Идомаи дархостҳои бепоёни Зеленский барои кумаки таслиҳотӣ

Раисҷумҳури Украина дар идомаи дархостҳои бепоёнаш аз муттаҳидони ғарбӣ барои дарёфти кумакҳои таслиҳотӣ хостори дарёфти системаҳои дифои ҳавоии бештаре шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Владимир Зеленский”, раисҷумҳури Украина дар як суханронӣ, кумакҳои таслиҳотии бештаре аз ҳомиёни ғарбии худ талаб карда ва аз онҳо ба баҳонаи ҳифозат аз содироти ғаллоти кишвараш системаҳои дифои ҳавоии бештар дархост кард.

Ба навиштаи хабаргузории “Рейтер”, Владимир Зеленский дар суханроние дар иҷлоси «ғаллоти Украина» , ки бо ҳузури мақомҳои аршади кишварҳои Аврупои Шомилӣ “Алан Бресс”, раисҷумҳури Швейтсария ва “Ингрид Симонит”, нахуствазири Литва баргузор шуд иддао кард: «мо дучори камбуди падофанди ҳавоӣ ҳастем ва ин амри пинҳоне нест.»

Зеленский ин суханрониро баъд аз бузургтарин ҳамлаи паҳподии Русия дар тӯли ҷанги Украина бо истифода аз 75 паҳпод эрод кард. Конфронси хабарии муштараки ин се мақом низ дар пайи ба садо даромадани ожири ҳамлаи ҳавоӣ нимакора монд.

Зеленский гуфт, муттаҳидони хориҷии кишвараш қарор аст киштиҳоеро ба муҳофизат аз корвонҳои киштиҳои борие, ки аз банодири Украина эъзом мешаванд ихтисос диҳанд.

Ӯ изҳор кард: «ман бо чанд кишвар бар сари истифодаи Украиниҳо аз киштиҳои қудратманди хориҷӣ барои таъмини амнияти корвонҳо тавофуқ кардаам.»

Раисҷумҳури Украина муддаӣ шуд, Киев мехоҳад бо дарёфти кумакҳои ҷадид аз сӯи муттаҳидон ва афзоиши зарфияти тавлиди худ масъалаи камбуди таслиҳоти зиддиҳавоӣ худро ҳал кунад ва дар ин раванд пешрафт касб кардааст.

Владимир Зеленский изофа кард: «мо дархости бархе сомонаҳои падофанди ҳавоиро доштаем. Мо дар посухи ҷузъиёте дар бораи инки ин сомонаҳо аз чӣ замон шурӯъ ба муҳофизат аз каридури содироти ғаллоти Украина кунанд дарёфт кардаем. Чун ҳам ин каридур ва ҳам мардум муҳим ҳастанд.»

Зеленский дар вокуниш ба эътирозоти ронандагони мошинҳои сангини полшавӣ ва словакӣ, ки ҷилави интиқоли бахши умдае аз маҳмулаҳои ғаллоти Украина аз масири заминиро дар рӯзҳои ахир гирифтаанд гуфт, мушкили ин кишварҳо ба далели сиёсатҳои дохилии худашон аст.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз замони оғози ҷанги Украина дар феврали 2022 даҳҳо миллиард доллар таслиҳот ба Киев ирсол карда ва ба тадриҷ силоҳҳои сангинтар ва пешрафтатаре шомили танкҳои ҷангии аслӣ, сомонаҳои падофанди ҳавоӣ назири «Патриот» ва мушакҳои дурбурде ҳамчун мушаки англисии “Сояи тӯфон”-ро дар ихтиёри ин кишвар қарор додаанд.

Русия дар феврали 2022 баъд аз таҷрибаи чандин моҳаи пуртаниш бо НАТО ба думболи дархости кумаки ҷумҳуриҳои минтақаи Донбасс дар шарқи Украина амалиёти низомии вижаеро бо маъмурияти ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ ин кишвар оғоз кард.

Аврупоиҳо пеш аз амалиёти Русия дар феврали 2022 дар Украина, бо хусумат нишон додан алайҳи Русия ва нодида гирифтани мутолибот ва манофеъи амниятии Масква заминасози бурузи ҷанг дар Украина шуда ва дар ҷараёни ин амалиёт низ ҳимоятҳои ҳамаҷонибаеро аз Украина ба амал овардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад