Пешгирии марзбонони узбек аз вуруди бастаи бузурги маводи мухаддир

Марзбонони Узбекистон вуруди бастаи бузурги маводи мухаддир аз Тоҷикистонро пешгирӣ кардаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз манобеи хабарӣ, Ҳодиса дар гузаргоҳи марзии “Сариосиё”-и дар вилояти Сурхондарё рух додааст.

Ба гузориши Раёсати гумруки вилоят мошини боркаш тибқи ҳуҷҷатҳо “холӣ” дар байни кормандони назорати гумрукӣ шубҳа пайдо кард.

Гуфта мешавад, ки пас аз ташхиси рентгенӣ тасмим гирифта шуд, ки дар якҷоягӣ бо нерӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти давлатӣ ташхиси амиқ гузаронида шавад.

Тибқи гузориши Раёсати гумруки вилояти Сурхандарё, “ҳамин тариқ, дар кобинаи мошин 66 баста маводи мухаддир бо вазни умумии 69,2 кг бо эҳтиёт пинҳон карда шуда буд, ки ёфт гардид.”

Ба иттилои мақомот, аз ин шумора 30 халта бо 31,9 кг ҳероин ва 36 халта 37,3 кг ҳашиш будааст.

Ҳоло аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати боздошту мусодираи бастаҳои бузурги маводи мухаддир дар марзи кишварҳо нест.

Моҳи августи соли ҷорӣ низ дар гузаргоҳи “Ойбек” дар марзи Узбекистону Тоҷикистон аз чунин ҳолат пешгирӣ шуд.

Он замон низ марзбонон аз дохили зарфи газ 52,8 кило ҳашиш ва бештар аз 3 кило ҳероинро дарёфту омилонашро боздошт карда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад