Сафари ду рӯзаи Сергей Лавров ба Душанбе

Вазири умури хориҷаи Русия тайи сафари ду рӯзаи корӣ, рӯзи гузашта вориди Душанбе шуд то ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар бахшҳои мухталифро баррсӣ кунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар сафари дурӯзааш ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, Сироҷиддин муҳриддин, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва ҷипломатҳои ҷавон дидору гуфтугӯ кард.

Мулоқоти Сергей Лавров бо Эмомалӣ Раҳмон

Бар асоси гузориши дафтари матуботи Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Тоҷкистон дипломати аршади Русия бо президенти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд.

Маҷмӯи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Ҳамчунин муҳиммияти таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур таъкид гардид.

Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди бомароми муносиботи ду кишварро дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мушатарак тазаккур дода, аҳаммияти таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, маориф, муҳоҷират, инчунин ҳамкории байниминтақавиро бахусус таъкид намуданд.

Дар чорчӯби суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Дар робита бо баррасии масъалаи боздошту шиканҷаҳои дастаҷамъонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки тайи рӯзҳои гузашта ривоҷ пайдо кардааст дар дидори Раҳмон ва Лавров матлабе расонаӣ нашудааст.

Мулоқоти Лавров бо Сироҷиддин Муҳриддин

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар оғози мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт: “Сифати муносибатҳои шарикии стратегии иттифоқӣ ва тобиши он аз ҷониби президентҳо муқаррар карда мешавад ва онҳо муносибатҳои худро дар асоси он чизе, ки дар солҳои гузашта гузошта шуда буданд, бунёд мекунанд.”

Дипломати рус дар ин дидор таъкид кард: “Имрӯз мо бисёр масъалаҳое дорем, ки ба нафъи рушди муносибатҳои байни кишварҳо ва халқҳоямон ҳал мешаванд, пеш аз ҳама, ин ба мавзӯъҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ дахл дорад, ки дар заминаи иқтисодҳои мо қарор доранд.”

Ба андешаи ӯ, имрӯз ин масъалаҳоро ба танҳоӣ ҳал кардан мумкин нест, равандҳои минтақавӣ ва форматҳои ҳамгироӣ чи дар Осиёи Марказӣ ва чӣ дар маҷмӯъ дар қитъаи Авруосиё бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Лавров: Русия навсозии артиши Тоҷикистонро идома медиҳад

Вазири умури хориҷаи Русия дар бахше дигар аз суҳбатҳои худ бо Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Русия дар навсозии артиш ба Тоҷикистон кумакашро идома медиҳад.

Вай дар ин робита гуфт: “Мо ба Душанбе кумаки лозимро идома медиҳем. Ҳама ҳаҷми пешбинишуда амалӣ хоҳанд шуд.”

Вазир афзуд, Русия аз Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароит барои фаъолияти пойгоҳи низомии 201 ва ширкат дар тамрину машқҳои муштарак ба манфиати тамоми паймони СПАД изҳори сипос мекунад.

Ҳамчунин, Сергей Лавров зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ қайд кард, ки руасои ҷумҳури кишварҳо ба нафъи равобити кишварҳо ва мардумон масъалаҳои дар ҳоли ҳозирро ҳал мекунанд.

Тавре дипломат таъкид кард, Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаи ҳамгироиҳое, ки солҳои гузашта бунёд шуда буданд, идома медиҳанд.

Баррасии мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар дидори Лавров ва Муҳриддин

Лавров дар робита бо мушкилоти муҳоҷирон гуфт, “Мо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ сӯҳбат кардем. Мо ин масъалаҳоро дар чаҳорчӯби хати муқарраркардаи президентҳо мунтазам баррасӣ мекунем. Мо қариб ҳамеша дархостҳо дар бораи ба истилоҳ афвро қонеъ мекунем.”

Раҳбари вазорати хориҷаи Русия афзуд, авфи ахири муҳоҷирони корӣ 120 ҳазор нафарро фаро гирифт, ки бо вуҷуди қонуншикании маъмурии содиршуда ба ҳуқуқи худ барқарор шуданд.

Вазири Русия таъкид кард, ки дар ҷаласаи мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия, ки рӯзи сешанбе баргузор мешавад, бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳ шуда бошад.

Масъалаи боздоштҳои дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия яке аз масъалаҳои муҳимме аст, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон иҷрои он муқаддамаи сафари вазири умури хориҷаи Русия ба Тоҷикистон барои таҳти фишор қарор додани мақомоти Душанбе будааст.

Пуштибонии фаъолонаи Амрико аз ДИИШ ва АЛ-қоида

Лавров дар боздид аз пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон гуфт, Амрико бо ин роҳ талош дорад аз минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун ҷабҳа дар муқобила бо Русия истифода кунад.

Дипломати рус дар ин робита таъкид кард: сафири ИМА дар Тоҷикистон ахиран изҳор дошт, ки Амрико аз нерӯҳои зидди Толибон* пуштибонӣ кардан намехоҳад ва ба тамоми мардуми Афғонистон таманно дорад, ки ба созиш бирасанд ва мушкилоти амиқи аз ишғоли сисола меросмондаро аз байн баранд.

Лавров афзуд: “Инҳо, агар нармтар карда гӯем, изҳороти бардурӯғанд. Маълум аст, ки ИМА ҳам аз ДОИШ* (ДИИШ, “Давлати исломӣ”, созмони террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ), ки дар Афғонистон боқӣ мондаанд ва ҳам аз Ал-Қоида* ва дигар сохторҳои марбут ба онҳо дар Афғонистон фаъолона пуштибонӣ мекунад.”

Ба гуфтаи вай, дар Афғонистон вазъи нооромие боқӣ мемонад, ки ба манфиати Иёлоти Муттаҳида аст.

Ӯ дар бахше дигар аз суҳбатҳои худ гуфт: “Ғарб пайваста самтҳои иловагиро меҷӯяд, ки бо он Русияро ба хашм оварад, ҷабҳаҳои “дувум” ва “сеюм” боз кунад. Яке аз ин “ҷабҳаҳо” дар баробари Закавказ эълон шудааст, то кунун паси парда, аммо ҳама медонанд, Осиёи Марказист, ки пас аз фирори эътилоф ба истилоҳ дар Афғонистон воқеаҳои хеле душвор рух медиҳанд.”

Дидори Лавров бо дипломатҳои ҷавон дар Душанбе

Вазири умури хориҷии Русия дар Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе бо дипломатҳои ҷавон мулоқот карда, мавқеи Маскавро дар мавриди вазъи ҷаҳонӣ баён дошт.

Ваъдахилофиҳои НАТО ва режими Киев, муносиботи Тоҷикистону Русия, вазъият дар Афғонистон, ҳамгироӣ ҳамкорӣ дар доираи созмонҳо аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Сергей Лавров бо донишҷӯён дар Душанбе буданд.

Вазири умури хориҷии Русия дар Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе изҳор дошт, НАТО ваъдаҳои додааш ҳанӯз ба ҳукуматдорони шӯравиро дар мавриди паҳн нашудан ба шарқ вайрон карда, амнияташро аз ҳисоби амнияти дигарон таъмин мекард.

Лавров дар мавриди муносиботи Душанбею Маскав изҳор дошт, ки бисёриҳо мехоҳанд ин равобитро халалдор кунанд, аммо муваффақ нахоҳанд шуд, чун Тоҷикистону Русияро дӯстию равобити хуби анъанавӣ пайваст мекунад.

Ҳеҷ кас наметавонад миёни Русия ва Тоҷикистон фосила эҷод кунад

Вазири умури хориҷаи Русия дар ин дидор таъкид кард, ки ин дӯстӣ боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад шуд.

Вай гуфт: “Эҷоди фосила миёни кишварҳои моро бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки кунанд, аммо ҳеҷ кас муваффақ нахоҳад шуд.”

Ӯ таъкид кард, ки дустии чандинасраи халқҳои бародар гарави боз ҳам амиқтар ва вусъат ёфтани шарикӣ ва иттифоқи ҳаматарафаи ба ҳамдигар фоидабахши ҳалқҳои русу тоҷик мебошад.

Дипломат дар мавриди амалиёти низомӣ гуфт, Русия ночор ба ҷанги оғозкардаи Украина дар Донбас барои ҳимояи русҳо ва русзабонҳо дар замине, ки садҳо сол аҷдодонашон дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд, посух дод.

Лавров изҳор дошт, ки ҳаводиси Украина танҳо қисме аз мубориза барои низоми меъмории ояндаи ҷаҳонӣ аст, ки бисёрқутбӣ мешавад ё на.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад