Кадом минтақаҳои Русия бештарин муҳоҷирро доранд

Ин минтақаҳо на танҳо бо теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷӣ дар садри рейтинг қарор гирифтанд, балки ҳамзамон аз Маскав ва Санкт-Петербург ҳам пеш гузаштанд. 

Ин минтақаҳо на танҳо бо теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷӣ дар садри рейтинг қарор гирифтанд, балки ҳамзамон аз Маскав ва Санкт-Петербург ҳам пеш гузаштанд.

Ба гузориши манбаъ:

Ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетс, Ҳавзаи мухтори Ненетс ва Ханти-Манси пешсафони рейтингро бо ҳиссаи бештари муҳоҷирони кории воридотӣ гирифтанд, менависад “Известия” бо истинод ба як пажӯҳиши нав.

Дар соли 2022 ин минтақаҳо бештар коргарони хориҷиро қабул кардаанд.

Аксарияти мутахассисонро манотиқи Шимолӣ ва Шарқи Дур, Маскав ва Санкт-Петербург қабул мекунанд.

Аммо агар одамон дар ҷустуҷӯи кори доимӣ бештар ба мегаполисҳо майл доранд, пас коргарони мавсимӣ асосан ба Шимол мераванд.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти шабакаи аудит ва консалтингии FinExpertiza, соли гузашта дар Ямало-Ненетс (35% шумораи умумии коргарони минтақа) қисми зиёди муҳоҷирон дар муқоиса бо аҳолии маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳавзаи мухтории Ненетс — 21%, дар ҳавзаи мухтории Ханти-Манси — 20%.

Дар Маскав ва Санкт-Петербург ин нишондод мутаносибан 19% ва 7% мебошад.

Таҳлилгарон мегӯянд, “дар баробари ин, мардум барои кор ба пойтахт ба таври доимӣ мераванд, дар ҳоле ки шимол бо даромади мавсимии баланд диққатҷалбкунанда аст”.

Илова бар ин, панҷ минтақае, ки сокинонашон бештар аз хона барои кор мераванд, вилоятҳои Маскав, Адигея, вилояти Ленинград, Чувашистон ва Мари Эл мебошанд.

Аксари довталабон аз соҳаҳои истеҳсолот, нақлиёт, идоракунии кадрҳо ва ҳуқуқ мебошанд.

Аммо омӯзгорон ва табибон аз ҳисоби барномаҳои дастгирии давлатӣ ҳаракати баланд нишон медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, пажӯҳиш коҳиши муҳоҷирати корӣ дар дохили кишварро ошкор кардааст, ки ба вазъи иқтисодӣ ва маъруфияти кори фосилавӣ марбут аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз роҳандозии телефони боварӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷиҳати қабули дархосту шикоят, инчунин гирифтани кумаки ҳуқуқӣ хабар дод.

Тибқи ин гузориш, акнун муҳоҷирони меҳнатӣ метавоанад барои ҳалли мушкилоти худ ба телефони боварӣ занг зананд ва кормандони намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар онро дар муддати кӯтоҳтарин баррасиву ҳал хоҳанд кард.

Манбаъ таъкидк кардааст, “Барои машварат ва роҳнамоӣ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, рафъи саривақтии он, қабули дархосту муроҷиатҳо, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст.”

Зикр гардидааст, ки телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар вақти корӣ аз соати 9:00 то 18:00 фаъолият менамояд.

Гуфта шудааст, ки телефони боварӣ ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Русия ва ғайра посух медиҳанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад