Байден ба думболи ҷанги ҷаҳонии севвум аст

Муовини Шӯрои амнияти миллии Русия бо баёни инки раиси ҷумҳури пири Амрико ба думболи кашондани кулли ҷаҳон ба як ҷанги хонумонсӯз аст, дар бора ирсоли бомбаҳои хӯшаоӣ ба Украина ҳушдор дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Медведев” ноиби раиси Шӯрои амнияти миллии Русия шомгоҳи шанбе дар бораи тасмими давлати Амрико барои ирсоли бомбаҳои мамнуъаи хӯшаоӣ ба Украина шадидан ҳушдор дод.

Медведев, – ки тайи рӯзҳои ахир ва дар пайи афзоиши кумакҳои низомии Ғарб ба Украина барои ҷанг бо Русия, мавозеи сахттаре аз худ нишон дода – дар канали Телеграмии худ навишт ирсоли бомбаҳои хӯшаоӣ ба Украина тавассути Амрико ё ҳар кишвари дигаре, ҷаҳонро ба макони бисёр хатарнок табдил мекунад.

Ба навиштаи вебгоҳи “Newsweek”,  ӯ бо киноязадан ба “Ҷо Байден” раиси ҷумҳури Амрико гуфт: ««шояд он падарбузурги рӯ ба марг, ки ба хиёлпарозиҳои маъюби худ машғул аст, ба содагӣ тасмим гирифта, ки бо роҳондохтани ҷанги охируззамонии атомӣ дар ҷаҳон, ҳам худаш ба дунёи баъди биравад ва ҳам ними аз башариятро бо худ бибарад!»

Раиси ҷумҳури собиқи Русия бо тамасхури фирори низомии Амрико аз Афғонистон таҳти ҳидояти Байден, тавзеҳ дод: «ӯ бо шармандагӣ аз Афғонистон гурехт ва барои пинҳон кардани ин шарм, иқтисоди Аврупоро вайрон кард».

Бар ин асос, Медведев гуфт: «акнун пас аз тахлияи тамоми манобеи Амрико, [Байден] ваъдаи ироаи муҳиммоти хӯшаоӣ ба Украинаро медиҳад ва ҳамчунин аз чашмандози узвияти Киев дар НАТО ҳарф мезанад, ки агар ин иттифоқ биюфтад, ба маънои ҷанги ҷаҳонии севвум аст».

Вай дар идома бо баёни инки Байден як пирамарди бемор ва мубтало ба заволи ақли шадид аст, пурсид: «чаро ӯ ин кор (ирсоли бомби хӯшаоӣ ба Украина)-ро мекунад? Албатта ин маъмурияти ҳар раиси ҷумҳури Амрико аст, ки барои тасаллут бар кишварҳои дигар ва маҳдуд кардани онҳо, ба вижа кишварҳои сарсахтн монанд мо, амал кунад».

Давлати Амрико рӯзи ҷумъа эълом кард бомбаҳои хӯшаоӣ дар ихтиёри Украина қарор медиҳад. Истифода аз бомбаҳои хӯшаоӣ дар беш аз 100 кишвар мамнуъ аст. Ин муҳиммот маъмулан теъдоди зиёде бомби кӯчактарро озод мекунанд, ки метавонад кӯркӯрона дар як минтақаи васеъ куштор эҷод кунад.

Бо ин ҳол, кишварҳои Олмон, Англис, Канада ва Испания зимни эъломи мухолифати худ бо тасмими Амрико барои ироаи бомбаҳои хӯшаоӣ ба Украина, гуфтанд ирсоли ингуна муҳиммот ва таҷҳизоти ҷангӣ ба Киев бар асоси қавонини байналмилалӣ мамнуъ ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад