Оғози интихоботи парлумонӣ дар Қазоқистон

 Интихоботи фавқулоддаи парлумон ва шӯроҳо дар Қазоқистон аз соати 7 субҳ ба вақти маҳаллӣ дар саросари ин кишвар оғоз шудааст.

Интихоботи парлумон ва шӯроҳо дар Қазоқистон аз соати 7 субҳ ба вақти маҳаллӣ дар саросари ин кишвар оғоз шудааст. Аксари шӯъбаҳои ахзи раъй соати 7 субҳ боз шуданд, то беш аз 12 миллион шаҳрванд битавонанд то соати 20:00 ба вақт Остона ба номзадҳои мавриди алоқаи худ раъй диҳанд.

Ин интихобот бо дигар интихобот як фарқият дорад. Дар ин интихобот намояндагони парлумон ва шӯроҳо аз ҳамаи сатҳҳо дар як рӯз интихоб мешаванд. Ҳамчунин дар ин интихобот ду систем ба таври ҳамзамон истифода мешавад: таносубӣ (тибқи листи ҳизб) ва аксарият (бар асоси ҳавзаҳои интихобияи такваколатӣ). Пеш аз ин дар таърихи Қазоқистон, интихоботи парлумонӣ бо системи мухталит баргузор мешуд.

Қазоқистониҳо 98 намояндаи парлумонро интихоб хоҳанд кард, ки 69 нафар аз онҳо аз листҳои ҳизбӣ ва 29 нафар аз ҳавзаҳои интихобияи такваколатӣ ҳастанд.

435 кондид дар ҳавзаҳои интихобияи такнафарӣ вуҷуд дорад, ки номи онҳо дар баргаҳои раъй дигар дарҷ шудааст, ҳар ҳавзаи кондидоҳои худро дорад.

3415 намоянда барои шӯроҳо дар тамоми сатҳҳо (манотиқ, шаҳрҳои муҳим ва пойтахт, шаҳрҳо ва бахшҳо) интихоб хоҳанд шуд.

Шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд дар интихоботи фавқулоддаи парлумони Қазоқистон дар хориҷ аз кишвар ширкат кунанд. Дар ниҳодҳои дипломатики Қазоқистон дар 62 кишвари хориҷӣ, 77 маркази ахзи раъй эҷод шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад