Хостори таомул ва равобити мусбат бо кишварҳо ҳастем

Вазири хориҷаи Толибон эълом кард, сиёсати ҳукумати кунунии Афғонистон таомулу равобити мусбат бо тамомии кишварҳои ҷаҳон аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон изҳор дошт, нияти хубе нисбат ба ҳамсоягони Афғонистон дорем ва аз кишварҳои дигар низ хостори ҳамин интизор ҳастем.

Вай афзуд, ҳукумати Афғонистон бо ҳамаи ҳамсоягон ва кишварҳои ҷаҳони хостори таомулу равобити мусбат мебошад.

Вазири хориҷаи Толибон гуфт: “Бо рӯи кор омадани дубораи Аморати Исломии Толибон, амнияти беҳтар дар Афғонистон таъмин шуда ва як ҳукумати воҳид ба вуҷуд омадааст.”

Муттақӣ таъкид кард, мехоҳем Афғонистонро ба маркази иқтисод, транзит ва иттисол дар минтақа табдил диҳем.

Нахуствазири Аморати исломӣ низ чанде қабл эълом карда буд, ки равобити бисёр хубе бо ҳамсоягони худ дорем ва барои беҳтар шудани он талош мешавад.

Ҳамчунин Абдусалом Охундзодаҷавод, сухангӯи Вазорати санъату тиҷорати Толибон низ пеш аз ин гуфта буд, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо беш аз 70 кишвари ҷаҳон равобити тиҷорӣ дорад ва талошҳо барои густариши бештари он ҷараён дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад