Баррасии дурнамои муносибатҳои Душанбе ва Бишкек дар мулоқоти президентҳо

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Чолпон-Ата қарор дорад, бо ҳамтои қирғизаш, Содир Ҷабборов мулоқот кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд. Вазъи феълӣ ва дурнамои масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи меҳварии мулоқоти президентҳои ду кишвар дар шаҳри Чолпон-Ата будааст.

Дар иттилоия омадааст: “Зимни мулоқот ба масъалаи муайяну аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд”.

Президентҳо аз мувофиқа шудани лоиҳаи сарҳади давлатии байни ду кишвар ба дарозии тақрибан 626 километр изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Аз ҷумла таъкид шудааст, ки аз ин 102 километри он дар 1,5 соли охир муайян шудааст.

Роҳбарони ду давлат дар мавриди дурнамо изҳор доштаанд, ки музокирот ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли барои тарафайн мақбул бояд дар заминаи эҳтирому эътимод идома дода шаванд.

Сарони давлатҳо аҳамияти нигоҳ доштани риштаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки ду кишварро бори дигар тасдиқ намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Содиро Ҷабборов таъкид кардаанд, ки ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳои километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад