Назорати ҷиддии Русия ба вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар

Чунин чораҳо барои он заруранд, то шахсоне, ки маълумоти ному насабро иваз мекунанд, нагузоранд ба қаламрави Русия ворид шаванд.

Чунин чораҳо барои он заруранд, то шахсоне, ки маълумоти ному насабро иваз мекунанд, нагузоранд ба қаламрави Русия ворид шаванд.

Ба гузориши манбаъ:

Қарор аст, дар фурудгоҳҳои Маскав изи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон ҳангоми вуруд ба пойтахт ҷорӣ шавад.

Дар ин бора сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова хабар дод.

Қайд карда мешавад, ки чунин иқдом аз ҷониби ҳукумати Маскав низ сурат гирифтааст.

Вай  гуфт:

“Дар ҳар як фурудгоҳи маркази ҳавоии Маскав меҳмонон изи ангушт ва аксбардорӣ карда мешаванд”.

Ба гуфтаи вай, ин барои он зарур аст, ки афроде, ки маълумоти насби худро иваз мекунанд, ба қаламрави Русия ворид нашаванд.

Сабти изи ангуштон усули муайян кардани шахс аст, ки бар асоси вижагии шакли пӯст сурат мегирад. Ин принсип дар илми криминалистӣ васеъ истифода мешавад.

Қаблан дар Русия афзоиши шумори муҳоҷирон сабт шуда буд. Бар асоси натоиҷи 8 моҳи соли 2023 афзоиши иҷозатномаҳои кор 20% -ро ташкил дод.

Қайд карда мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ 110,5 ҳазор иҷозатномаи кор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 19,6% зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки аз ин 46,1 ҳазор ҳуҷҷат ба мутахассисони баландихтисос дода шудааст – дар ин ҷо афзоиш 0,9 фоизро ташкил додааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сарвазири Русия зарур хонд, ки мақомоти марбутаи кишвар ба таври муассир он шаҳрвандони хориҷиеро ошкор кунанд, моил ба қонуншиканиҳо мебошанд.

Қонуншиканиҳои хориҷиён дар Русия вокунишҳои иҷтимоӣ дар пай доранд, изҳор дошт сарвазири кишвар, Михаил Мишустин.

Вай зимни ҷаласаи ҳукумат дар масоили марбути ҳузури хориҷиён дар Русия, хостори таҳкими назорати бахши муҳоҷират дар кишвар шуд.

Вай изҳор дошт:

“Таъмини сатҳи дурусти назорат аз болои будубоши коргарони хориҷӣ дар Русия муҳим аст. Бояд ба таври муассир афроди моил ба қонуншиканӣ ошкор карда шаванд”.

Сарвазир дар ин замина аҳамияти рақамисозиро таъкид кард, ки бояд дар соҳаи муҳоҷират татбиқ карда шавад.

Таъкиди Мишустин дар ҳолест, ки ин масъала ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русия низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев гуфт, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар аз соли 2021 ба ин сӯ кам шуда истодааст, аммо адади ҷиноятҳои содиркардаи онҳо меафзояд.

Вазир ба ёдоварӣ, ки Русия ҳоло аз рӯи шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум қарор дорад, мубориза бо амалҳои ғайриқонунии онҳоро ниҳоят муҳим хонд.

Колоколтсев таъкид намуд, ки Русия ҳамеша меҳмонон аз кишварҳои дигарро хуш пазироӣ мекунад, вале онҳо бояд волоияти қонунро аз одатҳои худ боло донанд, қоидаву меъёрҳои рафтори дохили кишварро риоя кунанд, анъана ва арзишҳои ахлоқиро эҳтиром гузоранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад