Омодагии даҳҳо кишвар барои кумак ба зилзилазадагони Марокаш

Вазири додгустарии Марокаш аз омодагии даҳҳо кишвар барои кумак ба зилзилазадагони ин кишвар ва эъзоми тимҳои имдоду наҷот хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазири додгустарии Марокаш дар тозатарин хабарҳо дар бораи зилзилаи маргбори ахир дар ин кишвар гуфт: то пайдо кардани охирин нафар ё охирин ҷасади дар зери оворҳо монда ба амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома медиҳем.

Марокаш

Бар асоси гузориши Ал-ҷазира, вай ҳамчунин аз омодагии 60 то 70 кишвар барои кумак ба ин Марокаш барои амалиёти имдоду наҷот ва дигар кумакҳои мавриди ниёз хабар дод.

Бар асоси гузориши расонаҳои давлатии Марокаш, Муҳаммади Шашум, подшоҳи ин кишвар аз Қатар, Испания, Инглис ва Иморот барои ирсоли кумакҳо билофосила пас аз зилзила ташаккур кардааст.

Дар хабари дигаре дар иртибот бо зилзилаи Марокаш, сухангӯи Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки як гуруҳ аз ин созмон вориди Марокаш шудааст ва талошҳои имдодӣ барои кумак ба зилзилазадагонро ҳамоҳангӣ хоҳад кард.

Вай ҳамчунин бо баёни инки гуруҳи СММ дар ҳоли арзёбии дақиқи ниёзҳо аст таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир ниёз ба тимҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ва тимҳои пизишкӣ вуҷуд дорад.

Сухангӯи Гутерриш дар идомаи афзуд: вазифаи аслӣ дар ҳоли ҳозир фароҳам кардани тимҳои имдодӣ барои наҷоти афроди гирифтор дар зилзилааст.

Мақомот марокашӣ мегӯянд, ки чолиши аслии тимҳои имдодӣ дар ҳоли ҳозир қатъ шудани ҷодаҳову адами дастрасӣ ба бархе манотиқи зилзилазадааст. Сухангӯи давлати Марокаш дар ин замина гуфта: тимҳои наҷот аз чархбол барои ғалаба бар мушкилот ва расидан ба маконҳои дур истифода мекунанд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, дар ҳоли ҳозир шумориши теъдоди афроди зери овор душвор аст ва тахмин мезанем, ки ба зӯдӣ ин омор тасбит шавад.

Марокаш

Вазорати ин кишвари осебдида аз офати табиӣ рӯзи якшанбе эълон кард, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар ин кишвар ба 2012 кушта ва 2059 захмӣ афзоиш пайдо кардааст.

Созмони заминшиносии Амрико бомдоди шанбе эълон кард, ки заминларзаи маргбор ва бесобиқае ба қудрати 6.8 риштер дар умқи 8 километрии замин дар наздикии минтақаи тафреҳии Оукаймеден рух дод. Ин минтақа дар кӯҳҳои Атлас воқеъ шуда ва ҳудуди 75 километр бо шаҳри Марокаш, чаҳорумин шаҳри бузурги кишвари Марокаш фосила дошт.

Шабакаи Ал-ҷазира ба нақл аз мудири Маркази миллии жеофизики Марокаш гузориш дод: “мо мутаваҷҷеҳи пас ларзаҳое дар муҷовирати конуни заминларза шудаем ва дар ҳоли баррасии фаровонии онҳо ҳастем. Шиддати ин заминларза қобили тавваҷуҳ буд ва коршиносонро ғофилгир кард зеро қаблан чунин чизе сабт нашуда буд.”

Бомдоди якшанбе ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, ки ҳимояти комили худ аз Марокашро дар пайи ин зилзила ироа карда ва тамаркузи онҳо дар ин марҳила ҳимоят аз мардуми ин кишвар барои сипарӣ кардани паёмадҳои ин фоҷиааст.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар баёнияе эълон кард, ки заминларзаи шадиде, ки Марокашро ларзонд, 300 ҳазор нафарро дар ин кишвар ва манотиқи атрофи он таҳти таъсир қарор дод.

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Марокаш

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи шоҳигарии Марокаш, Муҳаммади Шашум барқияи тасаллӣ ирсол намуд.

Марокаш

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз заминҷунбии пурқурбонӣ дар Марокаш изҳори андуҳ кардааст.

Раҳмон гуфт: “Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари зилзилаи шадид дар кишвари дӯсти Марокаш боиси андӯҳи амиқи мо гардид.”

Вай ба хонаводаҳои қурбониён аз заминларза дар Марокаш ҳамдардӣ баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон дар ин офати табиӣ шифои комил хост.

Раисҷумҳури Тоҷикистон изоҳор дошт: “Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Марокаш изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад