тазминҳои амниятии қавӣ барои Исроил ва кишвари мустақилли ояндаи Фаластин бошад, ба шарти онки ба шиносоии комили дипломатики мутақобил ва якпорчагии Исроил ва Фаластин дар минтақа анҷомад». Бар асоси барномаи расмӣ, Исроил Котз, вазири умури хориҷаи Исроил рӯзи душанбе ба нишасти вазирони хориҷа пайваст. Риёз Моликӣ, ҳамтои фаластинии вай ба таври ҷудогона дар ин нишаст ширкат кард. Намояндагони Миср, Урдун ва Арабистони Саудӣ ва Аҳмад Абулғит, дабири кулли Иттиҳоди кишварҳои арабӣ ҳам дар ин нишаст ширкат карданд.

Ба гуфтаи шаш мансабдори амрикоӣ ва аврупоӣ, мақомоти амрикоӣ, бритониёӣ ва аврупоӣ бар Исроил фишор меоваранд, то кумакҳои Ғазза аз тариқи бандар Ашдуди Исроил ворид шавад; чароки буҳрони инсонӣ дар Ғазза аз ҳад гузашта ва қаҳтӣ ин навори борикро дар бар гирифтааст. Исроил Ғаззаро дар муҳосира қарор дода ва бештари масирҳои марбут ба кумакҳои башардӯстонаро масдуд кардааст. Аз он замон, ин режим иҷозаи вуруди миқдорҳои маҳдуди кумакро додааст, ки аз тариқ ду нуқтаи марзӣ, яке дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом гирифтааст. Ба гуфтаи яке аз мақомоти Амрико, ки нахост расонаҳо номашро фош кунанд, Антони Блинкин, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба тозагӣ ҳангоме, ки дар Телавив буд, мақомоти исроилиро барои вуруди кумак ба Ғазза аз тариқи бандар Ашдуд таҳти фишор қарор додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад