Набарди “Тӯфони Ал-Ақсо” оғози озодсозии Фаластин аз ишғоли Исроил

7 октябр неруҳои мусаллаҳи гурӯҳи муқовимати Ҳамос, ҳамлаеро оғоз кард, ки Исроилро ғофилгир кард. Муборизони Ҳамос аз пойгоҳҳо ва таҷҳизоти низомии Исроил убур карданд, ки мунҷар ба кушташудани 1400 исроилӣ шуд. Исроил дар посух, ҷанги дигареро алайҳи Ғазза оғоз кард ва бо муҳосираи комили ин минтақа, бераҳмона ба бомбаборони ғайринизомиён ва зерсохтҳо пардохт, ки то кунун беш аз 9 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодат расиданд, ки дар миёни онҳо се ҳазору 670 кӯдак ва ду ҳазору 326 зан ҳастанд.

Як моҳ пеш буд, ки муборизони Ҳамос бо анҷоми амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” зарбаи таърихӣ ва бесобиқа дар таърихи ҷанги чандин даҳа дар сарзаминҳои ишғолӣ ба неруҳои режими саҳюнистӣ ворид карданд; Зарбае, ки шикасти тамомаёр дар арсаи низомӣ ва иттилоотӣ барои режими ишғоли Исроил ба думбол дошт. Дар пайи ин рухдод буд, ки режими ҷинояткори саҳюнистӣ ҷанги хунини худро аз тариқи ҳавоӣ, дарёӣ ва заминӣ дар навори Ғазза оғоз кард, ки токунун ҳазорон шаҳид ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ҳам шеваи ҷанги Фаластин ва Исроилро тағйир дода ва ҳам таҳаррукоти Ховари Миёнаро низ дастхуши тағйир ва таҳаввул намуд. Ин ҳамла роҳбурди Амрико барои танишзудоӣ ва оддисозии равобити Арабҳо ва Исроилро ба маслахи нобудӣ бурд ва давлатҳои арабӣ ва созишкорони бо Исроилро дар мавқеияти сахте қарор дод.

Артиши Исроил ба унвони як артиши шикаст нопазир шинохта шуда буд, ки дар ҳар ҷанге ворид мешуд сареътарин замони мумкин ба нафъи Исроил тамом мешуд. Дар ҷанги шаш рӯза ҳамла ба Миср, Урдун, Сурия, ва Лубнон анҷом дод ва хеле аз сарзаминҳоро ишғол кард.

Дар соли 1973 вақте ба Миср ҳамла кард ва аз саҳрои Сино гузашт ва дар се рӯз неруҳои захираро ҷамъ кард ва зарфи се рӯз ҳам муваффақ шуд то садд километрии Қоҳира пеш биравад ва қарордоди муторикаи ҷанг дар онҷо баста шуд. Ин нишон медод, ки артиши Исроил тавони ин корро дошт.

Аммо баъд аз ҳимоятҳои мустамар ва пай дар пайи “Ҷумҳурии Исломии Эрон”, ба Фаластин ва Лубнон, муодилоти қудрат дар иртибот бо неруи Исроил тағйир кард. Ҳизбуллоҳ муваффақ шуд зарботи мутааддиде ба режими саҳюнистӣ бизанд то соли 2006, ки ҷанги 33 рӯза роҳ афтод Исроил расман беш аз 60 бор эълом кард, ки дар ин ҷанг ноком монда яъне шикаст хӯрдааст.

Аммо замоне, ки ба ҷанги 22 рӯза дар соли 2008 ва 2009 ва 2012 ҷанги 8 рӯза 2014 ҷанги 51 рӯза ва ин чанд соли ахир ҷангҳои мисли Сайфулқудс ва ҷангҳои дигар нигоҳ мекунем мебинем Исроил дигар он тавони яксара кунандагии худашро аз даст додааст ва баракс ҷараёнҳои мухталифи озодихоҳ муодилаи қудратро ба нафъи худашон тағйир доданд.

Чаро, ки як гурӯҳи ҳазорнафараи муқовамати Ҳамос бо як ҷанги таркибие, ки ҳосили ҳушмандии фармондаҳон ва тарроҳони муқовимат буд ба беш аз 22 шаҳр ва шаҳраки саҳюнистӣ вуруд карда ба подугонҳояшон ҳамла карда ва хеле аз ин шаҳрҳо ва шаҳракҳоро ишғол карданд ва худи Исроил эълом карда, ки 500 исроилӣ кушта ва беш аз 2000 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва беш аз 150 нафар ба асорат рафтанд ва аз сарнавишти ҳудуди 750 нафар ҳам ҳеҷ хабаре надоранд.

Бинобар ин, амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” нишон дод, ки ҷараёни муқовамат тайи солҳои ахир пешравии қобили таваҷҷуҳе доштааст ва дар пайи ин таҳаввулот ҳатман муодилоти ояндаи минтақа тағйир хоҳад кард ва табиатан режими саҳюнистӣ ночор аст дар иқдомот ва рафторҳои худ тағйиротеро эҷод кунад.

Расонаҳои саҳюнистӣ низ ба пирӯзии муқовимати Ҳамос ва мардуми Фаластин дар амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” изъон карданд ва веб-сайти ибрии “WALA” навишт: муқовимати Ғазза дар ин набард воқеан пирӯз шуд ва тавонист беҳтарин ва бо таҷрибатарин сервиси иттилооти ҷаҳонро ғофилгир кунад ва қавитарин системаи амниятии Ховари Миёнаро ба тамасхур бигирад. Дар воқеъ муқовимати Ғазза тавонист барои соатҳои тулонӣ набардро дар даст бигирад, ки ҳаргиз аз зеҳни бозигарони минтақа пок нахоҳад шуд.

Аммо иллати оғози набарди “Тӯфони Ал-Ақсо” чӣ буд?

Бо онки неруҳои муқовимати Фаластин оғозгари ин набард буданд вале иллати ҷангро бояд дар ишғолгарӣ ва нақзи ҳуқуқи инсонӣ тавассути режими ғосиби саҳюнистӣ ҷустуҷӯ кард.

Беш аз 75 сол аст, ки мардуми Фаластин қурбонии таҷовузоти беамон ва бераҳмона, хушунат, табъизи нажодӣ ва сиёсатҳои апартейд ва нажодпарастонаи режими ҷинояткори Исроил будаанд. Ишғоли заминҳои онҳо бо муҳосираи шаҳрҳо, тхриб ва мусодираи амвол ва заминҳои кишоварзӣ ва тахлияи иҷбории мардум аз хонаҳояшон идома дорад. Чунин ҷиноёти пай дар пайе нишондиҳандаи нақзи ошкори қавонини байналмилалии башардӯстона ва усули ва ҳанҷорҳои ҳуқуқи башарӣ аст.

Ишғолгарии Исроил ва ҷиноёти ваҳшёнаи он танҳо воқеияте аст, ки наслҳои фаластинӣ бо он бузург шудаанд. Нақзи ошкори қавоид ва ҳанҷорҳои омираи ҳуқуқи байналмилал аз сӯи Исроил, аз ҷумла мамнуъияти сареҳи тасоҳуби сарзамин аз тариқи зӯр, ҳаққи зотии таъйини сарнавишт, ва мамнуъияти табъизи нажодӣ ва апартейд, ба унвони шавоҳиди ошкори ин режими ҷинояткор аст.

Зулм ва ишғолгарии саҳюнистҳо на марбут ба соли 1948 ва на марбут ба ҷанги хунини 2014, балки рӯзона ва соат ба соат будааст. «النکبة مستمرة» беҳтарин калима барои васфи он чизе аст, ки саҳюнистҳо чандин даҳа бар сари миллати Фаластин овардааст. Ин зулми мутадовим аз асорат гирифтанҳо, аз шаҳраксозиҳои поённопазир, аз шаҳодати кӯдакон ва занон ва… Хун ҳар инсони озодаеро ба ҷӯш меоварад.

Мутаассифона дар ин муддат, ҷомеаи байналмилал то имрӯз вокуниши кофӣ нишон надода ва ё масъулин ин тахаллуфоти шадид ва ҷиддиро мавриди бозхост қарор надодааст. Фуқдони посухгӯӣ ва сукути озордиҳандаи органҳои Созмони Милал, ба вижа Шӯрои амният, иҷоза додааст, ки қатъномаҳое чанддаҳаӣ Созмони Милал сирфан рӯйи коғаз боқӣ бимонд. Дар айни ҳол, мо ҳамчунон шоҳиди ҷиноёти ваҳшатноктари режими Исроил алайҳи мардуми Фаластин ҳастем.

Ин дар ҳоле буд, ки мақомоти кишварҳои ғарбӣ низ дар ҷинояти вай шарик бедан ва ҳастанд ва ҳамвора аз вай ҳимоят мекарданд. Иттиҳодия Аврупо, ки аз куштори беш аз 3 ҳазор кӯдаки фаластинӣ бо унвон иддари «дифоъи машрӯъи саҳюнистҳо» ёд мекунад, камтарин дағдағае дар бораи эҷоди ҳошияи амн барои зиндагии сокинони Навори Ғазза надоштааст, надорад ва нахоҳад дошт.

Ба ҳаминхотир размндагони муқовимати Фаластин амалиёти ҳамаҷониба ва беназири худро аз Ғазза алайҳи мавозеъи режими ғосиб ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз кардаанд; амалиёте, ки дар умри 75 солаи ишғолгарони хуношом назир надошта ва саҳюнистҳоро дар шок фурӯ бурд.

Размндагони муқовимати Фаластин бо анҷоми як амалиёти бузург ва раъдосо ба номи “Тӯфони Ал-Ақсо” ҳамаи муодилоти ҷаҳонӣ дар ҳимоят аз режими кӯдаккуши Исроилро барҳам зад. Онҳо чунон зарбаи мӯҳлике ба режими саҳюнистӣ ворид карданд, ки дар айни ғофилгирии сарони артиш ва созмони махуфи ҷаҳаннамии иттилооти ин режим, теъдоди зиёде аз афсарони олирутбаи Исроилро ба асорат гирифтанд ва талафоти сангинеро ба режими одамкуши саҳюнистӣ ворид карданд. Ва ин дар ҳоле аст, ки амалиёти бузурги “Тӯфони Ал-Ақсо” тоза шурӯъ шуда ва то маҳв ва нобудии режими саҳюнистӣ ва озодсозии Фаластин аз ишғоли Исроили  кӯдаккуш идома хоҳад дошт.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад