Соли 2024 нархи патент дар тамоми минтақаҳои Русия гаронтар шуд

Аз моҳи январи соли 2024 нархи патент дар тамоми минтақаҳои Русия боло рафтааст.

Аз моҳи январи соли 2024 нархи патент дар тамоми минтақаҳои Русия боло рафтааст.

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар баъзе минтақаҳои Русия патент ба таври назаррас гарон шуд.

Ба навиштаи ин ниҳод, аз ҷумла дар Волгоград, Челябинск, Твер ва Краснодар патент назар ба соли гузашта аз 2 то 3 ҳазор рубл гарон шудааст. Дар баъзе минтақаҳои дигари Русия ба монанди Санкт-Петербург нархи патент назар ба соли гузашта ҳамагӣ 200 рубл боло рафтааст.

Ба навиштаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон, имсол гаронтарин патент дар минтақаи Якутия қариб 13 ҳазор рубл дар моҳ аст. Арзонтарин патент дар Чеченистон 2880 рубл будааст.

Соли 2024 нархи патент дар шаҳрҳои калони Русия чунин муқаррар шудааст:

  • Маскав 7500 рубл
  • Санк-Петербург 4600 рубл
  • Новосибирск 6386 рубл
  • Волгоград 6912 рубл
  • Калининград 6509 рубл
  • Краснодар 10080 рубл
  • Красноярск 8153 рубл
  • Новгород 4637 рубл
  • Омс 5602 рубл
  • Оренбург 5962 рубл
  • Самара 6048 рубл
  • Саратов 7002 рубл
  • Томск 5760 рубл
  • Челябинск 8220 рубл

Муҳоҷирони тоҷик борҳо аз шикоят кардаанд, ки Русия пайваста патентро қимат мекунанд ва ин кор ба ҷайби онҳо зарба мезанад. Солона аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион кас барои кор ба Русия мераванд ва маблағи фиристодаи онҳо ба гуфтаи созмонҳои молии ҷаҳонӣ дар иқтисоди кишвар нақши назаррас дорад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Соли 2022 муҳоҷирони корие, ки дар шаҳри Маскав бо патент кор мекунанд, ба буҷаи пойтахти Русия қариб 32 миллиард рубл (ҳудуди ним миллиард доллар) андоз аз даромад супурдаанд.

Дар ин бора рӯзи 27 январи соли 2023 Мария Багреева, вазири ҳукумати Маскав ва разбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахти Русия хабар дод. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад