Нақши Ансоруллоҳ дар оташбаси Ғазза ва идомаи он

Муовини вазири хориҷаи давлати муваққати вобаста ба Ансоруллоҳ гуфт, бори дигар ёдоварӣ мекунем, ки киштиронӣ барои ҳамаи киштиҳо ба ҷуз киштиҳои режими Исроил дар дарёи Сурх амн хоҳад буд.

Ҳусайн Алъиззи бо интишори паёме дар Х навишт: «Қатъан Санъо беш аз ҳама ба амнияти киштиронӣ тамоюл дорад ва беш аз ҳама ба манофеи ҷаҳон эҳтиром мегузорад. Ин чизест, ки дар гузашта бо амали худ собит кардаем. Бори дигар ёдоварӣ мекунем, ки киштиронӣ барои ҳамаи киштиҳо дар дарёи Сурх амн хоҳад буд, ба ҷуз киштиҳои режими Исроил то вақте, ки ба таҷовузгарӣ алайҳи кӯдакону ғайринизомиёни бедифоъ дар Ғаззаи мазлум поён диҳад».

Ин нахустин вокунише аст, ки гуруҳи Ансоруллоҳ ба гузоришҳо дар бораи рабуда шудани киштии исроилӣ ба дасти неруҳои мусаллаҳ дар минтақаи муқобили Адан дар ҷануби Яман нишон дод.

Артиши Яман илова бар ҳамалоти мушакиву паҳподӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ, роҳбурди ҷадидеро барои муқобила бо душмани исроилӣ дар пеш гирифтааст.

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кардааст, бинобар масъулияти динӣ, миллӣ ва ахлоқӣ ва бо таваҷҷуҳ ба таҷовузоти рӯзонаи режими саҳюнистиву Амрико ба навори Ғазза ва куштори мардуми Фаластин ва ба манзури истиҷобати хостаи миллати Яман ва тамоми миллатҳои озодаи ҷаҳон, ҳар киштие ки аз мушаххасаҳои зайл бархӯрдор аст, ҳадаф қарор хоҳад дод.

1 . Киштиҳое ки парчами режими саҳюнистӣ доранд;

2 . Киштиҳое ки тавассути ширкатҳои исроилӣ идора мешаванд;

3 . Киштиҳое ки ширкатҳои исроилӣ молики он ҳастанд.

Артиши Яман ҳамчунин аз тамоми кишварҳои ҷаҳон хост, он даста аз шаҳрвандонашонро ки ба унвони хадама дар ин киштиҳо кор мекунанд, хориҷ кунанд, аз таомул ё боргирии ин киштиҳо худдорӣ намоянд ва ба киштиҳои худ иблоғ кунанд аз киштиҳои исроилӣ фосила бигиранд.

Ин рӯзҳо ки дар Ғазза оташбас шудааст, дарёи Сурх ба ҷабҳаи аслии тақобули гуруҳҳои муқовимат алайҳи режими саҳюнистӣ табдил шудааст ва дар тозатарин иқдом Ансоруллоҳи Яман дар ҳимоят аз мардуми Ғазза сеюмин киштии мутааллиқ ба Исроилро тавқиф кард.

Пас аз тавқифи ду киштии тиҷории Исроил тайи ҳафтаи гузашта, яманиҳо рӯзи якшанбе сеюмин киштии Исроилро ҳам боздошт карданд. Интишори хабари тавқифи сеюмин киштии исроилӣ дар савоҳили Яман шоки дигаре буд, ки дирӯз ба саҳюнистҳо ворид шуд ва талхии шикасти ахир дар муқобили муқовиматро бештар кард. Зеро буҳрони тавқифи киштиҳои исроилӣ амалан иқтисоди мутазалзили режими саҳюнистиро нобуд хоҳад кард.

Таваққуфи ҳаракати киштиҳои тиҷориву ғайритиҷории режими ишғолгари Қудс дар дарёи Сурх иқтисоди режими саҳюнистиро буҳронзадатар аз қабл сохтааст.

Киштиҳои тиҷории ҳомили маҳмулаҳои ширкатҳо дар Исроил қабл аз расидан ба Бобулмандаб сафари худро мутаваққиф карданд ва ба самти банодире, ки аз онҷо ҳаракат карданд, баргаштаанд.

Киштиҳое, ки қарор буд аз банодири кишварҳои осиёӣ маҳмулаҳои тиҷории мухталифро барои воридот ба Исроил ҳамл кунанд, аз ҷумла киштиҳои борӣ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҳанӯз ҳаракат накардаанд.

Нигоҳе ба ҳазинаҳои мустақиму ғайримустақими ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза дар пайи амалиёти “Тӯфони Алақсо” нишон медиҳад, вазъияти иқтисодӣ ба сарони режими ишғолгари Қудс иҷоза намедиҳад ҷангро бидуни сақфи замонӣ пеш бибаранд.

Дарёи Сурх ва ба хусус тангаи Бобулмандаб муҳимтарин каридори дарёӣ ва сутунмуҳраи иқтисоди Исроилро ташкил медиҳад, ки ин каридор уқёнуси Ҳиндро ба сарзаминҳои ишғолӣ муттасил мекунад ва ба хатар афтодани ин шоҳраги ҳаётӣ метавонад зиёнҳои ҷуброннопазиреро ба иқтисоди ин режим ворид кунад.

Раиси собиқи шӯрои амнияти дохилии режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе гуфт, ки Яман таҳдиде роҳбурдӣ барои Исроил ба шумор меравад. Оиланд дар изҳороти худ дар шабакаи 12 телевизиони саҳюнистӣ гуфт: «Мушкили мо бо яманиҳо марбут ба мавқеияти ҷуғрофиёии онҳо дар тангаи дарёи Сурх ва бахши ҷанубии он аст ва ин мушкил аз мавзӯи мушакҳои ин кишвар низ бештар аст. Мушкили бузургтар замоне фаро мерасад, ки яманиҳо бихоҳанд ҳар киштии исроилиро тавқиф кунанд, ба ин тартиб чӣ гуна метавон имкони тараддуди дарёӣ барои бандари Элотро муҳайё кард».

Аз замони шурӯи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, мақомоти саҳюнистӣ дар кобуси кушода шудани ҷабҳаҳои муқовимат дар минтақа ба сар мебурданд, аммо ин кобус акнун дар олами воқеъ ба вуқуъ пайваста ва ҳеҷ маконе дар минтақа барои ишғолгарон амн нест.

Бо тавваҷуҳ ба ин ки масъулони саҳюнистӣ таҳдид кардаанд, пас аз поёни оташбас дар Ғазза ҳамалоти худро аз сар хоҳанд гирифт, дар ин сурат эҳтимолан киштиҳои бештаре шикор хоҳанд шуд. Бар ин асос метавон гуфт, ҳамчунон ки Ансоруллоҳ бо вуруд ба ҷанги Ғазза режими саҳюнистиро ба пазириши оташбас водор кард, дар идомаи он низ нақши калидӣ ифо хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад