Сабабҳои иқдомоти ахири Русия зидди муҳоҷирони тоҷик

Чаро дар Федератсияи Русия мақомоти ин кишвар даст ба тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон задаанд?

Мутаассифона дар рӯзҳои охир аз шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия дар бораи афзоиши рейдҳо ба зидди муҳоҷирони мазлуми тоҷик хабарҳои мухталиф ва нороҳаткунандае ба даст мерасад, ки тамоми озодихоҳони ҷаҳонро таҳти таъсир қарор додааст ва боиси нигаронии хонаводаҳои муҳоҷирон шудааст ва пайгирии ҷиддии мақомоти кишварро металабад.

ОМОН, кормандони воҳидҳои оперативӣ, Хадамоти амнияти федеролӣ (маъруф ба ФСБ) ва нерӯҳои марзбонӣ баргузор шуда истодааст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, гурӯҳ-гурӯҳ муҳоҷиронро бо худ ба шуъбаҳои пулис ва дигар ниҳодҳои қудратӣ мебаранд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо “Azda.tv” гуфт, ки кормандони интизомии Русия аз баъзе муҳоҷироне, ки мушкили ҳуҷҷат доранд, маблағ гирифта онҳоро озод мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бар иловаи гирифтани ришва ҳолати латтукӯби муҳоҷирон дар рафти ин “рейд”-ҳо низ вуҷуд дорад.

То ҳол мақомоти Русия сабаби яку якбора даст задан ба тафтиши густурдаи муҳоҷиронро шарҳ надодаанд, аммо ба назар мерасад иллати аслии он фишор ба Раҳмон ва дур кардани ӯ аз Амрико аст.

Рӯзи 19-уми май низ маъмурони ОМОН, нерӯҳои вижаи пулиси Русия, беш аз сад донишҷӯйи тоҷики донишгоҳи Амурро заданд.

Рӯзи 29-уми май навори гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дастҳо пушти ҳам дар варзишгоҳе қадам мезананд ва пулис бераҳмона онҳоро лагадкӯб менамояд. Онҳо ба нақзи қоидаҳои будубош, майдаавбошӣ ва итоат накардан ба амри корманди пулис муттаҳам шудаанд.

Мақомоти Маскав ба расонаҳо гуфтааст, ки дар ду ҳафта наздик ба ҳазор муҳоҷирро ҷарима ва қарори ихроҷи 148 нафари онҳо содир шудааст. Пулиси Маскав нагуфтааст, ки ин муҳоҷирон аз кадом кишваранд, вале расонаҳо навиштаанд, ки аксари онҳо муҳоҷирони тоҷик ҳастанд.

Дар вилояти Оренбург низ муҳоҷирон аз сӯи кормандони пулис ва муҳофизони Маркази боздошти муваққатии муҳоҷирон латту кӯб шуданд вале мутаассифона кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Оренбург боз муҳоҷирон ва боздоштиҳоро муқассир донистанд.

 

Кумитаи зидди шиканҷаи Русия рӯзи 25 август хабар дод, латту кӯби муҳоҷирон баъди он сурат гирифтааст, ки онҳо зидди манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар боздоштгоҳ шикоят кардаанд. Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Оренбург гуфт, аз рӯи ин ҳодиса тафтиши ибтидоӣ сурат гирифта ва нишонаҳои ҷиноят дар рафтори кормандони пулису муҳофизон ошкор нашудааст.

Мутаассифона боздошту таҳқири муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Федератсияи Русия идома дорад вале то ҳол ҳеҷ эътироз ва ҳимояте аз ҷониби давлат ва мақомот дида намешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки бештари муҳоҷирони корӣ дар Русия тоҷик ҳастанд ва бештари будҷети Тоҷикистон аз тариқи даромади муҳоҷирони корӣ таъмин мешавад, бинобар ин, интизор меравад давлати Раҳмон тавҷҷӯҳ ва ҳимояти бешатре дар баробари ин беҳурматиҳо ва таҳқирҳо нисбати муҳоҷирони корӣ дошта бошад!.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад