Сел дар Либия бо ҳазорон куштаву гуш шуда

Дар пайи боронҳои селосо ва туфон дар шарқи Либия, ки шадидтарин борандагиҳо дар 40 соли гузашта дар ин кишвар тавсиф шудааст, ҳазорон нафар кушта ва , ки анд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, боришҳои беш аз ҳадди рӯзи гузашта дар атрофи шаҳри Дарнаи кишвари Либия сабаби болоомадани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва ду садди ин шаҳр ва дар натиҷа шикастани он ду сад шудааст.

Бино ба гуфтаи мақомоту расонаҳои ин кишвар, дар натиҷаи боришҳои селосои дируз дар болодасти дарраи Дарна сели бузурге ба роҳ афтод ва ин сел ба самти шимол яъне ҷое, ки шаҳри Дарна дар соҳили баҳри Миёназамин қарор дошта, ҳаракат карда, ки ҳазорон куштаву гум шуда бап ҷой гузоштааст ва мизони талафоти ин ҳодиса, наздик ба талафоти зилзилаи 6.8 риштерии Марокаш шудааст.

Либия

Омори расмӣ: омори ҷон бохтагони сели шаҳри Дарнаи Либия аз 5200 нафар фаротар рафт

Сухангӯи Вазорати кишвари Либия таъкид кард, ки омори ҷон бохтагони сел дар шаҳри Дарна аз 5200 нафари ҳам фаротар рафтааст.

Пеш аз ин Усома Ҳамод, нахуствазир дар давлати наҷоти миллии Либия гуфта буд: токунун 2800 нафар кушта ва беш аз 6000 ҳазор нафар гум шудаанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки шаҳри Албайзо дар наздикии Дарна низ дучори хисорат шудааст ва ин шаҳр бештари хисоратро бар асари боришҳои ахир дидаанд.

Вазири тандурустии Либия: ҳазорон нафар дар сели Дарна бедарак шудаанд/ кушта шудани дасти кам 2 ҳазор нафар токунун

Вазири тандурустии давлати Либия ба Алҷазира гуфт: баровардҳои аввалия ба кушта шудани беш аз ду ҳазор нафар дар шаҳри Дарна ишора мекунад.

Вай афзуд: пешбинӣ мекунем, ки ҳазорон нафар ба сабаби сел дар шаҳри Дарна мафқуд шуда бошанд.

Вай идома дод: ба тимҳои тахассусии наҷот ба сабаби ҳаҷми фоҷиа дар шарқи Либия ниёзи бисёр дорем.

Мудири маркази тандурстии Албайзо дар шарқи Либия ҳам гуфт, арзёбиҳои аввалия нишон медиҳад панҷ ҳазор нафар дар шаҳри Дарна бар асари сел гум шудаанд.

Вазири либяӣ: 25 дарсад аз шаҳри Дарна нопадид шудааст

Хабаргузории Ройтерс ба нақл аз вазири нақлиёт ва ҳавонавардии давлати Либия гузориш дод, ки дар асари сели вайронгар дар шимоли ин кишвар, 25 дарсад аз шаҳри Дарна дар каронаи ҷанубии дарёи медитиране нопадид шудааст.

Пешбинии вазири тандурустии Либия аз мизони талафоти сел; 10 ҳазор кушта ва 100 ҳазор гум шуда

Вазири тандурустии давлати Либия пешбинӣ кард, ки шумори куштаҳо дар асари сели вайронгари Дарна, 10 ҳазор нафар ва теъдоди мафқудиҳо ба 100 ҳазор бирасад.

Расонаҳои Русия гузориш доданд, ки чаҳор ҳазор нафар токунун дафн шудаанд ва омор ҳар лаҳза бештар мешавад.

Шаҳри Дарна дар шимоли Либия қарор дорад ва бар асоси охирин омор дар соли 2011, теъдоди 200 ҳазор нафар ҷамъият доштааст.

Сел

Ин мақоми Либия фоҷиа рух дода дар ин кишварро ин гӯна тавсиф кард: як теъдод аз маҳаллаҳои шаҳр комилан бо сокинонаш бар асари сел ба дарё рехта шуда ва нобуд шудааст.

Мақомоти Либия даҳаи ҳафтоди мелодӣ барои ҷилавгирӣ аз вуқуи селоб дар ин шаҳр, иқдом ба эҷоди ду сади хокӣ ва теъдоде селбанд дар болодасти шаҳри Дарна карданд, вале ҳаҷми бориши боло мунҷар ба ин шудааст, ки ҳамаи ин садҳову селбандҳо ва панҷ пуле, ки каронаҳои ин рӯдхонаро ба ҳам васл мекард, шикаста шаваду миқдори зиёде сангу хок ба самти поиндасти рӯдхона ҳаракат кунад.

Сел

Сел

Аз онҷое, ки вурудии шаҳр зарфияти интиқоли ин ҳамаи обу лойро надошт, сел дар имтидоди рӯдхона ва маҳаллаҳои атроф нуфуз мекунад ва то фосилаи чанд сад метрӣ бештари сохтимонҳо ҳатто сохтимонҳои 10 ошиёна ва бештарро бо худ бурдааст.

Масъули либяӣ: адами назорату нигаҳдории садҳо, мунҷар ба фоҷиа Дарна шуд

Сухангӯи имдодрасонии Либия бо ишора бо фоҷиаи инсонӣ дар шаҳри селзадаи Дарнаи ин кишвар гуфт, ки адами нигаҳдорӣ ва назорат бар сад таъсири ошкоре дар вуқуъи селҳои ахир доштааст.

Сел

Туфоне, ки ҳар ҳазор сол як бор рух медиҳад

Туфоне, ки дар Либия рух додааст Донёл ё Даниел ном дорад, ки ба гуфтаи расонаҳо ҳар ҳазор сол як маротиба рух медиҳад. Тибқи гузоришҳо Донёл як падидаи нодир ва харобиовари табиӣ мебошад.

Сел

Омодабоши Миср дар пайи туфони харобиовар дар Либия

Мақомоти мисрӣ дар пайи туфони вайронгар дар Либия, дар вилояти Искандария болотарин ҳадди омодабош эълон карданд.

Сел

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад