Ҳама дар дунёи Ислом вазифа доранд ба мардуми Фаластин кӯмак кунанд

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон,  дар дидори Шайх Иброҳими Закзокӣ, раҳбари ҷунбиши Исломии Нигерия ва ҳамсари вай, фармуданд: ҳама дар дунёи Ислом вазифа доранд ба мардуми Фаластин кӯмак кунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар дидори Шайх Иброҳими Закзокӣ раҳбари ҷумбиши Исломии Нигерия ва ҳамсари вай, бо қадрдонӣ аз муҷоҳидатҳои вай ва хонаводааш, қудрати рӯзафзӯни Ислом дар ҷаҳон ба рағми тавтеаҳои густардаро натиҷаи муҷоҳидатҳо донистанд ва бо ишора ба шароити Фаластини ишғолӣ ва ба вижа Ғазза гуфтанд: имрӯз яке аз мазоҳири қудрати Ислом ҳамин масоиле аст, ки дар Фаластин дар ҳоли рӯй додан аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон пеш аз зуҳри имрӯз дар дидори Шайх Иброҳими Закзокӣ, раҳбари ҷумбиши Исломии Нигерия ва ҳамсари вай, бо қадрдонӣ аз муҷоҳидатҳои вай ва хонаводааш, қудрати рӯзафзӯни Ислом дар ҷаҳон ба рағми татеаҳои густардаро натиҷаи муҷоҳидатҳо донистанд ва бо ишора ба шароити Фаластини ишғолӣ ва ба вижа Ғазза гуфтанд: имрӯз яке аз мазоҳири қудрати Ислом ҳамин масоиле аст, ки дар Фаластин дар ҳоли рӯй додан аст.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон таъкид карданд: қазоёи рӯзҳои ахири Фаластин ба вижа бомбаборонҳо ва шаҳодати занон ва кӯдакон ва мардон, дили инсонро маҷрӯҳ мекунад, аммо бахши дигаре аз ин қазоё нишондиҳандаи қудрати боварнакардании Ислом дар Фаластин аст ва бо лутф ва инояти Худованди Мутаол ин ҳаракате, ки дар Фаластин оғоз шудааст, ба пеш хоҳад рафт ва мунҷар ба пирӯзии комили фаластиниҳо хоҳад шуд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: ҳама дар дунёи Ислом вазифа доранд ба мардуми Фаластин кӯмак кунанд.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон ташкили низоми исломӣ дар Эрон ва шаклгирии ҳукумати бар мабнои тафаккури Исломи сиёсӣ баъд аз қарнҳои мутамодиро яке аз вуҷуҳи қудрати Ислом баршумурданд ва таъкид карданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз замони таъсис токунун рӯз ба рӯз қавитар шуда ва дар оянда низ қавитар аз ҳол хоҳад шуд.

Ишон фаъолиятҳои исломӣ дар дунёро рӯз ба рӯз дарҳоли густариш хонданд ва афзуданд: имрӯз ҳаракати исломӣ дар нуқоти мухталифи дунё ҳамчун Африқо, Осиё, Аврупо ва Шимоли Амрко дарҳоли густариш аст ва бо инояти Худованд, муваффақиятҳои ин ҳаракат бо қудрати бештаре идома хоҳад шуд.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ дидор бо Шайх Закзокӣ ва хонаводаи вайро бисёр хушҳолкунанда хонданд ва хитоб ба онон гуфтанд: шумо мисдоқи муҷоҳиди ҳақиқии фи сабилиллоҳ ҳастед ва умедворем, ки битавонед муҷоҳидати худро идома диҳед.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад