Тӯби таваққуф ё густариши доманаи ҷанг дар замини Натанёҳу ва артиши саҳюнистӣ

Амалиёти “Тӯфони Алақсо” дар ҳоле вориди бистунуҳумин рӯзи худ шудааст, ки артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба қатли оми мардуми Ғазза идома медиҳад ва дар талош аст шикастҳои заминии худро бо куштору қатли оми ғайринизомиён ҷуброн кунад.

Созмонҳои вобаста ба СММ эълон карданд, ки 67 дарсад аз шуҳадои ҳамлаи низомии режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз оғози амалиёти “Тӯфони Алақсо” то кунун занону кӯдакон ҳастанд.

Ин ниҳодҳо Сандуқи Кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Ожонси имдоду кори Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ дар Ховари наздик (Онраво), Ожонси саломати ҷинсиву борварии Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро шомил мешавад.

Дар баёнияи муштараки ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милал гуфта шудааст, ки зиндагии навзодон ба як мӯ банд аст ва агар сӯхти бемористонҳо тамом шавад, зиндагии ҳудуди 130 навзоди норас, ки ба муроқибатҳои махсусу муроқибатҳои вижа ниёз доранд, ба хатар хоҳад афтод.

Тибқи тахмини ин ниҳодҳо 50 ҳазор зани бордор дар Ғазза вуҷуд дорад, ки беш аз 180 нафар аз онҳо дар ҳар рӯз зоимон мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки омори шуҳадои Фаластин аз оғози амалиёти “Тӯфони Алақсо” то кунун ба 9 ҳазору 227 нафар афзоиш ёфтааст, ки 3826 нафар аз онҳоро кӯдакон ва 2405 нафарро занон ташкил медиҳанд. Теъдоди маҷрӯҳони фаластинӣ низ дар ин бозаи замонӣ ба 23516 нафар афзоиш ёфтааст.

Пас аз ин ки режими ишғолгар як моҳ қабл ҷанги ҳамаҷониба алайҳи Ғазза ба роҳ андохт, ҳадафаш озодии асирони худ ва нобудии комили Ҳамос буд, аммо то кунун на танҳо ба ҳеҷ кадом аз аҳдофаш нарасида, балки шумори талафоташ пас аз ирсоли тонкҳояш ба ҷанги Ғазза бисёр зиёд шудааст.

Танҳо дар як зиддиҳамлаи гурдонҳои Алқассом, шохаи низомии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) 6 тонку ду нафарбар ва як дастгоҳ булдозери артиши Исроил нобуд шуд.

“Сараё Алқудс”, шохаи низомии Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин эълом кард, ки артиши Исроил мутаҳаммили хисоратҳои сангине шуда, вале омори воқеии куштаҳои худро эълом намекунад.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ дар охирин омор шумори талафоти худ дар набард бо Ғаззаро 339 нафар эълом кард. Даниел Ҳогори гуфт, Ҳамос 241 асир низ дар ихтиёр дорад.

Радиои режими саҳюнистӣ низ эълом кард, ки аз ибтидои амалиёти “Тӯфони Алақсо” як ҳазору 538 саҳюнист, аз ҷумла 388 неруи артиш куштаву ҳудуди панҷ ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дар чунин шароите дар сурате ки давлати ифротии Натанёҳу камокон бар идомаи ҷанг исрору пофишорӣ кунад, бар талафоти низомии артиши саҳюнистӣ афзуда хоҳад шуд, ба хусус он ки Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тӯби идома ё таваққуфи ҷангро ба замини Амрико ва режими саҳюнистӣ фиристод.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ эътироф карданд, ки ҳамаи саҳюнистҳо пои суханони Сайид Ҳасан Насруллоҳ нишастанд ва ҳамин амр як пирӯзӣ барои ӯ ба шумор меравад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷумъа бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза изҳор дошт, эҳтимоли густарда шудани ҷанг аз тарафи ҷабҳаи Лубнон ва табдили ин набард ба як набарди густардаву бузург вуҷуд дорад ва ин як эҳтимоли воқеӣ аст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ хитоб ба амрикоиҳо гуфт, Шумо метавонед таҷовуз ба Ғаззаро мутаваққиф кунед, зеро ин ҷанги шумост ва касоне ки мехоҳанд аз ҷанги минтақаӣ ҷилавгирӣ кунанд, бояд барои таваққуфи таҷовуз ба Ғазза иқдом кунанд. (Дар ғайри ин сурат) дар ҳар ҷанги минтақаӣ масолеҳу низомиёни шумо қурбонӣ хоҳад шуд ва шумо бузургтарин бозанда хоҳед буд.

Дабири кулли Ҷумбиши Нуҷабои Ироқ бо ситоиш аз изҳороти сайиди муқовимат гуфт, ки муҷоҳидони ироқӣ барои ҷанги ҳамзамон алайҳи ишғолгарони исроиливу амрикоӣ аз тавону омодагии кофӣ бархӯрдоранд.

Бо тавваҷуҳ ба ин ки Ҷумбиши муқовимати Фаластин ва Лубнон мувофиқати худро барои таваққуфи ҷангу оташбас эълом кардаанд, масъулияти идомаву густариши доманаи ҷанг ва паёмадҳои он ҳамонанди оғози ҷанг мутаваҷҷеҳи артиши саҳюнистӣ ва давлати ҷангталаби Натанёҳуст ва ба назар мерасад яке аз натоиҷи суханони Сайид Ҳасан Насруллоҳ афзоиши фишорҳои байналмилалӣ алайҳи режими саҳюнистӣ дар заминаи таваққуфи ҷангу афзоиши фишорҳо барои истеъфои Натанёҳу дар дохили Фаластини ишғолӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад