Болоравии қурби рубл ва коҳиши евро ва доллар дар Тоҷикистон

Қурби рубли русӣ, пас аз муддатҳо коҳишёбӣ билохира ҳафтаро бо болоравӣ оғоз кард. Вазъи евро ва доллар бошад, дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. 

Қурби рубли русӣ, пас аз муддатҳо коҳишёбӣ билохира ҳафтаро бо болоравӣ оғоз кард. Вазъи евро ва доллар бошад, дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.

Ба гузориши манбаъ:

Дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ пули русӣ якбора майли гаронӣ нишон дод. Он нисбат ба пули тоҷикӣ якбора 2,5 сомонӣ гарон шуд.

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло дар бозори арзи кишвар 1000 рубл 137 сомонӣ арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 133,5 сомонӣ арзиш дошт.

Асъори русӣ коҳишёбии беистро аз оғози сол сар карда, ахиран ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расида буд.

Аммо пули аврупоӣ, ки моҳҳои ахир боло мерафт, коҳиш ёфтааст. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон барои як евро 11,9827 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ қурби евро 12,0508 сомонӣ барои як евро буд.

Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ каме поин омадааст. Агар ду рӯз қабл бар ивази ҳар доллар 10.9146 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9142 сомонӣ медиҳанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.

Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9142 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.9827 то 12.3000 сомонӣ ва 100 рубли русӣ аз 137 то 140 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.

Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Пули русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон, ки ҳафтаҳои гузашта майли коҳиш дошт, дар оғози ҳафтаи ҷадид бидуни тағйир дар баробари сомонӣ боқӣ мондааст.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 ҳазор рубли русиро дар кишвар 133,5 сомонӣ муқаррар кардааст, ки баробари нишондоди охири ҳафтаи гузашта мебошад.

Қурби асъори хориҷии калидии дигар, аз ҷумла доллару евро дар баробари сомонӣ дар рӯзи аввали ҳафтаи ҷадид нисбатан боло рафтааст. Нархи доллари ИМА – 10.9137 сомонӣ ва евро – 12.0607 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки 1 доллари ИМА ба ивази 10.9137 то 10.9400 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.

Нархи евро зимни харид 12.0607 ва зимни фурӯш дар муассисаҳои молиявии ҷумҳурӣ 12.3 сомонӣ муқаррар гардидаст.

Арзиши миёнаи ҳазор рубли русии нақд дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 133.5 то 133.6 сомонӣ нишон дода шудаст.

Асъори русӣ коҳишёбии беистро аз 6 апрел оғоз карда, ҳафтаи гузашта то 132,5 сомонӣ барои 1 ҳазор рубл расид, ки поинтарин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ мебошад.

Дар зимн Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.

Таъкид гардидааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад