Коҳиши воридоти орду гандум ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ

Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ воридоти орду гандумро коҳиш додааст.

Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ воридоти орду гандумро коҳиш додааст.

Бар асоси гузориш Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар аввалин моҳи соли ҷорӣ воридоти орд нисбат ба соли 2022 ҳудуди 24.7 дарсад ва воридоти гандум 18 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тибқи додаҳои ин манбаъ, дар ин муддат беш аз 2.7 ҳазор тон орд ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24.7 дарсад коҳиш доштааст. Ҳаҷми воридоти орд низ баробар ба 865 ҳазор доллар будааст.

Ҳамчунин дар ин муддат ҳаҷми воридоти гандум нисбат ба соли гузашта коҳиши 18 дарсадӣ доштааст.

Дар январи соли ҷорӣ ҳудуд 66.2 ҳазор тон гандум ба арзиши 20.6 миллион доллар ба ҷумҳурӣ ворид шуд, ки Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи аслии орду гандуми бозори Тоҷикистон аст.

Мақомоти марбути кишвар иддао мекунанд, ки то кунун ҳудуди 90 дарсади ниёзи дохилии Тоҷикистон барои орд аз тариқи тавлиди дохилӣ таъмин мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба як ҳафта пеш се дарсад поин омадааст.

Сабаби арзонтар шудани он, бино ба арзёбии Барномаи Озуқавории Созмони Милали муттаҳид, воридоти бештари орд аз хориҷ будааст.

Ҳоло як халта орди навъи якум дар бозорҳои Тоҷикистон аз 280 то 320 сомонӣ арзиш дорад. Нархи равғани растанӣ ва шакар бетағйир мондааст.

Ин арзёбӣ рӯзи 8-уми январ нашр шуд ва дар он қимати маводи ғизоӣ дар 8 бозори Тоҷикистонро таҳқиқ кардаанд.

Дар давоми ду хафтаи охир нархи миёнаи тухм то ду фоиз афзуда, дар муқоиса бо моҳи гузашта як дарсад камтар, аммо нисбат ба соли гузашта 33 дарсад зиёдтар аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад