Афзоиши воридоти гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон

Дар муддати 9 моҳи охир, аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳи майи соли 2023, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон пас аз Узбакистон дар ҷои дуюм қарор дорад.

Дар муддати 9 моҳи охир, аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳи майи соли 2023, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон пас аз Узбакистон дар ҷои дуюм қарор дорад.

Хабаргузории АПК-Информ бо истинод ба омори расмии Қазоқистон навиштааст, ки дар ин муддат ин кишвар ба Тоҷикистон 804 ҳазору 500 тонна гандум содир кардааст.

Дар худи моҳи майи имсол аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 67 ҳазор тонна гандум ворид шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи собиқ Тоҷикистон ҳамагӣ 667 ҳазор тонна гандуми қазоқӣ харидорӣ карда буд.

Хотиррасон мекунем, ки баҳори соли ҷорӣ дар ҷараёни ҳамоиши тоҷирони Қазоқистону Тоҷикистон 39 қарордод ва қарордодҳои тиҷоратӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллар баста шуда, дар қарордодҳои имзошуда, аз ҷумла, интиқоли гандум ва равғани офтобпараст ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ воридоти орду гандумро коҳиш додааст.

Бар асоси гузориш Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар аввалин моҳи соли ҷорӣ воридоти орд нисбат ба соли 2022 ҳудуди 24.7 дарсад ва воридоти гандум 18 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тибқи додаҳои ин манбаъ, дар ин муддат беш аз 2.7 ҳазор тон орд ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24.7 дарсад коҳиш доштааст. Ҳаҷми воридоти орд низ баробар ба 865 ҳазор доллар будааст.

Ҳамчунин дар ин муддат ҳаҷми воридоти гандум нисбат ба соли гузашта коҳиши 18 дарсадӣ доштааст.

Дар январи соли ҷорӣ ҳудуд 66.2 ҳазор тон гандум ба арзиши 20.6 миллион доллар ба ҷумҳурӣ ворид шуд, ки Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи аслии орду гандуми бозори Тоҷикистон аст.

Мақомоти марбути кишвар иддао мекунанд, ки то кунун ҳудуди 90 дарсади ниёзи дохилии Тоҷикистон барои орд аз тариқи тавлиди дохилӣ таъмин мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад