Пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО ба зарари кист ?

Ба бовари коршинос, Тоҷикистон бояд ба рушди иқтисодӣ ноил шавад ва барои ин ворид шудан ба бозорҳои бузурги кишварҳои ИИАО зарур аст.

Ба бовари коршинос, Тоҷикистон бояд ба рушди иқтисодӣ ноил шавад ва барои ин ворид шудан ба бозорҳои бузурги кишварҳои ИИАО зарур аст.

Ба гузориши манбаъ:

Дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба манфиатҳои аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мувофиқат мекард.

Дар ин бора раиси клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба бовари коршинос, Тоҷикистон бояд ба рушди иқтисодӣ ноил шавад ва барои ин ворид шудан ба бозорҳои бузурги зарур аст.

Коршинос гуфт:

“Лозим аст, ки ба бозорҳои ягонаи Авруосиё ворид шуд, созишнома дар бораи узвияти шарикӣ бо ИИАО ба имзо расонид. Аксари сокинон бар ин назаранд, ки иниқдом барои дастгирии рушди иқтисодии кишвар зарур аст”.

Аммо, пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО барои на ҳама нафъовар аст, мефаҳмонад Мендкович.

Вай хулоса кард:

“Ҳоло ин хилофи манфиатҳои ҷинояткорӣ, мафия аст, ки аз қочоқи маводи мухаддир фоида ба даст меорад. Зеро шомил шудан ба ИИАО ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон халал мерасонад”.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони вуруди ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунад.

Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байни ҷумҳурӣ ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё изҳори назар карда буд.

Вай инчунин аз рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон изҳор дошт.

Дар миёнаҳои моҳи августи соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддина гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тоҷикистон барои қабули қарор дар бораи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баён дошт. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба омӯзиши таҷрибаю шароити пайвастани Арманистон ва Қирғизистон ба ин иттиҳоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Вазир дар ин бора шарҳ дод: “Зеро ин кишварҳо бо Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодии шабеҳ доранд.”

Ҳамчунин, Сироҷиддин Муҳриддин таъкид дошт, ки ниҳодҳои дахлдори кишвар то ҳол ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд.

Ӯ илова кард: “Тасмими шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадди аксар ҳазмшудаю омӯхта хоҳад буд.”

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад