Сайидҳасан Насруллоҳ: Ғазза пирӯзи қатъии ҷанг хоҳад буд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханронии имрӯзаш таъкид кард: “танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз густариши набард, таваққуфи таҷовуз ба Ғазза аст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханронии имрӯз бо баёни инки ин гурӯҳи муқовиматӣ вориди ҷанги тамомаёр алайҳи режими саҳюнистӣ шудааст, гуфт: “танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз густариши набард, таваққуфи таҷовуз ба Ғазза аст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон имрӯз ҷумъа дар соати 15 ба вақти маҳаллӣ, дар маросими таҷлил аз шаҳидони роҳи Қудс, ки тавассути Ҳизбуллоҳ баргузор шуд, суханронии худро оғоз кард.

Сайидҳасан Насруллоҳ суханони худро бо таҷлил аз шаҳидони роҳи Қудс оғоз кард ва гуфт: “ман аз ин ҳузури бузург ва бошукӯҳ дар ҷашни сарафрозӣ ва ифтихори худ ба шаҳидон истиқбол мекунам, ҳамаи шаҳидоне, ки имрӯз дар маросими таҷдиди байъат бо онҳо гирди ҳам омадаем.”

Вай афзуд: “касби ин ифтихори илоҳиро ба хонаводаҳои муаззами шаҳидон табрику таҳният арз мекунам ва аз Худованди Мутаол хосторам, ки ин ибодатро аз мо қабул кунад. Ҳамчунин ба хонаводаҳои ҳамаи шаҳидони набарди Тӯфони Ақсо, ки имрӯз дар беш аз як ҷабҳа ва арса идома дорад, табрик ва таслият мегӯям.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард: “шуҳадо зинда ҳастанд ва аз ин рӯ ин шаҳодат бар шуҳадои мубориз ва мардон ва занон ва кӯдакон мазлум муборак бод.”

 Набард бо саҳюнистҳо комилан машрӯъ аст

Вай дар идома гуфт: “агар бихоҳем набардеро ҷустуҷӯ кунем, ки аз манзари инсонӣ, ахлоқӣ ва мазҳабӣ комилан машрӯъ бошад, ҳеҷ набарде монанд набард бо саҳюнистҳои ишғолгар Фаластинро намеёбем. Ин набард дар ҳамаи сатҳҳои он ҷои ҳеҷ тардиде надорад ва яке аз боризтарин ва барҷастатарин масодиқи ҷанг дар роҳи Худо аст.”

Вай афзуд: “қудрати воқеии мо пеш аз силоҳ ҳамоно имон, басират, огоҳӣ, илтизоми амиқ ба ормони Фаластин ва омодагии азими хонаводаҳои шаҳидон барои фидокорӣ аст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: “наметавон азамат, устуворӣ ва сабри мардуми Ғаззаро бо калимот баён кард ва дар мавриди мардуми Каронаи Бохтарӣ низ чунин аст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ бар размандагони ироқӣ ва яманӣ, ки вориди ин набард шуданд, дуруд фиристод ва афзуд: “шароити солҳои ахир дар Фаластин ба вижа бо ин давлати тундрав, кавдан, нодон ва ваҳшӣ бисёр сахт будааст.”

Вай таъкид кард: “мо ба ҳамаи касоне, ки аз кишварҳои арабӣ, исломӣ ва Амрикои Лотин ҳамбастагӣ, ҳимоят ва пуштибонии худ аз мардуми Фаластинро эълон карданд, дуруд мефиристем.”

 Тӯфони Ақсо 100% фаластинӣ буд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома гуфт: “тасмимгирӣ барои амалиёти бузург ва мубораки Тӯфони Ақсо ва иҷрои он сад дар сад фаластинӣ буд ва тарроҳони ин амалиётро аз ҳама ҳатто аз ҷиноҳҳои муқовимат дар Ғазза пинҳон карданд. Маҳрамона будани комили амалиёт ҳамон чизе аст, ки муваффақияти чашмгири онро аз тариқи унсури ғофилгирӣ тазмин кард.”

Вай афзуд: “ин амалкарди бародарон дар Ҳамос ҳувияти воқеии набард ва аҳдофро собит кард ва душманонро аз хатоҳои онҳо боз дошт, ба вижа замоне, ки сухан аз равобити ҷиноҳҳои муқовимат дар сатҳи минтақаӣ буд. Набарди Тӯфони Ақсо ва иттилоъ надоштани дигарон аз он, собит мекунад, ки ин набард комилан фаластинӣ ба хотири мардуми Фаластин ва масоили онҳост ва иртиботе ба парвандаи минтақаӣ ва байналмилалӣ надорад.”

Вай бо ишора ба инки Эрон ошкоро аз меҳвари муқовимат ҳимоят мекунад, вале дар Тӯфони Ақсо ҳеҷ дахолате надоштааст, афзуд: “ончи Тӯфони Ақсо нишон дод, таъйидкунандаи он аст, ки Эрон бар гурӯҳҳои муқовимат султа надорад ва тасмимгирандагони воқеӣ дар ин гурӯҳҳо раҳбарони муқовимат ва муҷоҳидони он ҳастанд.”

 Режими саҳюнистӣ сусттар аз хонаи анкабут аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “набарди Тӯфони Ақсо зилзилаи амниятӣ, сиёсӣ, низомӣ, равонӣ ва маънавӣ дар режими саҳюнистӣ дар пай доштааст. Набарди Тӯфони Ақсо, заъфи душманро собит кард ва нишон дод, ки режими саҳюнистӣ ҳақиқатан аз хонаи анкабут сусттар аст.”

Вай гуфт: “кобинаи душмани саҳюнистӣ дар як моҳи гузашта ва дар ҳафтаҳои оянда ҳар иқдоме анҷом дода ва бидиҳад, ҳеҷгоҳ наметавонад паёмадҳои роҳбурдии Тӯфони Ақсо барои ин режим тағйир диҳад. Тӯфони Ақсо марҳилаи таърихӣ ҷадидеро дар набард бо душмани саҳюнистӣ падид овард. Иҷрои амалиёти Тӯфони Ақсо тасмими ҳакимона, шуҷоъона ва дуруст дар замони муносиб буд ва шоистаи ин мизони фидокорӣ аст. Дар амалиёти Тӯфони Ақсо аз ҳамон соатҳои аввалияи равшан буд, ки душман сардаргум шудааст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд: “ҳар артише, ки дорои ҷанганда ва мушак бошад, қодир аст кореро анҷом диҳад, ки артиши режими саҳюнистӣ дар Ғазза анҷом дод, аммо бо вуҷуди ин иқдомот, ин режим ҳеҷ дастоварде надоштааст.”

Вай бо ишора ба инки режими саҳюнистӣ аз таҷрибаҳои мувоҷеҳаи худ бо ҷунбишҳои муқовимат дар Лубнон ва Фаластин дарс нагирифтаанд, афзуд: “душмани саҳюнист ҳамон иштибоҳи соли 2006-ро такрор кард дар он замон низ аҳдофи бисёр баландпарвозонаро матраҳ кард, аммо дар ниҳоят маҷбур шуд аз он аҳдоф кӯтоҳ биёяд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард: “артиш режим саҳюнисти аз оғоз кардани амалиёти заминии бузург дар Ғазза худдорӣ мекунад, чун тарсон, фурӯмонда ва бозанда аст.”

Вай афзуд: “ин режим дар соли 2006 ҳадафи худро дар ҳам шикастани комили муқовимат дар Лубнон, бозгардондани ду асири худ бидуни музокира ва мубодила эълон карданд, аммо дар муддати 33 рӯз ба ҳеҷ кадом аҳдофи худ нарасиданд.”

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идома гуфт: “коре, ки саҳюнистҳо анҷом медиҳанд куштори мардум дар Ғазза аст, чаро, ки бештар шаҳидонро кӯдакон, занон ва ғайринизомиён ташкил медиҳад.”

 Моҳияти даррандагии режими ишғолгар

Наслуллоҳ бо таъкид бар инки Амрико масъули аслии ҷанг дар Ғазза аст ва режими саҳюнистӣ фақат олати дасте барои иҷрои он аст, афзуд: “аз ин рӯ гурӯҳҳои муқовимати Ироқ ба пойгоҳҳои Амрико ҳамла карданд.”

Вай идома дод: “Ғазза пирӯз хоҳад шуд ва душман бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд ва саҳюнистҳо бояд инро бидонанд. Ончи дар Ғазза рӯй медиҳад, нишондиҳандаи моҳияти даррандасифатии режими ғосиби саҳюнистӣ аст, ки абарқудратҳо онро дар минтақа эҷод карданд.”

Ӯ гуфт: “вазифаи ҳар инсони озода ва шариф дар ин дунё аст, ки ба ин ҳақиқатҳое, ки дар набарди афкори умумӣ дар мавриди он сӯҳбат кардем ишора кунад, афкори умумии байналмилалӣ шурӯъ ба муқобила бо ин золимони ҷинояткор кардааст, ки кӯдакон ва занонро мекушанд. Баъд аз амалиёти Тӯфони Ақсо, вазъият мисли қабл нест ва ин ҳамон чизе аст, ки масъулиятпазирии ҳамаро металабад. Дар соли 1948, ки ҷаҳон мардуми Фаластинро раҳо кард, ин режим таъсис шуд ва мардуми Фаластин ва ҳамаи мардуми минтақа авоқиб ва паёмадҳои онро диданд. Лубнон яке аз кишварҳое буд, ки аз ҳузури ин режими ғосиб бештарин осебро дид.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо таъкид бар инки пирӯзии Ғазза дар ҷиҳати манофеи миллии Миср, Урдун ва Сурия ва дар дараҷаи аввал дар ҷиҳати манофеи миллии Лубнон аст, афзуд: “душман дар шенҳои Ғазза дафн мешавад, аммо мардуми Лубнонро ба рехтани хуни кӯдакон ва занони Ғазза ва масоҷид ва келисоҳо тақвият ва таҳдид мекунад. Кишварҳои арабӣ бояд барои таваққуфи таҷовуз ба Ғазза талош кунанд, маҳкум кардани кофӣ нест, балки қатъи равобит ва ихроҷи сафирон роҳи чора аст. Мутаассифона дар гузашта сухан аз қатъи содироти нефт ба Амрико буд, аммо имрӯз мехоҳем содирот ба Исроил мутаваққиф шавад! Оё тавони боз кардани гузаргоҳ Рафаҳро низ надоред?”

Лубнон аз 8-уми октябр вориди набард шудааст

Вай афзуд: “муқовимати исломии Ироқ ба масъулияти худ амал мекунад ва вуруд ба марҳилаи ҷадидро эълон кардааст. Ончи дар ҷабҳаи Лубнон рӯй медиҳад муҳим ва бисёр муассир аст. Муқовимати исломии Лубнон аз 8 октябр вориди набарди воқеӣ шудааст ва ин масъаларо фақат ашхосе, ки дар марзҳо ҳастанд, метавонанд дарёбанд.”

Вай бо таъкид бар инки муқовимати исломӣ дар тамоми сатҳҳо вориди набард шудааст, гуфт: “мардуми Яман бо вуҷуди ҳамаи таҳдидҳо, чандин ибтикор амал ба харҷ дода ва ҳамалоти мушакӣ ва паҳподиро алайҳи пойгоҳҳои низомии режими саҳюнистӣ дар ҷануби Фаластин ишғолӣ иҷро карданд. Ончи дар ҷабҳа дар Лубнон низ дар ҷараён аст дар таърихи ин режим бесобиқа будааст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд: “душман рӯзи шанбе 7 октябр неруҳои худро аз марзи Лубнон хориҷ кард, то онҳоро ба Ғазза бифиристад, дар ҳоле, ки рӯҳияи худро бохта буданд. Амалиёти муқовимати Лубнон душманро водор кард, ки неруҳои худро на фақат дар марз нигаҳ дошта, балки ба теъдоди онҳо низ изофа кунад. Ҷабҳаи Лубнон бахши зиёде аз тавони қувваҳои душманро фарсуда кардааст. Неруҳое, ки қарор буд ба Ғазза ҳамла кунанд.”

Вай идома дод: “агар мавзеи муқовимати Лубнон фақат ҳамбастагии сиёсӣ ва тазоҳурот буд, имрӯз саҳюнистҳо дар марзи шимолӣ осуда буданд ва неруҳои онҳо ба Ғазза мерафтанд. Ҷабҳаи Лубнон тавониста як севуми артиши режими саҳюнистиро ба марзи шимоли Фаластинти ишғолӣ бикашонад, дар ҳоле, ки қарор буд ин неруҳо ба Ғазза эъзом шаванд. Бахши муҳиме аз қувваҳои саҳюнистӣ, ки ба ҷабҳаи шимолӣ эъзом шудаанд, неруҳои ботаҷриба ҳастанд ва ҳамчунин ниме аз қудрати дарёии режими саҳюнистӣ дар дарёи Медитарона рӯбарӯи мо дар бандари Ҳайфо қарор дорад.”

 Густарда шудани ҷанг як эҳтимоли воқеъбинона аст

Вай бо ишора бо инки як чаҳоруми неруи ҳавоии режими саҳюнистӣ дар самти Лубнон мустақар шуда ва наздик ба ниме аз дифои мушакӣ ба самти ҷабҳаи Лубнон нишона рафтааст, афзуд: “ин режим маҷбур ба ҷои диҳҳо ҳазор нафар аз сокинони шаҳракҳо дар шимоли Фаластини ишғолӣ шудааст. Ин амалиёт дар марзҳо боиси эҷоди ташвиш, таниш ва ваҳшат дар байни раҳбари душман ва ҳамчунин дар байни амрикоиҳо шудааст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: “душман нигарони ин аст, ки таниш дар ин ҷабҳа бештар шавад ва ё ин ҷабҳа ба як ҷанг густарда табдил шавад, ин як эҳтимоли воқеъбинона аст ва мумкин аст иттифоқ биафтад ва душман бояд онро ҷиддӣ бишуморад. Ин ҳузур дар ҷабҳа ва ин кори рӯзона дар баробари душман боздорандагӣ эҷод кардааст.”

Вай афзуд: “амалиёти муқовимат дар ҷануби Лубнон паёме ба душман аст, ки ба фикри иртикоби ҳамоқати таърихӣ набошанд.”

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард: “амалиёти муқовимат дар ҷануб ҳомили ин паём ба душман аст, ки ҳамла ба Лубнон ё як амалиёти пешдастона бузургтарин ҳамоқати таърихии худро муртакиб хоҳанд шуд.”

Вай бо ёдоварии ҷиноятҳои режими саҳюнстӣ дар Ғазза, афзуд: “ин саҳнаҳо дар Ғазза моро нисбат ба зарурати тадовуми набард ва таслим нашудани мутмаинтар ва мутақоидтар хоҳад кард.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳамчунин гуфт: “аз рӯзи аввал ба мо гуфтанд агар ҷабҳае дар ҷануб боз кунед, ҳавопаймоҳои амрикоии шуморо бомбаборон мекунанд, аммо ин таҳдид ҳаргиз мавзеи моро тағйир надод. Ин амалиёт дар марз баёнгари ҳамбастагии мо бо Ғазза барои коҳиши фишор бар онҳо аст.”

Вай афзуд: “душман имрӯз тамоми амалиётҳои муқовиматро таҳаммул ва худро контрол мекунад, зеро воқеан метарсад ҳама чиз ба ҳамон шакле пеш биравад, ки аз он тарс дорад.”

Насруллоҳ таъкид кард: “мо кор дар ин ҷабҳаро оғоз кардаем ва густариш ва тавсеаи он ба ду омили асосӣ бастагӣ дорад, аввал сайр ва таҳаввулоти Ғазза ва дувум рафтори душмани саҳюнистӣ дар бораи Лубнон. Ман ба душмани саҳюнистӣ нисбат ба ҳамла ба ғайринизомиёни Лубнон ҳушдор медиҳам ва ин моро ба вазъияти ғайринизомӣ дар муқобили ғайринизомӣ бозмегардонад.”

Пирӯзӣ аз они мо аст

Насруллоҳ дар идома афзуд: “хитоб ба миллати Фаластин ва ҳамаи размандагони муқовимат дар минтақа мегӯям, мо ҳанӯз ба замон ниёз дорем, аммо бо имтиёз пирӯз ҳастем ва ингуна буд, ки дар соли 2006, дар Ғазза ва дар Каронаи Бохтарӣ пирӯз шудем.”

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: “ин набард, набарди устуворӣ, сабр, истиқомат, анбошти дастовардҳо ва ҷилавгирӣ аз дастёбӣ душман ба аҳдофи худ аст ва ҳама бояд талош кунем, то ҷилави таҷовуз ба Ғаззаро бигирем, то муқовимат дар Ғазза пирӯз шавад.”

Вай афзуд: “шахсан аз мавзеи таҷрибаи шахсӣ бо ҳазрати имом Хоманаӣ мувофиқ ҳастам, ки бар яқин ва эътиқоди худ мабнӣ бар пирӯз шудани Ғазза ва пирӯз шудани Фаластин таъкид карданд. Ишон дар ҳамон рӯзҳои аввал таҷовузи саҳюнистҳо [дар ҷанги 33-рӯза] низ ба мо ваъдаи пирӯзӣ дода буданд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар поён гуфт: “Ғазза пирӯз хоҳад шуд, Фаластин пирӯз хоҳад шуд ва мо ба зудӣ барои ҷашн гирифтани он бо якдигар дидор мекунем.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад