Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахши коррупсия

Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба гузориши манбаъ:

Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024-2025 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ санади нави ҳамкорӣ зимни мулоқоти директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Прокурори генералии Озарбойҷон Камран Алиев, ки дар шаҳри Боку баргузор шуд, имзо гардид.

Қайд карда шуд, ки баимзорасонии ин барнома ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев сурат гирифт ва дар он муносибатҳои боэътимоди байни ду кишвар дар ҳамаи самтҳо баррасӣ шуд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки соли равон сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон хеле бобарор будааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сироҷиддин Меҳриддин”, вазири умур хориҷа ва “Ҷайҳун Байрамоф” вазири умури хориҷаи Озарбойҷон бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин дидор, ки дар чорчуби бисту ҳаштумин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои “ECO ” дар Озарбойҷон баргузор шуд, ду тараф алоқамандии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба эълом карданд.

Дар ин росто, бар лузуми истифода аз фурсатҳо барои тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузории ду кишвар ба вижа дар заминаҳои барқобӣ, ҳамлу нақл, иртиботот, кишоварзӣ ва гардишгарӣ таъкид шуд.

Сарони неҳодҳои дипломатики Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамчунин дар мавриди ҳамкории ду кишвар дар чорчуби Созмонҳои байналмилалӣ ва соири мавзӯъоти мавриди алоқаи ду тараф баҳс ва табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи кишварамон Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони неҳодҳои дипломатики кишварҳои ECO ҳамчунин бо “Маҳдии Сафарӣ, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва тавсеа равобити дуҷониба ва чанд ҷониба байни ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, санъатӣ, энержӣ, фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ғайраро баррасӣ карданд.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди соири мавзӯъоти дастурикори минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад