Чолишҳои пеши рӯи Эрдуғон пас аз пирӯзӣ дар интихобот

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, дар интихоботи Туркия пирӯз шуд; Пирӯзие, ки бар асоси таҳлилҳо шиканндааст ва наметавонад мунҷар ба ташкили як давлати қавӣ ва муттаҳди дар солҳои пеши рӯи ин давлат шавад.

Ҳамонтавр, ки пешбинӣ мешуд, “Раҷаб Тайиб Эрдуғон”-и 69 сола барои севумин давра ба унвони раёсатҷумҳурии Туркия интихоб шуд то барои панҷ соли дигар бар ин кишвар ҳукумат кунад, аммо ба назар мерасад чолишҳои зиёд ва гуногуне пеши рӯи ӯ бошад, ки баъзе аз чолишҳои пеши рӯи “Эрдуғон”, қадимӣ ва дар айни ҳол нав ва нафасгир ҳастанд, ки дар ин гузориш ба бархе аз онҳо мепардозем.

Чолиши Аввал: Интихоботи шаҳрдориҳо дар марти 2024

Пас аз пирӯзии милиметрӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, Эрдуғон хеле зуд дубора бояд ворид як корзори интихоботии дигар шавад: интихоботи шаҳрдориҳо дар марти 2024, ки ба назар мерасад барномаи аслии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, бозпсгирӣ ва кантроли шаҳрҳои бузурге мисл Истамбул, Анқара ва Онтолёст, ки дар интихобот шаҳрдории 2019 онҳоро ба мухолифонаш бохт. Ва дар ин миён набард бар сар Истамбул аҳамияти вижаое дорад: чаро, ки онки калиди Истамбулро дар даст дошта бошад, рӯҳи Туркияро низ дар ихтиёр дорад, чунонки худи Эрдуғон дар аввалин суханронии баъд аз пирӯзии ахири худ дар Истамбул низ гуфт: “Хези баъдии мо бояд барои интихоботи (шаҳрдориҳо) дар соли 2024 бошад ва бояд барои он омода шавем», ки ин худ яке аз чолишҳои муҳимми пеши рӯи Эрдуғон аст, ки ночор аст барои он вақт ва будҷаи зеёде сарф ва харҷ кунад.

Чолиш дувум: Эҷоди инсиҷом дар Туркия аст

Яке аз нукоти муҳим ва қобили тааммул дар қолаби интихоботи риёсати ҷумҳурии ахири Туркия ин буда, ки ҳам дар даври аввал ва ҳам дуввум, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, бо фосилаи бисёр каме аз рақиби аслии худ тавониста мавқеияти бартареро дошта бошад. Ин масъала амалан ҳомили ин паём аст, ки мизони мухолифон ва мунтақидони Эрдуғон дар давлати ҷадиди вай, ба маротиб бештар шуда ва албатта, ки онҳо аҳрумҳои қобили таваҷҷӯҳеро низ ҷиҳати эҷоди чолиш барои давлати Эрдуғон ва ё пешбурди дастури корҳои давлати вай дар ихтиёр доранд.
Дар ин чаҳорчуб, бо таваҷҷӯҳ ба ташдиди ду қутби гароиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Туркияи кунунӣ ва дар айни ҳол, исрорҳои Эрдуғон бар усули мадди назари худ ва адами инъитофпазирии вай дар ин робита, интизор меравад, ки сатҳи танишҳо ва тазоддҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Туркия дар рӯзҳо ва моҳҳо ва солҳои оянда афзоиш ёбад. Мавзӯе, ки худ то ҳадди зиёде майдон ва фазои монаври давлати Эрдуғонро маҳдуд месозад ва як чолиши асосӣ дар ҳавзаи сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ барои вай ва давлаташ маҳсуб мешавад.

Чолиши севум: Буҳрони иқтисодии Туркия аст

Буҳрони иқтисодии пеши рӯи кишвари Туркия шомили афзоиши наздик ба 55 дарсад нархи таваррум, коҳиши арзиши лири Туркия дар баробари доллари Амрико ва низ қарзҳои хориҷии Туркия аст, ки наздики ним триллион доллар расидааст.

Ин касрии ҳисоб ва қарзҳои хориҷии боло боис шуда вуруди сармояи хориҷӣ дар ин кишвар маҳдуд шавад ва ҳамин аз назари иқтисоддонони Туркия боис хоҳад шуд касрии арз ба сурати ҷиддӣ дар Туркия ба вуҷуд ояд. Ин касрӣ аз назари иқтисоддонон мунҷар ба ин хоҳад шуд, ки таваррум дар кишвар боло биравад ва мизони истихдом низ коҳиш ёбад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкилот мегӯянд Туркия бо як буҳрони иқтисодии ҷиддӣ ва муҳим рӯбарӯст, агарчи Эрдуғон гуфтааст ба барномаи иқтисодиаш идома хоҳад дод, аммо иқтисоддонон равише ки ӯ барои сиёсати кишвар ироа додааст, сарошебӣ медонанд.

Бисёре аз иқтисоддонон ин амрро ношӣ аз сиёсати иқтисодии ғайриоддии Эрдуғон дар коҳиши нархҳои баҳра медонанд, ки аз поёни соли 2021 тақрибан ба нисф коҳиш ёфта ва ба унвони абзоре барои мубориза бо таваррум маврид истифода қарор гирифтааст. Бо ин вуҷуд сатҳи феълии арз ва долар пойдор нест. Банки марказии Туркия дар остонаи интихобот саъй кард нархи лирро аз маҳалли фурӯши захоири арзи хориҷӣ нисбатан собит нигаҳ дорад, аммо бо вуҷуди маҳдудияти ин захоир ва нархҳои баҳраи манфӣ дар воқеият, фишори ворида бар лир бисёр сангин аст. Албатта раисҷмҳури Туркия таъкид кардааст, ки сиёсатҳои иқтисодии вай дар дарозмуддат иқтисоди Туркияро қавитар хоҳад кард.

Чолиши чаҳорум: Масъалаи ҳузури паноҳҷӯёни сурӣ аст

Масъалаи ҳузури муҳоҷирони хориҷӣ ва ҳузури 3.7 миллион паноҳандаи сурӣ дар Туркия ба мавзӯъи муҳимме бадал шудааст. Душманӣ нисбат ба суриҳо аз соли 2020 афзоиш ёфт. Вақте мардуми гирифтори мушкилоти иқтисодӣ шуданд, онро ба паноҳандагоне, ки тайи даҳ соли гузашта ба Туркия омаданд нисбат доданд. Эрдуғон дар ҳафтаҳои гузашта борҳо эълом кард, ки қасд надорад суриҳоро дастаҷамъӣ ихроҷ кунад ва ин корро ғайри инсонӣ ва ғайри исломӣ медонад; Бо ин ҳол сиёсати зидди паноҳҷуён аз ҳимояти қобили таваҷҷӯҳе бархурдор шуда ва Эрдуғонро водор ба муттаҳид шудан бо “Синан Оган” миллигарои ифротие, ки аз ихроҷи суриҳо ҳимоят мекунад, кардааст. Эрдуғон дар суханрониҳои худ бар тааҳҳудаш ба сиёсати бозгашти довталабона таъкид кард. Вай ишора намуд, ки 600000 сурӣ ба манотиқи таҳти кантроли мухолифон дар шимоли Сурия бозгаштаанд. Эрдуғон афзуд: «Туркия аз тариқи ҳамкорӣ бо Қатар ва пружаи искони муҷаддад, дар садади тасҳили бозгашти як миллион сурии дигар дар солҳои ояндааст», аммо дар сурати идомаи буҳрони иқтисодӣ мумкин аст танишҳо бештар шавад. Бахшҳое аз ҷомеаи Туркия бо доман задан ба бегонаҳаросӣ ва нажодпарастӣ, ин боварро эҷод кардаанд, ки суриҳо фурсатҳои шуғлиро аз мардуми Туркия гирифтаанд, ки ин худ чолиши бузург ва хатарноке аст.

Чолиши панҷум: Зилзила ва табаоти ногувори он аст

Чолиши дигар дар баробари давлати ояндаи Эрдуғон, бозсозии вайрониҳои зилзилаи вайронгари ахири ин кишвар ва ҷуброни хисорот ва пардохти ғаромат ба осебдидагони ин рӯйдод аст. Вуқӯъи зилзилаи маҳиби 7.7 ва 7.6 рештерии 6 феврал 2023 Туркия ва Сурия, ки ҷони беш аз 50 ҳазор нафарро дар ҷануби Туркия гирифт, илова бар талафоти ҷонии зиёд, хисоратҳои молии сангине низ бар пайкараи иқтисоди ин ду кишвар бар ҷой гузошт; Мавзӯе, ки инак ба чолиши ҷиддӣ барои Эрдуғон ва ҳизби “Адолат ва Тавсеа” табдил шудааст.

Эрдуғон ва ҳизби ҳокими Туркия ба далели нотавонӣ дар танзим ва татбиқи шеваҳои стандарти сохтусози Туркия қабл аз вуқӯъи зилзилаҳои 6 феврал ва ба далели мудирияти нодуруст ва талошҳои ноком дар ҷустуҷӯ ва наҷоти пас аз он, мавриди интиқод қарор гирифтаанд; Рухдоде, ки ба марги беш аз 50 ҳазор ва бехонумонии миллионҳо нафари дигар мунҷар шуд.

Бар касе пӯшида нест, ки ояндаи сиёсии Эрдуғон ва ҳизби Адолат ва Тавсеа низ ба зилзилаи ахир гиреҳ хӯрдааст. Ваъдаи аҷиби Эрдуғон дар остонаи интихобот мабни бар иҷрои тарҳи сохти сохтмонҳои зидди зилзила ва муқовимсозии тамоми манозили шаҳри Истамбул тайи панҷ соли оянда ваъдаи аҷиб аст, ки анҷоми он ниёз ба сармоя ва имконоти фаровон дорад, ки маълум нест оё давлати Эрдуғон метавонад ба ваъдаи худ ҷомаи амал бипушоанд ё на.

Чолиши шашум: Вазъияти номатлуби Эрдуғон ва саломатии ӯ

Дар рӯзҳои ахир борҳо ва борҳо рӯйдодҳое рух дод, ки ҳокӣ аз ин будаанд, ки вазъияти саломатии Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳеҷ унвон мусоид нест. Ба унвони мисол, вай дар ҷараёни корзори интихоботи худ дучори беҳӯшӣ шуд, ки ин масъала сабаб шуд вай то 3 рӯз натавонад дар ҳеҷ нишаст ва таҷаммӯъи интихоботӣ ширкат кунад.

Дар айни ҳол, вай дар чандин намунаи дигар дар ҳоле, ки дар ҳоли анҷоми мусоҳибаи телевизионӣ буд низ натавонист ба далели номусоид будани аҳволаш ба мусоҳибаҳо идома диҳад. Албатта, ки тасовир ва видеоҳои мухталифе аз заъфи муфрати вай дар роҳрафтани оддӣ низ мунташир шудааст. Масоиле, ки ҳама ва ҳама ҳокӣ аз ин ҳастанд, ки Эрдуғони 69 сола роҳи душворе ҷиҳати анҷоми вазоифи сангини раёсатҷумҳурии Туркия дар пеш дорад ва ҳатто бархе нозирон ва таҳлилгарон ин гузораро матраҳ месозанд, ки шояд вай натавонад давраи раёсатҷумҳурии ҷадиди худро ба поён бирасонад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад