Асароти ҷонӣ ва молии расида аз офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд зимни ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа изҳор доштанд, ки дар вилоят бар асари офтаҳои табиӣ дастикам шаш нафар ҷон бохтанд.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд зимни ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа изҳор доштанд, ки дар вилоят бар асари офтаҳои табиӣ дастикам шаш нафар ҷон бохтанд.

Ба гузориши манбаъ:

Офатҳои табиӣ дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷони 9 нафарро гирифтанд.

Дар ин бора мақомоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд зимни ҷамбасти фаъолияти нуҳмоҳаи ин ниҳод иттилоъ доданд.

Диловар Ҳамдамов, масъули кор бо матбуоти ин ниҳод дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 7 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамдамов изҳор намуд:

“Яке аз ин ҳодисаҳои мудҳиш фаромадани тарма дар ҳудуди ноҳияи ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар километри 157, 4 шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ аст, ки дар натиҷаи он 5 нафар ба ҳалокат расида, як нафар ҷароҳат бордошт”.

Манбаъ афзуд, ки ҳодисаи дигари маргбор дар ноҳияи Деваштич рух дода буд. Дар ин ноҳияи бар асари боришоти зиёди борону жола ва пур шудани оби зиёд таҳкурсии девори мактаби рақами №24 ба рӯи сокини 21-сола фурӯ рехт, ки боиси маргаш шуд.

Бино ба иттилои манбаъ як ҳодисаи маргбор дар натиҷаи боридани борону жола дар ноҳияи Деваштич рух додааст.

Селхезию заминҷунбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз офатҳои дигари табиӣ мебошанд, ки Раёсати КҲФ онҳоро зикр кард.

Бар асари ин ҳодисаҳо чандин иншооту биноҳо хароб гардида, замини корам корношаям шуд ва чорвои зиёди мардум ҳам талаф ёфт.

Тибқи иттилоъи мақомот маблағи умумии зарари расида бар асари офатҳои табиӣ дар ин давра 7,5 млн сомонӣ ҳисоб шудааст.

Ин дар ҳолест, ки як сол қабл дар ҳамин давра 12 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 7.5 млн сомонӣ зарар оварда буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар се моҳи соли ҷорӣ 15,8 миллион сомон хисорот ворид кардаанд.

Дар ин муддат дар ВМКБ наздикӣ 260 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар се моҳи соли 2023 ва супоришҳои нақшавӣ барои нимсолаи дуюм дар ин бора иттилоъ дода шуда, таъкид гардид, ки ҳоло дар вилоят корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Аз офатҳои табиӣ дар вилоят дар семоҳаи аввали соли 2023 73 хона хароб шуда, аз ин шумора 16 хона пурра ва 19 хона қисман осеб диданд.

Зарари умумии расида 15,8 миллион сомониро ташкил додааст.

Гуфтанист, моҳи январи соли ҷорӣ дар ВМКБ бар асари фаромадани тарма 18 нафар ба ҷони худро аз даст дода ва даҳҳо нафари дигар низ маҷрӯҳ шуданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад