Вазири хориҷаи ҶИЭ: Саҳюнистҳо дар ваҳшигарӣ аз ДИИШ пеш гузаштаанд

 Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме бо ишора ба ваҳшигариҳои режими саҳюнистӣ дар рафтор бо асирон ва шаҳрвандони фаластинӣ, ки тавассути ин режим ба гаравгон гирифта шудаанд навишт, ки режими  нажодпарасти саҳюнистӣ дар рақобат бо ДИИШ дар ҷинояткорӣ хеле пештар аст.

Амир Абдуллоҳиён дар паёме дар ҳисоби худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Наслкушӣ ва кӯдаккушӣ, истифода аз силоҳҳои манъшуда, монеъ шудан аз расидани об, ғизо ва дору ба Ғазза ва ваҳшигарӣ дар рафтор бо асирон ва шаҳрвандони бегуноҳи гаравгон нишон медиҳад, ки ин режими апартайд ва ишғолгар дар рақобат бо ДИИШ барои анҷоми ҳар навъ ҷинояте, бисёр пештар аст.

Ишон идома медиҳад: Беаҳамиятии фаврӣ ба ҳушдори дабири кулли СММ ва идомаи ҳимояти Кохи сафед аз ҷиноятҳои ҷангии режими Исроил, боиси фурӯпоши сохтори созмонҳои байналмилалӣ, сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва саранҷом заволи ҳайсияти башарият хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: ‏Бешак шикасти сиёсати ҷангӣ ва наслкушии Амрико ва Исроил зидди Фаластин бисёр наздик аст.

Режими ишғолгари саҳюнистӣ ахиран бо пахши чанд сурат ва филме аз вазъи теъдоде аз асирони фаластинӣ иддао кард, ки ин афрод узви ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин – Ҳамос – ҳастанд. Дар ин суратҳо ва филм дида мешавад, ки даҳҳо мард дар ҳавои зимистон дар хиёбон бараҳна ва дастбаста дар ҳоли шиканҷа ба дасти неруҳои низомии саҳюнистӣ ҳастанд. Ин рафтори саҳюнистҳо ба тасовире, ки пештар аз сӯи гурӯҳи террористӣ-такфирии ДИИШ дар рафтор бо асирон пахш шуда буд, монандӣ дорад ва виҷдонҳои бедори олам онро ба шиддат танқид ва маҳкум кардаанд. Албатта фаластиниҳо ҳудуди 80 сол аст, ки чунин вазъияте доранд ва Тӯфони Ал-Ақсо зарбаи тармимнопазире ба режими ғосиби саҳюнистӣ задааст ва муқаддимаи бозгашти Фаластин аз баҳр то наҳр хоҳад буд. Амрико ва чанд кишвари ғарбӣ шарики аслии ҷиноятҳои ғосибони наслкуши хуношом ҳастанд. Ба умеди наздикии рӯзи озодӣ, ободӣ ва иззату амнияти Фаластин ва фаластиниён!

Соҳибназар

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад