Ҳузури 21 президент ва 13 нахуствазир дар маросими савгандёдкунии Эрдуғон

Манобеи хабарӣ аз иштироки 78 мақоми расмӣ аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла 21 президент ва 13 нахуствазир дар маросими савгандёдкунии президенти Туркия, ки имрӯз баргузор мешавад хабар доданд.

Имрӯз маросими савгандёдкунии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия бо ҳузури шумори зиёде аз мақомоти масъӯли кишварҳои мухталиф баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси эълони манобеи хабарӣ 78 мақоми масъӯли аршади байналмилалӣ дар маросими савгандёдкунии Эрдуғон, ки барои сеюмин бори пай дар пай ба муддати панҷ сол мақоми президентиро бар уҳда гирифтааст иштирок мекунанд.

Тибқи ин гузориш, 21 президент, 13 нахуствазир ва шуморе аз руасои созмонҳои байналмилалӣ дар ин маросим, ки дар Анқара баргузор хоҳад шуд, иштирок мекунанд.

Эрдуғон, соати 14:00 имрӯз (ба вақти Туркия), дар порлумони Туркия, савганд ёд карда ва давраи ҷадиди президентии худро пас аз дарёфти санади савганд аз Давлат Боғчалӣ, раиси муваққати порлумони ин кишвар оғоз хоҳад кард.

Пас аз тафвизи ҳукми раёсат ҷумҳурӣ ба Эрдуғон, вай дар соати 15:00 бар сари мазори Мустафо Камол Отатурк, бунёнгузори Ҷумҳурии Туркия ҳозир хоҳад шуд ва дар соати 17:00 ба маҳалли раёсат ҷумҳурӣ барои ширкат дар маросими оғози масъулияташ меравад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад