Ирсоли боз даҳҳо тонна кумаки башардӯстонаи Русия ба Ғазза

Ду ҳавопаймои вижаи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия барои аҳолии навори Ғазза 60 тонна бори башардӯстона интиқол медиҳанд.

Ду ҳавопаймои вижаи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия барои аҳолии навори Ғазза 60 тонна бори башардӯстона интиқол медиҳанд.

Тайи тақрибан ду ҳафтаи охир ин бастаи сеюми кумакҳои башардӯстонаи Русия мебошад, ки Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба осебдидагони Ғазза мерасонад.

Ҳавопаймоҳои Ил-76 аз фурудгоҳи Грозний ба Миср парвоз карданд ва дар он ҷо кумак ба намояндагони Ҳилоли Аҳмар супурда мешавад ва сипас онро ба аҳолии навори Ғазза равона мекунанд.

Ин бастаи сеюми кумакҳои башардӯстонаи Русия мебошад, ки Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба осебдидагони Ғазза мерасонад.

Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дастур дода буд, ки ба сокинони навори Ғазза кумаки башардӯстона расонад.

Ҳамин тариқ, 28 тонна бор дар ду ҳавопаймои Ил-76-и Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ барои интиқоли минбаъда ба навори Ғазза ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Миср ирсол гардид. Аз ин пештар 27 тони дигар фиристода шуда буд. Кӯмаки башардӯстона доруҳо, гемостатикҳо ва либосҳоро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки навори Ғазза аз авоили моҳи октябр ба таври муназзам мавриди ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта, бар асари ҷиноятҳои режими ишғолгар ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, беш аз 9 ҳазор нафар шаҳид ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шудаанд ва зербиноҳо тахриб шудаанд.

Қазия аз он оғоз шуд, ки 7 октябр Ҳамос дар посух ба ҷиноятҳои ваҳшиёнаи Исроил ҳамлаи худро бо номи Тӯфони Ақсо оғоз кард. Дар посух, мақомоти исроилӣ ба муҳосираи Ғазза оғоз карданд ва мардумро аз нерӯ ва ғизо маҳрум карданд ва ваҳшиёна ҷиноятҳои худро идома додаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад