Имзои протоколи нав байни Ятимов ва Ташиев дар Бодканд

Вохӯрии навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар Бодканд баргузор гардид.

Вохӯрии навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар Бодканд баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати Қирғизистонро муовини раиси Девони вазирон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Ташиев роҳбарӣ намуданд.

Бино ба иттилои Вазоратик корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гарифт.

Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов ва Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон Ташиев бо ҳусни тафоҳуми комил оид ба зарурати фаъол намудани тасвири гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар қитъаҳои боқимонда изҳор намуда, ба гурӯҳҳои корӣ дастурҳои дахлдор додаанд.

Гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати тасвири хатти лоиҳавӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корро идома медиҳанд.

Зимни мулоқот махсусан зарурати таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва боварӣ миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин идомаи ҳамкориҳои фаъол байни вилоятҳову ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар қайд карда шуд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад