Омодагии Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли ихтилофҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

 Раиси Шӯрои Аврупо дар дидори раисҷумҳури Қирғизистон ба омодагии ин иттиҳодия барои ҳалли мушкилоти марзии ин кишвар бо Тоҷикистон таъкид кард.

Дар ҳошияи дувумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси шӯрои Аврупо дар Чолпон-ота, Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ва Чарлез Мишел, раиси шӯрои Аврупо дидор ва гуфтугӯ карданд.

Тарафайн дар бораи мавзӯъоти муҳими тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва дар мавриди бахши густардае аз мавзӯъоти дар дастури кори ҷаҳонӣ аз ҷумла ҳамкориҳои минтақаӣ табодули назар карданд.

Ҷабборов ба вижа ба аҳамияти таърихии ин дидор таъкид кард ва гуфт: барои аввалин бор дар таърих ҳамкориҳои дуҷониба тарафи Қирғизистон мизбони сафари раиси Иттиҳоди Аврупо аст.

Раисҷумҳури Қирғизистон таъкид кард: мо ба ин воқеият аҳамияти зиёде медиҳем. Таваҷҷӯҳи шахси шумо ба кишвар ва минтақа ба мо ангезаи бештаре барои тавсеаи ҳамаҷонибаи бештар ва тақвияти мушорикат бо Иттиҳоди Аврупо медиҳад. Ин иттиҳоди шарики қобили эътимоди мо аст. Аз замони истиқлол фақат эътимод байни мо шакл гирифт ва дӯстӣ тақвият шудааст.

Мишел низ дар навбати худ аз раисҷумҳури ин кишвар ба далели истиқболи гарм ва сатҳи болои созмондиҳӣ, ки дар остонаи дувумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо шакл гирифта, ташаккур кард.

Вай бо ибрози хурсандӣ ба ибтикори раисҷумҳури Қирғизистон барои даъват аз ҳамаи руасои кишварҳои ин минтақа барои ширкат дар ин рӯйдод таъкид ва ибрози итминон кард, ки ин масъала ангезаи ҷадиде ба тавсеаи равобити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо хоҳад дод.

Илова бар ин, раис Шӯрои Аврупо таъкид кард, ки нишасти имрӯз равобити Қирғизистон ва ин иттиҳодро ба сатҳи ҷадиде ворид мекунад ва фасли ҷадидеро дар ҳамкориҳои дуҷониба мекушояд.

Тарафайн пас аз ин музокирот баёнияи муштаракеро тасвиб карданд.  Дар ин баёна омадааст, ки руасои ҷумҳур тай як нишасти боз ва созанда бар тааҳҳуди қотеи худ барои таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба бар асоси усули демокрасӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун, ҳамкории иқтисодӣ ва аҳдофи тавсеаи пойдор таъкид карданд.

Ду тараф аз натоиҷи иҷрои тавофуқномаи мушорикат ва ҳамкории имзошуда дар соли 1995 байни ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо бисёр қадрдонӣ карданд. Барои тақвияти бештари ҳамкорӣ, онҳо интизор доранд дар ояндаи наздик як тавофуқномаи ҳамкорӣ ва мушорикати пешрафта имзо кунанд, ки барои расондани равобит ба сатҳи кайфии ҷадиде тарроҳӣ шудааст.

Ду тараф дар мавриди аҳамияти тавсеаи бештари таҳарруки тиҷорӣ ва гардишгарӣ ва ҳамчунин густариши иртиботҳо байни шаҳрвандон баҳс карданд.

Дар ин бора, Мишел ба тамоюли тарафи ин кишвар барои оғози ройзанӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар заминаи осонгардонии судури раводид барои шаҳрвандони қирғиз таваҷҷӯҳ кард.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди зарурати идомаи ҳамкории наздик дар заминаи амният дар чорчӯби проектҳои минтақаӣ монанди рафъи танишзудоӣ дар марзҳо, барномаи иҷрои қонун ва барномаи пешгирӣ аз маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ табодули назар карданд ва зарурати ҷилавгирӣ аз буҳрони инсонӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистонро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Руасои ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо ба аҳамияти тақвияти гуфтугӯҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки калиди шукуфоӣ ва тавсеаи пойдори бештар аст, ишора карданд. Ба аҳамияти ҳалли муноқишаҳо танҳо аз тариқи дипломатик ва бидуни истифода аз зӯр ва бар эътиқод ба ҳамзисти мусоламатомез ва музокирот бар пояи демокрасӣ ва ҳокимияти қонун таъкид карданд.

Ҳамчунин Мишел дар ин дидор гуфт: медонем, ки Қирғизистон мушкилоти марзии хоссе бо Тоҷикистон дорад, мо омодаи ироаи ҳаргуна кумаке барои ҳалли ин муноқиша ҳастем.

Лозим ба зикр аст, ки дар ҳошияи нишасти сарони Осиёи Марказӣ + Иттиҳоди Аврупо, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дидор карданд.

Дар ҷараёни музокирот ба мавзӯъи таҳдид ва таъйини марзҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷӯҳи вижае шуд.

Руасои ҷумҳури ду кишвар аз натоиҷи ба даст омада дар хусуси таъйини хатти марзи давлатии ду кишвар ба тӯли ҳудуди 626 километр, ки 102 километр он тайи 1.5 соли гузашта шарҳ дода шудааст, ибрози хурсандӣ карданд.

Раҳмон ва Ҷаббороф аз идомаи музокирот ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалҳои қобили қабул бар пояи эҳтиром ва эътимоди мутақобил ҳимоят карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад