Дуздӣ ва ғорати молу мулки мардуми Ғазза тавассути артиши Исроил

Мақомоти Фаластин аз ҷинояти ҷадиди артиши саҳюнистӣ ва таҷовузи онҳо ба амволи арзишманди мардуми Ғазза ба маблағи миллионҳо доллар хабар доданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Дафтари расонаии давлати Ҳамос рӯзи гузашта бо нашри баёнияе эълом кард, “Сарбозони артиши ишғолгари саҳюнистӣ аз мардуми Ғазза пул, тилло ва ашёи қадимаро медузданд”.

Ҳамос мегӯяд, даҳҳо шаҳодатнома ва шикоят аз мардум дар бораи дуздии пул, тилло ва осори бостонӣ ба маблағи 92 миллион шекел (25 миллион доллар) тавассути артиши Исроил дар 92 рӯзи гузашта дарёфт кардааст.

Рӯзномаи саҳюнистии “Yediot Aharonot” дар гузорише ин дуздиро ҳуҷҷатгузорӣ карда ва онро “дуздӣ ва ғорати системавӣ ва ғорати амволи Ғазза” номидааст.

Ғазза

Мақомоти фаластинӣ алакай аз ҷиноятҳои ҷадиди артиши Исроил ва кандани қабри 1100 нафар дар қабристоне дар шимоли Ғазза хабар дода буданд, ин амр гумони дуздии аъзои бадани шаҳидони Ғаззаро тақвият додааст.

Дафтари расонаии Ҳамос дар баёнияи худ ба шеваҳои дуздии саҳюнистӣ пардохта ва навиштааст, ки “амалиёти дуздӣ” ба шеваҳои мухталиф анҷом шудааст. Шеваи аввал дар гузаргоҳҳо ба монанди шоҳроҳи Салоҳиддин буд; Дар он ҷое, ки сарбозони саҳюнистӣ халтаҳои дорои амволи гаронбаҳои мардуми овораро, ки маҷбуран ба ҷануб муҳоҷират кардаанд, дар посгоҳҳо мусодира кардаанд.

Ғазза

Ғазза

Шеваи дуюм дуздидани молу мулки хонаҳое мебошад, ки дар зери бомбаборон ва таҳдиди артиши ишғолгари Исроил тахлия шудаанд. Аз ҷумла Бейт Лаҳия, ки сарбозони исроилӣ ба хонаҳо даромада, ҳатто дар он ҷо аксҳои хотиравӣ гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад