Гурӯҳҳои муқовимати Ироқ омодаи ҳимоят аз муҷоҳидони фаластинӣ

Дабири кулли Ҷунбиши "Асоиб-Аҳл-Ал-Ҳақ", дар Ироқ дар гуфтугӯи телефонӣ бо дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин таъкид кард, ки муқовимат омодаи ҳимоят аз муҷоҳидони фаластинӣ дар баробари режими саҳюнистӣ аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дабири кулли Ҷунбиши “Асоиб-Аҳл-Ал-Ҳақ”, дар Ироқ дар гуфтугӯи телефонӣ бо дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин таъкид кард, ки муқовимат омодаи ҳимоят аз муҷоҳидони фаластинӣ дар баробари режими саҳюнистӣ аст.

Қайсар Хазалӣ, дабири кулли Ҷунбиши “Асоиб-Аҳл-Ал-Ҳақ” дар Ироқ, шомгоҳи (ҷумъа) бо “Зиёд Нахола” дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин телефонӣ гуфтугӯ кард.

Бинобар гузориши шабакаи “Ал-аҳд”, дабири кулли Асоиб-Аҳл-Ал-Ҳақ, зимни табрики шаҳодати теъдоде аз фармондаҳони Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ба Зиёд Нахола, таъкид кард, ки Ироқ ҳомии ормони Фаластин ва муқовимат омодаи ҳимоят аз муҷоҳидон дар баробари саркашии саҳюнистҳост.

Қайс Хазалӣ изофа кард: «Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин қодир ба тақобул ва рӯёрӯӣ бо ишғолгарон аст ва сатҳи омодагӣ барои таҳаққуқи ин амр болост.»

Аз рӯзи се шанбе нуҳуми май, ки таҷовузоти артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Навори Ғазза оғоз шуда, гурӯҳҳои муқовимат дар чорчуби утоқи муштараки амалиёт, шаҳракҳои саҳюнист нишинро омоҷи мушакҳои худ қарор дода ва токунун зарботи кӯбандае ба мутаҷовизон саҳюнистӣ ворид кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад