Шумори қурбониёни заминларзаи Марокаш аз 5 ҳазор кушта ва захмӣ гузашт

Вазорати кишвари Марокаш аз афзоиши шумори қурбониёни заминларзаи ахир дар маркази ин кишвар ба беш аз панҷ ҳазор ва 180 кушта ва захмӣ хабар медиҳад.

Ба гузориши бахши арабии хабаргузории “Анатолия”, вазорати кишвари Мағриб (Марокаш) асри дирӯз (душанбе) бо судури баёнияе, эълом кард, ки бар асоси ҷадидтарин омори ғайри ниҳоӣ қурбониёни заминларзаи шомгоҳи ҷумъа дар маркази ин кишвари Араб ва мусулмон воқеъ дар шимоли ғарби қорраи Африқо, токунун ҳазор ва 681 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки 94 дарсади онҳо яъне ду ҳазор ва 530 тан дафн шуданд дар ҳоле, ки ду ҳазор ва 501 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Бино бар ончи дар баёнияи вазорати кишвари Мағриб омада, омори маргу мири ношӣ аз заминларзаи ахир дар 10 минтақаи ин кишвар сабт шуда, ки шомили ҳазор ва 591 маврид дар Ал-Ҳавз, 809 маврид дар Тародент, 202 маврид дар Шишова, 41 маврид дар Варзазат, 18 маврид дар Марокаш, 11 маврид дар Азилол, панҷ маврид дар Агадир ва Эдавтнан, се маврид дар Касабланка, як маврид дар Юсуфия ва як мавриди дигар дар Тангир мешавад.

Ин вазоратхона дар баёнияи худ ҳамчунин овардааст: мақомоти умумӣ ба талошҳои худ барои наҷот ва тахлияи маҷрӯҳон, расидагӣ ба афроди захмӣ ва басиҷи тамоми тавонмандиҳои лозим барои расидагӣ ба паёмадҳои ин фоҷиаи дарднок идома медиҳанд.

Шоёни зикр аст, ки бино бар эъломи муассисаи миллии геофизикии Мағриб (CNRST), соати 23:11 шомгоҳи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ  Як заминларза ба бузургии ҳафт дараҷа дар миқёси риштер, дар умқи ҳашт километрии замин рӯй дода, ки конуни он минтақаи Ал-Ҳавз дар маркази ин кишвар буда ва чандин шаҳр бузург аз ҷумла Работ, Касабланка, Марокаш, Мекнес, Фос, Агадир ва Тародентро ларзонд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад