Кумак ба Афғонистонро идома медиҳем

Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Толибон бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз расонаҳои Афғонистон, Ҳофиз Аҳмад Зиё, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Толибон аз дидори Шермуҳаммад Аббосӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи ин гуруҳ бо Фран Экиза, намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон хабар дод.

Дар ин дидор Аббосӣ гуфт: ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дӯст бояд барои кумак ба бахшҳои омӯзиш ва беҳдошт дар Афғонистон иқдом кунанд.

Ба гуфта Аббосӣ, зербиноҳои омӯзишӣ, беҳдоштӣ ва кишоварзии Афғонистон дар ҷараёни солҳои ҷанг осеб дида ва бар зиндагии шаҳрвандони асари манфӣ гузоштааст.

Акизо дар ин дидор гуфтааст ЮНИСЕФ талош мекунад то ба ироаи хадамоти беҳдоштӣ дар Афғонистон дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Бонки ҷаҳонӣ идома диҳад.

ЮНИСЕФ иддао кардааст, ки дар нимаи аввали соли 2023 ба беш аз 20 миллион нафар, ки 50 дарсади онҳо кудакон буданд, хидматрасонии муҳими саломатӣ ва ғизоро пешкаш кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад