Вазири дороии режими саҳюнистӣ: Қатар ҳимоятгари терроризм аст!

Вазири молияи режими саҳюнистӣ имрӯз панҷшанбе ба шиддат ба Қатар ҳамла кард.

Бутселъил Смотрич, вазир молияи режими саҳюнистӣ имрӯз панҷшанбе ба шиддат ба Қатар ҳамла кард ва иддао кард, ки Қатар ҳомии терроризм ва таъминкунандаи молии террористҳо аст.

Смотрич дар иддаояш гуфт: Қатар дар куштори Ҳамос алайҳи ғайринизомиёни исроилӣ масъулияти зиёде дорад.

Вай дар идома гуфт: равобити ғарб бо Қатар бар пояи манофеи иқтисодӣ ва ҳамроҳ бо нифоқ аст.

Вазири молияи режими саҳюнистӣ афзуд: як мавзуи комилан мушаххас аст ва он адами ифои нақши Қатар дар Ғазза пас аз ҷанг аст.

Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои режими саҳюнистӣ эълон карданд, ки қатариҳо аланан Нетаняҳуро ба монеътарошӣ ва коршиканӣ дар масири талошҳои миёнҷигаронаи ин кишвар барои мубодилаи асирон муттаҳам карданд.

Қатариҳо таъкид карданд, ки Нетаняҳу ба ҷои авлавият додан ба наҷоти ҷони асирони исроилӣ, бархе масоили сиёсии камаҳамиятро авлавияти худ қарор додааст.

Дар ҳамин бора, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Қатар таъкид кард: изҳороти мунтасаб ба Нетаняҳу дар мавриди миёнҷигарии Қатарро шадидан маҳкум мекунем. Изҳороти Нетаняҳу дар бораи миёнҷигарии Қатар агар дуруст бошад, танҳо мунҷар ба монеътарошӣ дар масири миёнҷигарии ин кишвар ва тазъифи он хоҳад шуд ва ба назар мерасад Ӯ ояндаи сиёсии худро нисбат ба наҷоти ҷони афроди бегуноҳ аз ҷумла асирони исроилӣ дар авлавият қарор додааст. Умедворем Нетаняҳу ба ҷои машғул шудан ба равобити стратегии мо бо Вашингтон, барои бардоштани монеаҳои мавҷуд бар сари роҳи тавофуқи мубодилаи асирон талош кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад