Эрон сутуни маҳкаме аст, ки муқовимати Фаластин ба он такя дорад

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос эълом кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон сутуни маҳкаме аст, ки муқовимати Фаластин ва кулли меҳвари муқовимат дар тақобули худ бо душмани саҳюнистӣ ва султагирии Амрико ба он такя доранд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, расонаҳои фаластинӣ хабар доданд, Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос дар посух ба паёми сардор “Исмоил Қоонӣ” фармондеҳи неруи “Қудси Сипоҳи Посдорон”, ки баъд аз поёни ҷанг барои гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ирсол шуда буд, эълом кард: душман тасаввур мекард, ки аз тариқи террори фармондеҳони “Сарая ал-Қудс” метавонад муқовиматро дар ҳам шикаста ва мӯҷиби ваҳшати миллати Фаластин шавад.

Ҳания афзуд: душман тасаввур мекард, ки ин таҷовуз ӯро аз буҳрони дохилиаш наҷот дода ва ба артишаш чеҳраи боздорандагиро бозгардонад, аммо дифои муҷоҳидони ғаюри фаластинӣ, натоиҷи маъкусе барои ин режими палиди дошт ва буҳронҳояшро бештар ва амиқтар кард.

Мақоми аршади Ҳамос дар идома афзуд: пирӯзии гурӯҳҳои муқовимат ва дар раъси онҳо “Сарая ал-Қудс” дар ин ҷанг бар пояи қудрат ва ваҳдат дар майдон ва сиёсат буд, ки метавон аз он улгу гирифт.

Вай бо ишора ба паёми сардор Қоонӣ гуфт: ин паём баёнгари мавзеъи раҳбари Инқилоби Исломӣ ва тааҳҳуди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳимояти номаҳдуд аз муқовимат дар Ғазза, Каронаи Бохтарӣ ва хориҷ аз Фаластин аст.

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон сутуни қудратманде аст, ки муқовимати Фаластин ва меҳвари муқовимат дар рӯёрӯӣ бо режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва султагирии Амрико ба он такя мекунанд.

Гуфтнӣ аст сардор Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳ баъд аз поёни ҷанги хунин дар паёме ба гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ амалкарди онҳо дар ин ҷангро сутуд.

Ӯ дар ин паём гуфт: “Шумо фармондеҳони утоқи амалиёти муштарак, ҳамосаи ҷадидеро дар таърихи ин тақобул бо муваффақият ва бо пирӯзӣ ба поён расондед ва бори дигар собит кардед, ки қодир ба шикаст додани душмани саҳюнистӣ ҳастед.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад