Ҳимояти Анҷумани уламои Яман аз амалиёти истишҳодӣ алайҳи саҳюнистҳо

Анҷумани уламои Яман дар баёнияе бар ҳимоят аз амалиётҳои ҷиҳодӣ ва истишҳодӣ алайҳи гурӯҳкаҳои саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин таъкид кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Анҷумани уламои Яман дар баёнияе бар аҳамияти анҷоми амалиётҳои ҷиҳодӣ ва истишҳодӣ алайҳи гурӯҳакҳои саҳюнистӣ ва ҳимоят аз гузинаҳои Ҷунбишҳои Ҷиҳод ва муқовамат дар Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза таъкид кард.

Рӯзи сешанбе (20 июн) расонаҳои ибрӣ аз кушта шудани 4 саҳюнисти шаҳракнишин дар амалиёти тирандозии Фаластиниҳо дар наздики истгоҳи сӯзишворӣ шаҳраки ишғолии “Айло”, воқеъ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ хабар дода буданд; Бар асоси гузоришҳо, 4 саҳюнисти дигар ҳам дар ин амалиёт захмӣ шуда буданд.

Анҷумани уламои Яман ҳамчунин сукути режимҳои арабӣ дар баробари ҷинояти оташ задани Қуръони Маҷид ва бемасъулиятии онҳо дар қиболи ин ҷиноятро маҳкум кард.

Тибқи гузориши вебгоҳи “Ал-Масира”, Анҷумани уламои Яман ҳамчунин бар зарурати иқдоми қавӣ ва муассир барои ёрии Масҷидул-Ақсо ва миллати мазлуми Фаластин таъкид кард.

Дар баёнияи мазкур аз режимҳои созишкор хоста шудааст то дар таомул бо режими муваққати саҳюнистӣ таҷдиди назар кунанд.

Ин Анҷуман ҳамчунин бар зарурати омодагии ҷиҳодӣ ва низомӣ барои мубориза бо душмани саҳюнистӣ ва берун рондани саҳюнистҳо аз Фаластин таъкид кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад