Нетанёҳу ва кобинаи ифротии ӯ бозндаи аслии ҷанги Ғазза

Бидуни шак таҳаввулоти ахири Навори Ғазза бар ҳамагон мушаххас аст, шикасти муҳрази саҳюнистҳо дар ҷанги иттилоотӣ ва низомӣ бо Ҳамос. Дар ин муодила, Нетанёҳу мисдоқи комили нокомии режими ишғолгари Қудс ва бозндаи аслии ҷанги Ғазза маҳсуб мешавад.

Ҳатто генералҳои артиши саҳюнистӣ ва сиёсатмадорони вобаста ба ҳизби “Ликуд” (ҳизби Бенёмин Нетанёҳу) эътироф кардаанд, ки дар пайи амалиёти “Тӯфон Ал-Ақсо” мутааҷҷиб шуда ва қудрати муҳосиботи ҳадди ақалии худро дар пешбинӣ ва мувоҷиҳа бо муқовимати Фаластин аз даст додаанд. Дар чунин шароите хатти қирмизи нахуствазири режими ишғолгари Қудс поёни ҷанг аст, зеро бо эъломи оташбас (ба ҳар наҳви мумкин), вай дар баробари хашми густардатари сокинони арозии ишғолӣ нисбат ба шикасти ҳамзамон дар ҷабҳаи сиёсӣ ва низомӣ чорае ҷуз истеъфо ва барканории нохоста аз қудрат надорад.

Шабакаи 13 режими саҳюнист низ эълом кард, натоиҷи охирин назарсанҷӣ нишон медиҳад, 76 дарсади сокинони сарзаминҳои ишғолӣ хоҳони истеъфои Бенёмин Нетанёҳу ҳастанд ва танҳо 18 дарсад хоҳони бақоимондани ӯ дар қудрат ҳастанд. Ин хабар дар канори таҳлили ҳазинаҳои ҷанги Ғазза ва Тӯфон Ал-Ақсо бар иқтисод, ҷойгоҳи байналмилалӣ ва амнияти режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, аввалин қурбонии таҳаввулоти минтақа Бенёмин Нетанёҳу нахуствазир хоҳад буд.

Ба ин маъно, ки саҳюнистҳо дар канори Ғарб талош хоҳанд кард бо гузар аз Нетанёҳу раванди суқути режими саҳюнистиро ба таъхир бияндозанд. Бархилофи тасаввури афкори умумӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, ҳазинаи ҷанги Ғазза бар кулли режими ҷинояткори саҳюнистӣ таъсиргузор буда ва онҳо дигар дар маҳдудаи амн зиндагӣ нахоҳанд кард. Албатта дар ҳавзаи иқтисод низ системи ин режими ғосиб ва ҷинояткор ба ҳам рехтааст ва алон аз лиҳози тавлид низ дар бадтарин вазъияти мумкин қарор дорад, ки муқассири аслӣ онро Нетанёҳу медонанд. Додаҳои иттилоотӣ нишон медиҳанд, ҳазинаи мустақими ҷанги Ғазза тайи ҳафтаҳои гузашта барои иқтисоди Исроил беш аз 11/1 миллиард шикл баровард шудааст.

Бинобар ин ба назар мерасад, ки ҳар замон ҷанги Ғазза поён пайдо кунад, Бенёмин Нетанёҳу ночор аст ба дархости густурдаи сокинони арозии ишғолӣ мабнӣ бар истеъфо тан диҳад ва ба ҳамин сабаб, дарсадади наҷоти ҳадди ақалии худ ба қимати фурӯрафтани бештари саҳюнистҳо дар ботлоқи ҷанги Ғазза мебошад. Ахиран раҳбари инқилоби исломии Эрон, “Сайд Алии Хоманӣ”, таъкид фармуданд, ки саҳюнистҳо ҳар иқдоме сурат диҳанд, қудрати авом фаребӣ ва китмони шикасти бузурги худ дар амалиёти ахири “Тӯфон Ал-Ақсо”-ро нахоҳанд дошт.

Назарсанҷиҳо ва таҳқиқоти майдонӣ дар арозии ишғолӣ дақиқан чунин мавзӯъеро таъйид мекунад. Шикаст дар амалиёти Тӯфон Ал-Ақсо, табдил ба як қадри мутаяққан ва пеш фарзи тасбитшуда дар азҳон шудааст.

Яке аз масодиқи дигари шикасти саҳюнистҳо дар набарди ахири Ғазза, марбут ба абъоди равонӣ ва таблиғоти набард аст. Агарчи саҳюнистҳо бо кумаки расонаҳои амрикоӣ ва саҳюнистӣ саъй дар таҳрифи фаромтанӣ ва вақойеъи набард карданд, аммо дар ниҳоят қудрати тасвирсозии козиби худ аз вақойеъи талхи Ғаззаро аз даст доданд. Сҳюнизмситезӣ мутаоқиби амалиёти Тӯфон Ал-Ақсо дар ҷаҳон ташдид шуда ва бар хилофи ончи Телавив тасаввур мекард, дучори уфул нашуд. Дар ҳар ҳол, домана ва умқи шикасти режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза сирфан маҳдуд ба абъоди низомӣ – амниятӣ намешавад. Саҳюнстҳо дар ҷанги таркибӣ дар баробари Ҳамос ва нерӯи муқовимат бо мавонеи сахте мувоҷеҳ шудаанд, ки дар муҳосиботи қаблии онҳо (дар ҳар ду буъди фароминтақавӣ ва минтақавӣ) лиҳоз нашуда буд. Дар буъди майдонӣ ва иттилоотӣ, камокон бисёре аз генералҳо ва таҳлилгарони масоили стратегӣ дар арозии ишғолӣ мӯътақиданд, ки Телавив қудрати тасаллут бар саҳна ва ояндапажӯҳӣ ончи дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ мегузарадро аз даст дода ва кунишгарии кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ ҷиҳати басти доманаи набард (аз набарди мушакӣ ба набарди заминӣ), сирфан вокуниши аз сари ноумедӣ маҳсуб мешавад.

Бинобар ин, мунтақидони Бенёмин Нетанёҳу ва вазорати ҷанги режими ишғолгари Қудс мӯътақиданд истимрори набард бар асоси таваҳҳумоти нахуствазири режими ишғолгари Қудс ва афроде монанди Бенгуир ва Смотрих, натиҷае ҷуз мувоҷиҳаи Телавив бо шикастҳои ҷадиди осебзо, ки бунён ва саботи роҳбурдӣ дар арозии ишғолиро ба чолиш мекашд, нахоҳад дошт. Дар чунин шароите таваққуфи набард ё идомаи ҷанг, ҳар ду мутазаммини шикасти Нетанёҳу хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад