Дидори Рустам бо Раисӣ дар Теҳрон

Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Теҳрон бо раисҷумуҳри Ҷумуҳрии Исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ дар идомаи сафари худ ба Теҳрон бо Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Раисҷумуҳри Эрон дар дидор бо Рустами Эмомалӣ раванди густариши равобити Теҳрон-Душанбе дар 2 соли ахирро матлуб тавсиф кард ва бо баёни инки тавсеаи ҳамкориҳои порлумонӣ муҳим ва пуштвонаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад, бар тақвияту иртиқои равобити фарҳангии ду кишвар низ таъкид кард.

Раисӣ ҳамчунин мубориза бо “тероризм, ҷароим созмонёфта ва маводди мухаддир”-ро аз илзомоти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон унвон кард ва бо ишора ба масоили муштараки ду кишвар ба унвони ҳамсоягони Афғонистон, бар зарурати муқобилаи фаъоли ҳамаи кишварҳои минтақа бо ҷараёнҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ таъкид карду изҳор дошт: “Ин гуруҳи такфирӣ дастпарвардаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамонанди саҳюнистҳо дар ғазза, ба дунболи куштори занону кӯдакони бегуноҳ аст.”

Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ низ дар ин дидор бо ишора ба афзоиши мудовими ҳаҷми тиҷорати Эрону Тоҷикистон дар 2 соли ахир, ноамнӣ дар минтақаро нигаронии муштараки ду кишвар ва омили мухотираомез барои ҳамкориҳои тиҷорӣ баён кард.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бо эълони ҳимояти Душанбе аз ташкили давлати мустақили фаластинӣ, ҷинояти саҳюнистҳо дар шаҳодат расондани беш аз 22 ҳазор ғайринизомии фаластинӣ дар Ғаззаро маҳкум кард.

Раисӣ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад