Оташбас дар Навори Ғазза як рӯзи дигар тамдид шуд

Субҳи имрӯз (панҷшанбе), бо итмоми оташбаси 6 рӯза, ҷунбиши исломии Ҳамос дар баёнияе эълом кард, ки ин тавофуқ барои як рӯзи дигар идома хоҳад дошт.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, «30 асири фаластинӣ дар изои 10 гаравгон дар Навори Ғазза, ба изофаи 2 шаҳрванди русӣ ва 3 тайландӣ озод мешаванд», сухангӯи вазорати хориҷаи Қатар бомдоди панҷшнба ин хабарро эълом кард ва соати 0:7:00 субҳ пас аз мунқазӣ шудани 6 рӯз оташбаси муваққат, артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва Ҳамос аз тамдиди он барои як рӯзи дигар хабар доданд.

Бино бар гузориши шабакаи Ал-Ҷазири, артиши режими ҷинояткори Исроил эълом кард, ки оташбаси муваққат дар Навори Ғазза «бо таваҷҷуҳ ба талошҳои миёнҷигарон барои идомаи раванди озодсозии гаравгонҳо ва машрут ба шароити тавофуқ» идома хоҳад дошт.

Ҳамос низ дар баёнияи ҷудогона тасреҳ кард, ки тавофуқ барои тамдиди оташбаси муваққат, ки аз рӯзи ҷумъа ҳафтаи гузашта оғоз шуд, идома дорад ва гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки вақфа дар даргириҳо миёни ду тараф барои муддати 24 соат идома хоҳад дошт.

Ҳамзамон бо севумин вуруди “Энтони Блинкен” вазири хориҷаи Амрико ва аз муҳимтарин ҳомиёни режими кӯдаккуш ба арозии ишғолӣ аз замони оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо”, бомдоди имрӯз шабакаи 12 телевизиони Исроил гузориш дода буд, ки «имкони оташбаси муваққати ду рӯза дар нишасти амниятии Исроил баррасӣ мешавад».

Қатар, ки нақши миёнҷӣ миёни ҷунбиши исломии Ҳамос ва Телавивро ифо мекунад гуфта буд, ки тавофуқи оташбаси муваққат таҳти ҳамон шароити гузашта тамдид шудааст; Ин оташбас дар ҳоле барои муддати 24 соат тамдид шудааст, ки танҳо як соат қабл аз мунқази шудан, ҳеҷ чашмандозе барои идомаи он вуҷуд надошт зеро ду тараф дар заминаи феҳристи ҷадиди исроилиҳое, ки қарор аст озод шаванд, ба тавофуқ нарсида буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад