Ҳудуди 4% аз сокинони Ғазза шаҳиду маҷрӯҳу бедарак шуданд

Раиси Дафтари Ҳамос дар Бейрут изҳор дошт, ки пас аз гузашти 93-рӯз аз ҷанги Ғазза ҳудуди 4% аз сокинони Ғазза шаҳиду маҷрӯҳу бедарак шуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Усома Ҳамдон, раиси Дафтари Ҳамос дар Бейрут гуфт, наздик ба 4 дарсад аз сокинони Ғазза шаҳиду маҷрӯҳу бедарак шуданд.

Ҳамдон афзуд, беш аз 1.9 миллион фаластинӣ дар Навори Ғазза овора ва бесарпаноҳ шуданд.

Тибқи ин гузориш, 109 хабарнигор ҳам тайи 93-рӯзи ҷанг дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

Артиши режими саҳюнистӣ, рӯзи гузашта ду хабарнигори дигари фаластинӣ ба номҳои Мустафо Сураё ва Ҳамза Воилро ҳадаф қарор дода, онҳоро ба шаҳодат расонд.

Мустафо Сураё
Мустафо Сураё, хабарнигори озод
Ғазза
Ҳамза Воил ба ҳамроҳи падараш
Ғазза шаҳиду маҷрӯҳу бедарак
видои падари Ҳамза Воил бо писараш

Ҷабҳаи муқовимати Ҳамос дар Ғазза бо нашри баёнияе шаҳодати ин ду хабарнигорро таслият ва ин “ҷинояти дониста”-и Исроилро иқдоме барои тарсондани хабарнигороне, ки дар ҳоли нашри ахбори ҷанги Ғазза ҳастанд донист ва онро маҳкум кард. Ҳамос аз ҳамаи иттиҳодияҳои рузноманигорӣ ва расонаӣ ва ҳуқуқӣ хост то бо маҳкум кардани ин ҷиноят, бар режими ишғолгар барои таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза, фишор оваранд.

Ҳамчунин 30 бемористон дар Навори Ғазза ба далели таҷовузҳои Исроил аз дастрас хориҷ шудаанд.

Раиси Дафтари Ҳамос дар Бейрут афзуд, теъдоди касоне, ки бедарак шуданд ва зери харобаҳо мондаанд аз 7 ҳазор гузаштааст.

Вай гуфт, теъдоди шаҳидони Ғазза аз 7 октябр ба 22 ҳазору 920 нафар ва теъдоди шаҳидони Каронаи Бохтарӣ ба 321 нафар расид.

Ҳамдон эълом кард, ки танҳо бахши кучаке аз ғарби Ғазза дар дасти душман аст.

Ӯ таъкид кард, ки неруҳои муқовимат ҳамчунон дар мавозеи худ дар шимоли Ғазза ҳастанд ва ишғолгарон бидуни дастёбӣ ба аҳдофи худ онҷоро тарк карданд ва ҳатто як асирро берун наоварданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад