Тоҷикистон мизбони Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ

Бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2024 ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кишвар баргузор мешавад.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2024 ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кишвар баргузор мешавад.

Ба нақл аз Агентии обуҳавошиносии кишвар, ахиран дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар он роҳбарони 9 хадамоти миллии обуҳавошиносии давлатҳои аъзо иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ дар ҷараёни баргузории шуро тасдиқ гардид, ки соли 2024 Тоҷикистон мизбони баргузории ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад.

Дар ҷаласа қарорҳои нақшаи панҷсолаи фаъолият дастҷамъона муҳокима гардида, мувофиқи ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷаласа директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода Раиси Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ барои давраи навбатӣ таъйин гардид.

Дар ин ҷаласа намояндаи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҷаласаи навбатии 35 -уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад.

Аз тарафи иштироккунандагон ин пешниҳод қабул гардид.

Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ (ШБО ИДМ) 8 феврали соли 1992 тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ барои ҳалли масъалаҳои қабул ва истифодаи иттилооти обуҳавошиносӣ барои пешгӯии равандҳои обуҳавошиносӣ, таъсири онҳо ба муҳити зист, таъмини мақомоти идоракунӣ ва аҳолӣ бо иттилооти саривақтӣ ва огоҳиҳо аз сар задани зуҳуроти табиӣ таъсис дода шудааст.

Дар кори Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Молдова ва Русия шомил мебошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад