Манъи истифода аз ниқоб дар мадрасаҳои Миср

 Вазорати омӯзиши Миср бо судури баёнияе истифода аз ниқоб дар мадрасаҳои ин кишварро мамнуъ эълон кард.

Вазорати омӯзиши Миср бо судури баёнияе истифода аз ниқоб дар мадрасаҳои ин кишварро мамнуъ эълон кард.

Ин вазорат эълон кардааст: истифода аз ниқоб дар мадрасаҳо мамнуъ буда ва пӯшондани мӯйи сари духтарон на иҷборӣ, балки ихтиёрӣ аст.

Дар баёнияи ин вазоратхона тасреҳ шуда аст: лозим аст ҳиҷобе, ки донишомӯз ба майли худ интихоб мекунад, чеҳраи ӯро напӯшонад ва ҳар навъ пӯшиши мӯйи сар манъе нахоҳад дошт. Ба шарти инки аз ранге, ки идораи омӯзиш эълон кардааст, истифода шуда бошад.

Вазорати омӯзиш дар дастурамали адворӣ марбут ба либоси формаи мадраса таъкид кардааст дар сурате, ки донишомӯзе боҳиҷоб бошад, сарпарасти ӯ бояд аз интихоби духтараш огоҳ бошад ва интихоби ӯ барои он бар асоси майли ӯ бидуни фишор будааст ва ҳеҷ тарафе ғайр аз сарпараст дар ин замина ҳаққи дахолат нахоҳад дошт.

Ин вазоратхона ба идораҳои тобеъи худ дастур додааст, то баррасӣ кунанд ва мутмаин шаванд, ки сарпарасти донишомӯз нисбат ба навъи пӯшиши онҳо дар мадрасҳо огоҳ аст.

Дар хусуси таъйини ранги либос, ин вазоратхона илова кардааст, ки ҳайати мудираи мадраса бо ҳамоҳангии ҳайати раисон, сарпарастон ва мурабиён, ранги либоси формаи муносиби мадрасаро барои донишомӯзони духтар ва писар таъйин мекунад ва тасмими содиршуда тавассути идораҳои омӯзиш таъйид мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад