Украина бидуни ҳимояти молии ғарб суқут мекунад!

Кашмакаҳо дар Конгресси Амрико нисбати идомаи кумакҳои молӣ ба Украина дар поёни сол, Аврупоро нигарон кардааст, ки Путин барандаи бузурги майдон хоҳад буд

Идомаи басиҷи иҷборӣ дар Украина, тарҳи «B»-и Украина барои қатъи кумакҳои ғарб, эътироф ба бартарии ошкори Русия бар нируҳои мусаллаҳи Украина, нигаронии Киев аз ҷангандаҳои рус ва омодагии ғарб барои қурбонӣ кардани сарбозони украинӣ то охирин нафар, аз рӯйдодҳои муҳими перомуни ҷанг ҳастанд.

Кристалина Ҷорҷио, раиси Сандуқи байналмилалии пул рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки агар кишварҳои ғарбӣ дар ояндаи наздик ба Украина кумаки молӣ накунанд, ин кишвар бо таварруми шадид мувоҷеҳ шуда ва иқтисодаш суқут хоҳад кард.

Ба гуфтаи Ҷорҷио, аз онҷое, ки Киев ахиран талошҳое барои эҳёи иқтисоди худ анҷом дода, ин кишвар мумкин аст бидуни кумаки хориҷӣ барои ҳудуди чанд моҳ тоқат биоварад , вале бо ин ҳол, Украина аз ҷиҳати молӣ осебпазири ҷиддӣ аст. Вай афзуд: «таъхири бештар дар таъмини молӣ метавонад Киевро водор кунад, ки ба сиёсатҳои бесуботкунанда, монанди чопи пул бозгардад, ҳамонтавр, ки моҳҳои нахусти оғози даргирӣ бо Русия дар соли гузашта анҷом медод.»

Коҳиши тамоюл дар Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо барои ироаи ҳимояти молии иловагӣ ба Украина пас аз он рух дод, ки зидди ҳамлаи артиши ин кишвар натавонист ба ҳеҷ натиҷаи қобили таваҷҷуҳе мунҷар шавад ва шарикони ғарбии Киевро ноумед кард.

Рӯзи гузашта, Олег Стенко, мушовири Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар умури иқтисодӣ, эълон кард, ки Киев, дар сурати фуқдони манобеи молии ғарбӣ дар нахустин рӯзҳои соли 2024, ба самти иҷрои тарҳи B ҳаракат карда ва ба қарзҳои дохили рӯй хоҳад овард. Вай ибрози итминон кард, ки дар ҳар сурат «ҳимояти молии ғарб» идома хоҳад дошт, аммо саволи аслӣ ҳамчунон замони ироаи он аст.

Рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи иҷлоси сарони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел баргузор шуд, ки дар ҷараёни ин рӯйдод, Венгрия аз тасвиби тарҳи кумаки 50 миллиард евроӣ ба Украина то соли 2027 ҷилавгирӣ кард. Нишасти дигаре, ки ба ин мавзӯъ ихтисос дорад барои моҳи январ барномарезӣ шудааст.

Қонунгузорони ҷумҳурихоҳи амрикоӣ низ аз ҳимоят аз ихтисоси кумаки чандбаробарӣ ба Украина бидуни тақвияти амнияти марзии Иёлоти Муттаҳида худдорӣ кардаанд. Онҳо ба давлати Байден ҳушдор додаанд, агар Конгрес то поён сол иқдоме дар ин замина анҷом надиҳад, будҷаи чандбаробарӣ барои Украина дар дастури кор нахоҳад буд.

Дар идома таҳаввулоти марбут ба шашсаду шастусевумин рӯзи ҷанги Украинаро мутолиа намоед:

Қасди Санои Амрико барои коҳиши теъдоди паноҳҷӯён аз Украина дар изои тасвиби кумаки молӣ

Ҷо Мончин, сенатори демократи амрикоӣ ба шабакаи хабарии CNN гуфт, ки мақомоти Иёлоти Муттаҳида мумкин аст теъдоди паноҳҷӯёни украинии муҷоз ба иқомат дар хоки Амрикоро ба унвони бахше аз тавофуқи оянда байни сенаторҳои ҷумҳурихоҳ ва давлати Ҷо Байден барои ташдиди қавонини муҳоҷират ва муҳофизат аз марзҳо дар изои тасвиби кумакҳои ҷадиди молӣ ба Киев маҳдуд кунанд.

Ин сенатор афзуд: ман фикр мекунам музокиракунандагон мо ва ҳамтоёни ҷумҳурихоҳашон сахт рӯи ин мавзуъ кор мекунанд ва сипас, қатъан бо мушорикати Кохи сафед, метавонанд амнияти марзҳоро тақвият кунанд. Ин чизе аст, ки ман воқеан ба он умедвор ҳастам ва фикр мекунам дар ҳафтаи оянда шоҳиди ҳаракате дар ин замина хоҳем буд ва то замоне, ки ин мавзӯъ хотима наёфта, ба кор идома хоҳем дод.»

 Нашрияи амрикоӣ: парвози ҷангандаҳои миги русӣ боиси нигаронӣ дар Киев мешавад

Маҷаллаи амрикоии “Нашнол Интрест” дар таҳлили тозаи худ ба ин воқеият ишора кард, ки ба ҳаво бархостани ҳар ҷангандаи русии Миг-31 боиси нигаронӣ дар Киев мешавад. Ба навиштаи ин нашрия, ҳар бор, ки як ҷанганда аз пойгоҳҳои Русия дар наздикии Украина баланд мешавад, ҳушдори ҳамлаи ҳавоӣ дар саросари ин кишвар эълон мешавад, ки гоҳе чандин соат тӯл мекашд. Далели ин масъала мушакҳои мофавқи савти “Кунҷол” аст, ки тавассути ҷангандаҳои Миг-31 ҳамл мешаванд, ин мушакҳо бо суръати бисёр боло парвоз мекунанд ва бурди зиёде доранд.

Ин мақола меафзояд: «ҷангандаҳои Миг-31-и русӣ барои ҳавопаймоҳои ғарбӣ ҳам ҷангандае мофавқи табиӣ тамҳсуб мешавад, зеро тавоноиҳои он боиси эҷоди назарияҳо ва гумоназаниҳои бисёре шудааст. Ин ҳавопаймо ҳамчунин барои амалкарди муассир дар ҳар шароити обуҳавои тарроҳӣ шуда буд ва бадана Айродинамикӣ ва содда ба он иҷоза медиҳад, то дар иртифоъҳои поин бо суръати мофавқи савти мавриди ниёз парвоз кунад.»

Ҷангандаҳои Миг-31 яке аз сареътарин ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуда ва интизор меравад ҳадди ақал то баъд аз соли 2030 ҳамчунон дар нируи ҳаво-фазои Русия истифода шавад.

 Мақоми Вазорати дифои Украина: басиҷи иҷборӣ дар кишвар идома хоҳад дошт

Крил Буданов, раиси бахши аслии иттилооти Вазорати дифои Украина, дар нишаст мубоҳисоти “сол2024: чолишҳо ва чашм андозҳо”, ки рӯз якшанбе баргузор шуд, эълом кард, ки басиҷ иҷбори дар кишвар ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Вай гуфт: «ҳамаи касоне, ки моил буданд тайи шаш моҳи аввал омаданд. Ҳоло чӣ касе фарохонда шудааст? Мутаассифона, посухи хубе дар ин замина вуҷуд нахоҳад дошт. Агар ангезае барои ин афрод пайдо накунед, ҳар чиқадар ҳам, ки афрод ба зӯр ё тибқи мавозини қонунӣ ба ҷабҳа фиристода шаванд, короии онҳо тақрибан сифр хоҳад буд.»

Вай эътироф кард, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти ҷабҳа дақиқан ҳаминтавр аст. Асарбахшии украиниҳое, ки ба иҷбор басиҷ шудаанд, тақрибан сифр аст.

Буданов бо ишора ба инки дастмузди афроде, ки басиҷ шудаанд, дар авлавият қарор надорад, таъкид кард, ки аксари украиниҳо фарёд мезананд, ки «Украина муҳимтар аз ҳар чиз аст», аммо онҳо худро украинӣ эҳсос намекунанд. Онҳо ин эҳсосро надоранд, ки душман хоки кишварро тасарруф карда ва вазифаи муқаддаси ман дифоъ аз он аст.

Буданов дар поён гуфт: «ҳама барои Украина шиор медиҳанд, аммо дар ҳоли фирор кардан ҳастанд.»

Тамоюлт Амрико барои дур кардани Аврупо аз Русия

Милурод Дудик, раисҷумҳурии сербе Боснӣ ва Ҳерзгуин ҳам дар мусоҳибаи ахири телевизионӣ ибрози ақида кард, ки Иёлоти Муттаҳида Амрико ҳар коре, ки мумкин аст анҷом медиҳад, то Аврупоро аз Русия дур кунад.

Ин сиёсатмадор гуфт: имрӯз, ғарб ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида, ҳар кореро, ки мумкин бошад, анҷом медиҳад, то Аврупо то ҷойи мумкин аз Русия фосила бигирад, барои инки иттиҳоди эҳтимолии кишварҳои аврупоӣ бо Русия барои Вашингтон бисёр хатарнок хоҳад буд. Аврупо бо фановариҳо ва дониш ва Русия бо манобеи ғании худ метавонанд ба таҳдиде ҷиддӣ барои Иёлоти Муттаҳида табдил шаванд.

Дудик бо ишора ба инки Иттиҳоди Аврупо ба таври физояндае таҳти нуфузи Амрико қарор дорад, таъкид кард, ки барои ғарб, пешравӣ дар ҷиҳатгирӣ ба самти шарқ шарти бақо аст. Ба ақидаи Ӯ, дар даҳаи 90 Аврупо неруе буд, ки дар ҳоли тавсеа буд, аммо акнун раванд дар ҷиҳати мухолиф пеш меравад ва ҳатто шаҳрвандони аврупоӣ ҳам ин масъаларо дарк карда ва норозӣ ҳастанд.

 CNN: адами алоқаи Зеленский ба эътироф ба вазъияти душвори нируҳои украинӣ дар ҷанг

Шабакаи телевизионии амрикоии CNN дар гузорише ба ин воқеият ишора кард, ки ба далелҳое, велодимир Зеленский, раисҷумҳури Украина наметавонад содиқ бошад ва вазъияти душвори нируҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҷабҳа бо Русияро пазируфта ва ба он эътироф кунад.

Ин гузориш ёдовар шуд: Зеленский “мҷбур аст вонамуд кунад, ки вазъият чандон ҳам бад нест”, чароки эътироф ба инки нируҳои мусаллаҳи Украина бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд, истидлоли бархе аз намояндагони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаро тақвият мекунад, ки ҳеҷ фоидае барои таъмини молии тарафи бозанда дар ҷанг вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи ин шабака, агар Зеленский иддао мекунад, ки Киев баранда аст, пас чаро ба кумаки иловагӣ ниёз дорад.

Ин ҳафта, Конгресси Амрико аз ҷониби Украина хост, то ҳазинаи ниҳоӣ ва як ҳадафи мушаххас ва соддаро барои идомаи даргирӣ эълон кунад. Дар иваз, мақомоти Киев фақат ваъдаи муваффақиятҳои оянда дар сурати идомаи ҳимояти ғарбро медиҳанд.

Зеленский дар ҷараёни сафари худ ба Иёлоти Муттаҳида ба қонунгузорони амрикоӣ гуфт, ки тайи як соли гузашта нируҳои мусаллаҳи Украина манотиқи кӯчакеро аз Русия пас гирифтанд, дар Дарёи Сиёҳ ба Русия осебҳои расонданд ва барои соли 2024 ҳам қасди анҷоми як амалиёти низомии густардаро доранд. Бо ин ҳол раисҷумҳури Украина онро маҳрамона хонд.

 Украина ба мушкилоти дохилӣ дар Иёлот Муттаҳида кашида шудааст

Рӯзномаи “Вашенгтон Пост” рӯзи якшанбе гузориш дод, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар сафар ба Вашингтон даргири ихтилофҳои шадид дар сиёсати дохилии Иёлоти Муттаҳида шуд.

Ин нашрия ёдовар шуд: Зеленский пеш аз ин муваффақ мешуд аз ихтилофҳои сиёсии дохилӣ байни аҳзоби демократ ва ҷумҳурихоҳ ҷилавгирӣ карда ва иттиҳоди онҳо барои ҳимоят аз кишварашро ҷалб кунад, аммо акнун Украина беш аз ҳадд дар хатар аст, ки ҳимояти ҳаддиаксарии Амрикоро аз даст бидиҳад.

Тайи чанд ҳафтаи гузашта, баҳсҳои зиёде дар Конгресси Амрико дар бораи идомаи ҳимоят аз Киев шакл гирифтааст. Ҳатто ҷумҳурихоҳоне, ки аз Украина ҳимоят мекунанд, омодаанд то ихтисоси будҷа барои ҳалли мушкилоти муҳоҷиратии Иёлоти Муттаҳидаро ба таъхир биандозанд.

Вашингтон Пост афзуд: раисҷмҳури Украина, ки як бозигари ҳирфаӣ аст, умедвор буд, ки дидори шахсии Ӯ – ва қудрати чеҳрааш – битавонад фаврияти дархосташро нишон диҳад ва илҳомбахши иқдомоти дуҳизбӣ бошад. Аммо мухолифони ихтисоси будҷа таслим нашуданд ва баррасии ин масъала ба соли 2024 андохта шуд.»

 Эътироф ба бартарии ошкори Русия бар нируҳои мусаллаҳи Украина

Нашрияи англисии “Дейли Экспрес” дар гузорише эътироф кард, ки бартарии низомии нируҳои мусаллаҳи Русия бар артиши Украина ошкортар мешавад ва шанси пирӯзии Маскав дар ҷанг дар ҳоли афзоиш аст.

Ин нашрия ба нақл аз Шон Бел, генерали бознишастаи нируи ҳавоии Бритониё навишт: Киев дар ҷабҳаи набард бо Русия муваффақияти қобили таваҷҷуҳе касб накардааст ва акнун неруҳои мусаллаҳи Украина ба далели ихтилофи назар дар ғарб бар сари ироаи кумакҳои низомӣ дар мавқеияти осебпазире қарор гирифтаанд.

Ба ақидаи Ӯ, Киев аз муттаҳидони аврупоияш кумакҳо ва таслиҳоти низомӣ дарёфт мекунад, аммо ин ҷараён то ҳадди хазидан кунд шудааст ва кумакҳои Иёлоти Муттаҳида ба далели масдуд шудани қонуни таъмини будҷаи иловагӣ дар Конгрес ба таъвиқ афтодааст. Ва тамоми ин низоъҳо ва тардидҳо дар воқеъ ба суди Владимир Путин тамом мешавад.

Ба гуфтаи ин мақоми низомии собиқи англисӣ, Маскав мумкин аст дар ҳоли тавсеаи як “тарҳи ниҳоӣ” барои поён додан ба ҷанги Украина бошад ва интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Иёлоти Муттаҳида ҳам метавонад вазъияти Киевро бадтар кунад.

 Нахуствазири Словакия: ғарб омодаи ҷанг то охирин фарди украинӣ аст

Роберт Фико, нахуствазири Словакия аз ин масъала ибрози таассуф кард, ки кишварҳои ғарбӣ то охирин сарбози украинӣ омодаи ҷанг бо Русия ҳастанд.

Ин сиёсатмадор дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: «бештари кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дорои нафрати васвосгуна аз Русия ҳастанд ва ин мунҷар ба дидгоҳҳои аҷибу ғарибе мешавад, ки бидуни ҳеҷ муқовимате дар расонаҳои аврупоӣ мунташир мешавад.»

Ба ақидаи нахуствазири Словакия, дар воқеъ аз Украина барои тазъифи Русия дар арсаи байналмилалӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Фико дар поён гуфт: ғарбиҳо омодааст то охирин сарбози украинӣ бо Русия биҷангад, то онҳо ба аҳдофи геополотикии худ даст ёбанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад