Ҳушдори муҳими Насруллоҳ хитоб ба душман дар бораи оғози ҷанг

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфтм, ки мо то ҳоло тибқи муҳосибот дар ин ҷанг ҷангидаем, а амо агар душман ҷанг бо Лубнонро оғоз кунад, он вақт мо ба тамоми ҳадду марзҳо чашм мепӯшем ва душманро аз кардааш пушаймон мекунем.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар солрӯзи шаҳодати фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи ҶИЭ ва ноибраиси Созмони Ҳашад-уш-шаъбии Ироқ, зимни таслияти шаҳодати ин ду шаҳид, гуфт, ки ба рағми гузашти 3 моҳ аз ҷанги Ғазза, ҳеҷ як аз мақомоти режими Исроил иддаои пирӯзӣ накардаанд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори шаҳид ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи ҶИЭ ва шаҳид Абӯмаҳдӣ Ал-Муҳандис ноибраис Созмони Ҳашад-уш-шаъбии Ироқ суханронӣ кард.

 Таслияти Сайидҳасан Насруллоҳ ба мардуми Эрон

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ суханронии худро бо таслият ва табрики шаҳодати ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва шаҳид Абӯмаҳдӣ Ал-Муҳандис ва ҳамроҳони онҳо оғоз кард.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идома ба хонаводаҳои касоне, ки дар наздики оромгоҳ шаҳид Сулаймонӣ дар Кирмон ба шаҳодат расиданд, таслият гуфт ва баён кард, ки онҳо дар ҳамон роҳе ба шаҳодат расиданд, ки сардор Сулаймонӣ онро тай кард.

Дабири кулли муқовимати исломии Лубнон ҳамчунин зимни табрики валодати Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), шаҳодати Сайид Разии Мусавӣ дар ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ дар Димишқро таслият ва табрик гуфт.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар бораи шаҳид Сайид Разии Мусавӣ гуфт, ки Ӯро аз беш аз 30 соли пеш мешинохта ва Ӯ ёвар, ҳимоятгар ва хидматгузори муқовимат будааст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома ба шаҳодати Солеҳ Ал-Орурӣ, ноибраиси дафтари сиёсии Ҳамоси Фаластин ва ҳамроҳони Ӯ дар солгарди шаҳодати ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва шаҳид Абӯмаҳдӣ Ал-Муҳандис ишора кард ва онро таслият ва табрик гуфт.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар бораи шаҳид Ал-Орурӣ баён кард: «Шайх Солеҳ ин фармондеҳи ҷиҳодии бузург, ки ҷавонӣ ва умрашро дар роҳи ҷиҳод, муқовимат, кор, ҷанг, асорат ва муҳоҷират гузошт, Худованд оқибатшро ин гуна нек ба поён расонд. Шаҳодати тамоми афрод аз Ғазза то Карона Бохтариро, ки дар ҷанг ба шаҳодат расиданд ва ҳамчунин шаҳодати шаҳидони Ироқро, ки дар муқобила бо мутаҷовизони амрикоӣ шаҳид шуданд, табрик ва таслият мегӯям. Ман ҳамчунин шаҳодати шаҳидони Сурия ва Яман ва шаҳодати онон, ки дар дарё ба шаҳодат расиданд, табрик ва таслият арз мекунам. Ва шумо чӣ медонед афроде, ки дар дарё ба шаҳодат расиданд ва шаҳидони муқовимати исломии Лубнон чӣ ҷойгоҳе бошукӯҳе дар назди Худованд доранд».

Дабири кулли муқовимат исломии Лубнон илова кард: «ман ба хонаводаҳои шаҳидон, ки имон, субот ва пойдорияшонро нишон доданд, дуруд мефиристам. Сӯҳбатҳои модари шаҳид ҳоҷӣ солеҳ ва хоҳаронашро, ки бо мантиқи субот ва қудрат, сухан мегуфтанд, шунидам. Тамоми хонаводаҳои шариф ингуна ҳастанд».

 Иқдомоти феълӣ дар навор Ғазза самараи талоши ҳоҷӣ Қосим аст

Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: «шаҳидони имрӯз дар Кирмон, моро ёди он суханони Имом Хоманаӣ меандозад, ки фармуд, зоҳиран шаҳид Сулаймонӣ беш аз Сулаймонии зинда, саҳюнистҳоро метарсонад. Мо акнун Ӯро дар тамоми майдонҳо дар чеҳраи размандгонамон дар ашкҳои кӯдакон ва сабри занон мебинем. Қосими Сулаймонӣ имрӯз дар ин майдон бо қудрат ҳузур дорад. Роҳи ҳоҷӣ Қосим ҳимоят аз ҷунбишҳои муқовимат ва таҷҳизи онҳо бо силоҳ ва таҷрибаҳо буд. Яке аз нишонаҳои бузурги ихлос дар иқдомоти ҳоҷӣ Қосим талоши Ӯ барои худкифо шудан ва истиқлолияти ҷунбишҳои муқовимат буд».

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: «ин иқдомоти далерона, ибтикорҳо ва дастовардҳои майдонӣ дар Навори Ғазза натиҷаи ду даҳа талоши мустамари бародарон дар гурӯҳҳои муқовимати Фаластин буд, ки ҳоҷӣ Қосим ва бародарони Сипоҳ дар канори онҳо буданд».

Сайидҳасан Насруллоҳ дар бахши дигаре аз суханонаш ишора кард: «дар чунин рӯзе нерӯҳои ишғолгари Амрико аз Ироқ дар соли 2011 хориҷ шуданд. Чизе, ки онҳоро водор ба хуруҷ кард, муқовимат аз соли 2003 то 2011 буд. Ин муқовимат қудратманд ва муқтадир дар Ироқ ва ҳомиёни онҳо шинохта шуда ҳастанд. Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ба рағми таҳдидҳо, онҳоро танҳо нагузошт ва лаҳзае дар ҳимоят аз муқовимати Ироқ, ки ин пирӯзии бузургро ба армуғон оварданд, тардид накард».

 Ҳоҷӣ Қосим заминасози ҳамкории мустақими гурӯҳҳои муқовимат буд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ изҳор дошт: «ҷабҳаи муқовимат дар солҳои ахир эҷод шуд ва дар солҳои дур вуҷуд надошт. Ҳоҷӣ Қосим муҳимтарин фарде буд, ки заминаи ҳамоҳангӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои меҳвари муқовиматро фароҳам кард. Ҳоҷӣ Қосим бисёр пойфишорӣ дошт, ки ҷунбишҳои муқовимат равобити мустақиме бо якдигар дошта бошанд. Меҳвари муқовимат монанди дигар гурӯҳҳо нест, ки фарде раиси он бошад ва онро мудирият кунад ва дастур бидиҳад, балки меҳваре аст, ки як роҳбурд ва андешаи роҳбурдии равшан, аъзои онҳоро гирди ҳам меоварад».

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: «ҳар ҷунбиши муқовимат мутобиқи тасмимҳои худ иқдом мекунад ва бо ирода хеш ҷабҳае дар муқобили душман эҷод мекунад ё тасмим мегирад ҷабҳаеро мутаваққиф кунад. Дар меҳвари муқовимат зердаст вуҷуд надорад, ҳама сарварони шариф ҳастанд, ки барои умматашон пирӯзӣ ба армуғон меоваранд. Чунин намунае дар таърихи башарият бисёр хоссу вижа аст. Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ба ин кор, улгу, мактаб ва фарҳанг вафодор буд ва хостаҳои нафсонӣ нҳтанҳо дар Ӯ нуфузе надошт, балки тамоми фикр ва зикри Ӯ Ислом, афроди мазлум ва мустазъафон буданд ва аз ин рӯ роҳи ин ҷубншҳо, ҳамон роҳи пирӯзӣ аст».

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома баён кард: «пойдории афсонаии Яман ва Сурия, тамоми инҳо аз баракоти ин меҳвар аст. Муҳимтарин таҷаллии меҳвари муқовимат ва дар айни ҳол, хатарноктарин чолиш давоми чанд моҳи гузашта масъалаи тӯфон Ақсо буд. Ҷунбишҳои муқовимат дар ҳамла ба режими саҳюнистӣ ва пойгоҳҳои Амрико гомҳои муҳиме бардоштанд; Аммо гоми вижа чолиш дар Дарёи Сурх буд. Ин гом як гоми шуҷоъона, бузург ва бисёр таъсиргузор буд».

 Тӯфони Ақсо, ормони Фаластинро эҳё кард

Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: «вақте мизони натоиҷ ва дастовардҳоеро, ки токунун анҷом наёфтааст мебинем ва ба он дастовардҳоеро, ки имкони анҷоми он дорад, меофзоием, он вақт мизони ҷонфишониҳо дар тамоми майдонҳоро дарк хоҳем кард. Аз ҷумла натоиҷи амалиёти Тӯфони Ақсо, эҳёи ормони Фаластин буд, ки дар ҳоли фаромӯшӣ буд. Ин амалиёт коре кард, ки дубора ҷаҳон ба думболи роҳкор барои масъалаи Фаластин бошад. Тӯфон Ақсо собит кард, ки мардуми Фаластин, муқаддасот ва таърихи онҳо фаромӯш наметавонанд фаромӯш шаванд».

Дабири кулли муқовимати исломии Лубнон илова кард: «аз дигар натоиҷи амалиёти Тӯфони Ақсо ва паёмадҳои он, афзоиши мизони ҳимояти мардумӣ аз меҳвари муқовимат дар миёни мардуми Фаластин ва дар уммати исломӣ буд. Яке дигар аз натоиҷи ин амалиёт дар ҳам шикастани веҷҳаи Исроил дар ҷаҳон буд, ки тайи солҳо, расонаҳои ғарбӣ ва бархе аз расонаҳои арабӣ онро сохта буданд. Назарсанҷиҳо дар Амрико мегӯянд, ки беш аз 50 дарсади ҷавонони амрикоӣ барчида шудани Исроил ва бозгардонии хоки Фаластин ба мардуми Фаластин таъкид доранд».

Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин афзуд: «Тӯфони Ақсо ва паёмадҳои он зарбаи камаршикане ба оддисозии равобит бо Исроил ворид кард. Ҷаҳон донист, ки Исроил ба ҳеҷ қатъномаи байналмилалӣ эҳтиром намегузорад. Муқовимати Лубнон замоне, ки ҳамлаҳои худро оғоз кард, натанҳо натавонистанд онро боз доранд, балки имрӯз бо ҷасорат ва омодагии бештаре иқдом мекунад».

Се моҳ аз ҷанги Ғазза гузашта ва исроилиҳо ҳатто иддаои пирӯзӣ намекунанд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: «се моҳ аз ҷанги Ғазза гузашта ва касе дар режими саҳюнистӣ иддаои пирӯзӣ намекунад. Тӯфони Ақсо ва ончи дар тамоми ҷабҳаҳои ҷангӣ дар ҳоли рӯй додан аст, боис шуда, ки эътимоди шаҳракнишинон ба артиш, дастгоҳҳои амниятӣ ва сарони сиёсӣ аз байн биравад. Исроил як режими ҷаълӣ аст ва иртиботи мардуми он ба он ба хотири амният аст. Замоне, ки саҳюнистҳо амниятро аз даст бидиҳанд, ҳама чиз тамом мешавад ва чамадонҳояшонро мебардоранд ва мераванд ва ин саҳнаи баъдии Фаластин аст».

Муҳоҷирати маъкус дар заминҳои ишғолӣ оғоз шудааст

Сайидҳасан Насруллоҳ изҳор дошт: «Тӯфони Ақсо ва тамоми рӯйдодҳои ҷангии кунунӣ мафҳуми паноҳгоҳи амн барои саҳюнистҳоро, ки бар асоси он миллионҳо яҳудӣ ба Исроил омада буданд, аз байн бурд. Акнун муҳоҷирати маъкус оғоз шудааст. Он тасвир қудратмандонае, ки аз Исроил сохта шуда буд, дарҳам шикаст. Фаластин аз баҳр то наҳр танҳо мутааллиқ ба мардуми Фаластин аст. Акнун режими душман бо ҳазорон овора, муҳоҷирати маъкус, вазъияти бади равонии саҳюнистҳо ва иқтисоди нобасомон мувоҷеҳ аст. Аз ҷумлаи дигар натоиҷи ин ҷанг шикаст дар таҳаққуқи аҳдоф буд ба унвони мисол замоне, ки Амрико ба исроилиҳо мегӯяд аз шаҳрҳо хориҷ шавед, чун нигарони онҳост. Ин дар ҳолест, ки муқовимат мумкин аст тамоюл дошта бошад саҳюнистҳо бимонанд, то ҳисобашонро бирасад».

 Ин Амрикост, ки дар Ғазза мардумро мекушад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: «Тӯфони Ақсо тасвири Амрикоро дарҳам шикаст; тасвире, ки барои он таблиғ мешуд. Ин ҳақиқат равшан шуд, ки Амрико имрӯз дар Ғазза мекушад ва иҷозаи таваққуфи ҷангро намедиҳад. Ончи дар Ғазза рӯй дод, собит кард низоми байналмилал ва ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи байналмилал наметавонанд аз мардум муҳофизат кунанд, ки албатта ин ибрате аст барои ҳамаи мо. Ин таҷриба ба мо мегӯяд, ки агар заиф бошӣ, ҷаҳон туро ба расмият намешиносад ва аз ту дифоъ намекунад ва бароият гиря ҳам намекунад. Ончи аз шумо дифоъ мекунад, қудрат, шуҷоат, мушти маҳками шумо, таслиҳот, мушакҳо ва ҳузуратон дар майдон аст, пас, агар қавӣ бошед ин ҷаҳон маҷбур хоҳад шуд, ки ба шумо эҳтиром бигузорад».

 Душман фикри ҳамла ба Лубнон кунад, дигар ҳадду марзе барои ҷанг нахоҳем дошт

Сайидҳасан Насруллоҳ дар айни ҳол баён кард: «ба рағми мазлумиятҳои фаровони мардуми Ғазза, аммо саҳнаи қудрати онҳо низ намоён аст. Тӯфони Ақсо Исроилро дар сарошебии уфул қарор дод. Инки Исроил бо тамоми таҷҳизот ва таслиҳот ба майдон омад, ин аз баракоти ҳузури сареъи муқовимати Лубнон дар ин ҷанг буд. Исроили фикр мекард, ки рӯйдодҳои Ғазза, мумкин аст лубнониҳоро битарсонад. Онҳо ба шакли ҷиддӣ ба нобудии Ҳизбуллоҳ дар ин ҷанг меандешиданд. Муҳимтарин паёми муқовимати Лубнон дар ҳаштум ва нӯҳуми октябр буд, ки нишон дод муқовимат шуҷоъ ва қавӣ аст. Мо токунун тибқи муҳосибот дар ин ҷанг ҷангидаем. Аммо агар душман фикр кунад, ки метавонад бо Лубнон вориди ҷанг шавад, он вақт ҷанги мо дигар ҳадду марз ва сақф намешиносад».

Террори Ал-Орурӣ бепосух намемонад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: «касе, ки ба ҷанги бо мо фикр кунад, пушаймон хоҳад шуд ва ин барои онҳо гарон тамом хоҳад шуд. Агар токунун манофеи Лубнонро дар назар гирифтаем, аммо агар ҷанге алайҳ кишварамон ба роҳ биафтад, он вақт манофеи Лубнон талаб мекунад бидуни дар назар гирифтани ҳеҷ қоидае худамон ҷангро ба поён барем. Террори шайх Солеҳ Ал-Орурӣ ҷинояти хатарнок аст, ки бидуни посух ва муҷозот нахоҳад буд. Ин гузари рӯзҳо ва шабҳо ва майдони ҷанг аст, ки инро собит хоҳад кард».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад