Табрики Путин ба Эрдоган

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми пирузии Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркияро ба вай табрик гуфт.

Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар паёми пирӯзии Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар даври дуввуми интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркияро табрик гуфт ва ин мувафақиятро ноши аз ҳимояти мардум ва талошҳои фидокорона ва сиёсати хориҷии мустақили вай донист.

Путин дар ин паём аз талоши Эрдуғон барои тақвияти равобити дӯстана миёни Русия ва Туркия ва ҳамкории судманди мутақобил дар бахшҳои мухталиф қадрдони кард.

Натоиҷи шумориши 99.67 райи мардум дар даври дувуми интихоботи Туркия нишон медиҳад, ки  Эрдуғон номзади эътилофи ҷумҳурӣ бо касби беш аз 27 миллиону 600 ҳазор раъй муъодили 52.13 дарсад райи мардум пирӯзи сездаҳумин даври интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркия шуда аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад