Ҷӯшиши эҳсосоти мусулмонон нисбат ба ҳаводиси Фаластин

Александр Дугин, мутафаккири рус дар вокуниш ба иттифоқоти фурудгоҳи Доғистон гуфт: ин ҳодиса баёнгари ҷӯшиши эҳсосоти мусулмонон нисбат ба ҳаводиси Фаластин аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Александр Дугин, мутафаккири рус дар мавриди иттифоқоте, ки дар фурудгоҳи шаҳри Махачкала, пойтахти Ҷумҳурии Доғистон иттифоқ афтод гуфт: ҳаводиси Доғистон мизони эҳсосоти ҷаҳони Исломро нишон медиҳад, ки бо мушоҳидаи ҷиноёт дар Ғазза барои ҳимоят аз Фаластин дар ҳоли ҷӯшиш аст.

Ин мутафаккири ва андешаманди рус афзуд: ду миллиард мусулмон дар воқеъ вориди раванди нафрат аз Исроил ва Ғарб мешаванд, ки якҷониба ва бидуни қайд ва шарт аз ин режим ҳимоят мекунад.

Дугин бо ишора ба видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон мунташир шуд гуфт: акнун ҳамаи дунё дар ҳоли баҳс дар бора ин видео ҳастанд ва ҳар чизе мумкин аст далеле барои вахомати баргаштнопазири авзоъ шавад, ки қобили контрол нест.

Дугин пештар гуфта буд: неруҳои ҷаҳони Ислом, ки ҳанӯз рӯъёи миёнҷигарӣ ва оддисозии равобити Исроил ва Фаластинро дар сар мепарваронанд, хоинони ба Ислом ва башарият ҳастанд. Вай афзуд: ҷаҳони Ислом ба ваҳдат ва ҳамбстагӣ ниёз дорад на масканҳое, ки ваҳдати Исломиро хадшадор кардааст.

Якшанбе шаб, неруҳои амниятии Русия садҳо тарафдори Фаластинро, ки ба фурудгоҳи Доғистон ҳуҷум оварда буданд, аз ин макон берун карданд.

Якшанбе шаб бо интишори хабаре мабни бар фуруди як ҳавопаймои исроилӣ дар фурудгоҳи аслии Доғистон, садҳо нафар аз мардуми ин минтақаи худмухтори Русия ба фурудгоҳ ҳуҷум оварданд то эътирози худро ба ин мавзӯъ нишон диҳанд. Неруҳои амниятии Русия низ бо ҳаракат ба самти фурудгоҳ, онро бозгушоӣ ва мардумро берун карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад