Густариши ҳамкориҳо байни Донишгоҳҳои Тоҷикистону Чин

Ҷонибҳо ба роҳ мондани омӯзиши забони чинӣ дар донишгоҳ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва конфронсҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба роҳ мондани омӯзиши забони чинӣ дар донишгоҳ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва конфронсҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Ба гузориши манбаъ:

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳамтои худ аз Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Чин, хонум Ҷон Илей мулоқот кард.

Дар ин бора аз дафтари матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе дар бинои донишгоҳи бузургтарини кишвар баргузор шуд.

Ҷонибҳо дар самти рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи донишгоҳҳо, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф ҳарф зада, ҳамчунин доир ба роҳандозии робитаҳо дар самти барномаҳо табодули афкор намуданд.

Ректорони ин ду донишгоҳ омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин иброз дошта, ҳамчунин омӯзиши забони чинӣ, ташкили курсҳои забономӯзӣ ва конфронсҳои байнулмилалиро баррасӣ кардаанд.

Пас аз вохӯрӣ меҳмонони чинӣ таҳти роҳбарии ректори ДМТ бо Осорхонаи Президенти Тоҷикистон, ки дар бинои факултети иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, шинос шуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба гузориши манобеи хабарӣ, баъд аз зӯҳри имрӯз дар маҳалли китобхонаи миллии шаҳри Душанбе як намоишгоҳи омӯзишӣ ифтитоҳ шуд, ки дар он фурсатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар заминаи омӯзиш ироа гардид.

Бинобар гузориши сафорати Чин дар Душанбе, дар ҷараёни ин намоишгоҳ беш аз 30 донишгоҳи чинӣ тавоноииҳои худро муаррифӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни донишгоҳҳои ду кишвар баррасӣ мешаванд.

Дар чорчуби ин рӯйдод, ҳамчунин қарор аст тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо шавад ва аз беҳтарин донишҷуёни хориҷии фориғуттаҳсили 12 донишгоҳи устони Шаншии Чин, тақдир шавад.

Бар асоси ин гузориш, аз ибтидои соли ҷорӣ, теъдоди визои чинии содир шуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба болотарин ҳадди худ аз оғози ҳамагирии корона, ба вижа дар моҳҳои ахир расидааст. Теъдоди раводиди таҳсилии содир шуда дар муқоиса бо замони мушобеҳ, ки дар болотарин сатҳ дар таърих қарор гирифта буд, 20 дарсад бештар шудааст.

Ҳамчунин мароҳили дарёфти раводед ва табодули кадрҳо ба таври қобили таваҷҷуҳе содда шудааст, ки муофият аз ироаи асари ангушт барои бархе аз афрод ва ҳамчунин лағви лузуми ироаи озмоиши корона барои касоне, ки ба Чин сафар мекунанд, аз он ҷумлааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад