Ҷанг дар Ғазза ва се дарси бузург барои Исроил

Ҷанги Ғазза бо тамоми фарозу нешибҳояш дарсҳое барои саҳюнистҳо дод ва чеҳраи ҳақиқии ин режимро барои ҷаҳониён нишон дод.

Исроилиҳо чандин даҳа аст, ки бо истифода аз абзорҳои гуногун саъй доранд ин масъаларо, ки ба як давлати оддӣ ва воқеияти айнӣ дар арсаи равобити байналмилал табдил шудаанд, ба афкори умумӣ ва ҳамчунин давлатҳои ҷаҳон собит кунанд. Бо ин ҳол ҷанги Ғазза нишон дод, ки Телавив ҳанӯз то дастёбӣ ба ин мавқеият роҳи дарозеро дар пеш дорад.

Беш аз 80 рӯз аз ҷанги Ғазза мегузарад. Ҷанге, ки токунун дар бораи паёмадҳо ва фоҷеаҳои густардаи ҷонӣ ва моддии он матолиб ва масоиле зиёде гуфта ва матраҳ шудааст. Ҷанге, ки бисёре аз нозирон ва таҳлилгарони масоил роҳбурдӣ, онро ҳомили паёмҳои қобили тааммули геополотикӣ дар бораи ояндаи муодилаҳои минтақаи ғарби Осиё унвон мекунанд ва бархе низ онро ошкортарин нишона аз уфули мавқеияти ҳежмоники Амрико дар арсаи низоми байналмилал арзёбӣ мекунанд.

Дар қолаби ин ҷанг ҳаракатҳое ҳамчун Ансоруллоҳи Яман ва Ҳизбуллоҳи Лубнон даст ба иқдомоте алайҳи режими Исроил ба унвони наздиктарин муттаҳиди минтақаии Амрико дар Ховари Миёна задаанд, ки шояд сӯҳбат аз он дар як ё ду даҳаи қабл, дур аз зеҳн ба назар мерасид. Аз ин рӯ, ҷанги Ғазза ҳомили воқеиятҳои ҷадид ва маънодоре ҳам барои Амрико ва ҳам ба вижа барои режими Исроил будааст.

Дар ин раҳгузар, бахусус Исроил бо 3 дарси бузург дар ҷанги Ғазза рӯбарӯ шудааст.

  1. Исроил як давлати оддӣ нест

Исроилиҳо чандин даҳа аст, ки бо истифода аз абзорҳои гуногун саъй доранд ин масъаларо, ки ба як давлати оддӣ ва воқеияти айнӣ дар арсаи равобити байналмилал табдил шудаанд, ба афкори умумӣ ва ҳамчунин давлатҳои ҷаҳон собит кунанд. Бенёмин Нетонёҳу қабл аз оғози ҷанги Ғазза, дар ҳаракати ҷанҷолӣ дар ҷараёни баргузории Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва суханронии худ дар он, нақшаи ҳазфи Фаластин ва ҷуғрофияи тозае аз Исроилро барои ҷаҳониён ба намоиш гузошт.

Бо ин ҳол, ҳам амалиёти ҳафтуми октябр ва ҳам гирифтор шудани Исроил дар ботлоқи ҷанги Ғазза нишон дод, ки то чӣ андоза ин қисм рӯйкардҳои мақомоти аршади исроилӣ, ғайри воқеӣ аст. Дар шароити кунунӣ, давлатҳое ҳамчун Арабистони Саудӣ, ки бисёре аз қарибулуқуъ будани эълони оддисозии равобит он бо Исроил сухан мегуфтанд ва ҳатто муттаҳидони ғарбии Исроил низ дар тақвияти пайвандҳои худ бо Исроил, тардидҳои ҷиддӣ доранд.

Зеро ҳаҷми ҷиноятҳои Исроил дар Навори Ғазза ба қадре шоковар будааст, ки ҳар гуна ҳамкорӣ бо Телавивро ба як мавзӯи пурҳазина барои ҳар созукори сиёсӣ дар тамоми нуқтаҳои ҷаҳон табдил шудааст. Аз ин рӯ, ҳам амалиёти ҳафтуми октябр ва ҳам ҷанги Ғазза, исроилиҳоро аз ин рӯъё, ки ба мавқеияти тасбитшудае дар арсаи равобити байналмилал расидаанд, ҷудо кард ва воқеиятҳои талхеро пеши рӯи онҳо гузошт.

  1. Пайдошавии таҳдидҳои ҷадид алайҳи Исроил

Шояд Исроил қабл аз оғози ҷанги Ғазза ҳеҷгоҳ фикр намекард, ки меҳвари муқовимат дар ғарби Осиё, ба ин зудиҳо ва ба шакли муттаҳид дар баробари он қарор гирад. Бо ин ҳол, ҷанги Ғазза намудҳои айниро аз ин масъала пеши чашми Телавив қарор дод ва акнун аъзои мухталифи меҳвари муқовимат ҳар кадом ба тариқе дар ҳоли ворид кардани фишор ба режими Исроил ҷиҳати мутаваққиф кардани ҷанг ҳастанд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо амалиётҳои ҳадафманди худ дар ҷавори марзҳои шимолии Навори Ғазза натанҳо то ҳадди зиёде таҷҳизот ва пойгоҳҳои ҷосусии Исроилро кӯр карда, балки теъдоди чашмрасе аз шаҳракнишинони исроилӣ дар шимоли заминҳои ишғолиро низ маҷбур ба тарки хонаҳои худ кардааст.

Мавзуе, ки як бори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии қобили таваҷҷуҳро ба давлати Нетонёҳу таҳмил кардааст. Албатта, ки теъдоди чашмрасе аз нерӯҳои артиши Исроил ҳам ба ҷабҳаи шимолӣ тамаркуз кардаанд ва ҳамин масъала аз шиддати фишорҳои артиши Исроил ба Навори Ғазза костааст.

Аз сӯи дигар, Ансоруллоҳи Яман низ ҳаёти тиҷорати дарёии Исроил дар Дарёи Сурхро ҳадаф қарор дода ва асосан ин ҳавзаро, ки 98 дарсад аз иқтисод ва тиҷорати Исроил ба он вобаста аст, ҳадаф қарор додааст. Дар айни ҳол, Ансоруллоҳи Яман дар анҷоми ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ ба заминҳои ишғолӣ ҳам ҷасорати зиёде аз худ нишон дода ва дар чандин навбат бандари роҳбурдии Илот дар умқи заминҳои ишғолиро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор додааст.

Гурӯҳҳои муқовимати Ироқ ва Сурия низ бо ҳамлаҳои ракетӣ ва паҳподии худ ба мавзеъҳои нерӯҳои амрикоии ҳозир дар Ироқ ва Сурия ва ҳамчунин анҷоми ҳамлаҳои мустақим ба умқи заминҳои ишғолӣ саъй кардаанд ҳам давлати Амрико ва ҳам режими Исроилро ҷиҳати поён додан ба поёни ҷанги Ғазза таҳти фишор қарор диҳанд.

Дар ин байн, ҶИЭ низ ҳимоятҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ ва дипломатикии густардаеро бо ҳадафи ҳимоят аз меҳвари муқовимат дар арсаи байналмилалӣ дар дастури кор қарор дода ва саъй карда дар ин замина ҷабҳаои ҳамоҳангро алайҳи Исроил шакл диҳад.

Дар канори ҳама инҳо, кишваре ҳамчун Урдун, ки дар ҳудуди 6 миллион паноҳҷӯи фаластинӣ дар он ҳузур доранд, низ ба яке аз ҷабҳаҳои дар ҳоли рушди иқдом алайҳи режими ишғолгари Қудс табдил шудааст. Дар ин бора, гузоришҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки далолат бар афзоиши қочоқи силоҳ аз Урдун ба заминҳои ишғолӣ нашр шудааст. Масъалае, ки бо таваҷҷуҳ ба авҷгирии эҳсосоти зидди исроилӣ дар кишвари Урдун, метавонад таҳдидҳои ҷиддӣ дар идомаи роҳ алайҳи саҳюнистҳо бошад.

  1. Ривояти дурӯғ мамнуъ!

Ҷанги Ғазза аз ҷиҳати ривоятҳои тавлидшуда, ки афкори умумии байналмилалиро таҳти таъсир қарор медиҳанд низ дарси бузурге барои Исроил ба ҳамроҳ доштааст. Исроил ва ҷараёнҳои муттаҳиди расонаии он дар ҷаҳон ҳамвора одат доштанд, ки дар боари ҳар масъалае, ривоятҳои мавриди ниёзи худро ба унвони ривоятҳои дуруст, ба афкори умумии байналмилалӣ бирасонад.

Бо ин ҳол, дар ҷанги кунунии Ғазза то ҳадди зиёде ин муодила тағйир карда ва исроилиҳо бо як буҳрони бузург дар ин бора рӯбарӯ шудаанд. Ин вазъият ба қадре барои Исроил ҳайратовар шуда ва онро шайратзада кардаасӣ, ки дар бархе шароит, вазъияти Исроил тамасхуромез шудааст. Масалан Исҳоқ Ҳертзог, раисҷумҳури Исроил дар як мавзеъгирӣ дар авоили ҷанги Ғазза иддао кард, ки як китобча ҳамроҳи яке аз нерӯҳои Ҳамос дар ҷараёни ҳамла ба Исроил буда, ки дар ҳақиқат китобчаи тавлиди силоҳҳои химиёвии гурӯҳи Ал-Қоида будааст.

Пас аз инки ин иддао баён шуд, фавран бисёре дар шабакаҳои иҷтимоӣ, раисиҷумҳур Исроилро масхара карданд ва ҳатто бархе бо ҳолати масхара ба вай гуфтанд, ки он нерӯи Ҳамос эҳтимолан думболи як кофе буда то китоби худро дар он мутолиа кунад ва қаҳва бинӯшад. Аҷиб инки Ҳертзог барои инки корро дуруст кунад, чанд рӯз баъд бо як китоби дигар дар конфронси хабарӣ зоҳир шуд ва нусхаи арабии китоби “набарди ман” Одулф Ҳитлерро бо худ ба ҳамроҳ дошт ва иддао кард, ки ин китоб ба ҳамроҳи яке дигар аз нерӯҳои Ҳамос дар ҷараёни ҳамлаи ҳафтуми октябр будааст.

Ин иддаои вай ҳам ба ҷои инки корро дуруст кунад онро бадтар кард. Дар мавориди мухталифе ҳамчун иддаоҳои Исроил мабнӣ бар сар барида шудани кӯдакони сокинон дар як шаҳраки исроили ба дасти нерӯҳои Ҳамос ва ё сӯзондани як навзод ва даҳҳо мавриди дигар низ, ки дурӯғ будани тамомии онҳо собит шуд, Исроилро ҳайратзада кард, зеро то ба имрӯз, ин режим бо чолиши матраҳ кардани бахши густардае аз иддаоҳо мувоҷеҳ будааст, ки дурӯғ будани бештари онҳо маълум гашт. Масъалаҳое, ки нишон медиҳад исроилиҳо танҳо ривоятгарони ҷанги Ғазза нестанд ва манобеи касби огоҳӣ барои афкори умумии байналмилалӣ, бештару гуногун шудаанд.

Ин мавзуъ Исроилро дар як бунбаст қарор додааст ва ҳатто ҳамдардиҳои андакеро ҳам, ки дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон дар ибтидои иҷрои амалиёти ҳафтуми октябр бо исроилиҳо иброз мешуд, хеле зуд ба ҷараёнҳои мухолиф бо онҳо табдил кард. Дар умум ба назар мерасад, ки Исроил барои идома додани ҷиноятҳояш ва рафъи чолишҳои пиромунаш бояд даст ба хаёлбофиҳои тозатаре бизанад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад